Ҳазлҳои солинавӣ

№157 (3637) 31.12.2016

Ба қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ Дилшод Назаров:      

Медали ту туҳфае дар ҷашни Истиқлол шуд,

Дида неруи туро бадхохи миллат  лол шуд.

 

Парчами тоҷикро дар даҳр боло кардаӣ,

Сабт номи давлатат бар арши аъло кардаӣ.

 

 Ба раиси ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» Тоҷиддин Пирзода:

Номи туву бонки ту бо «тоҷ» шавад оғоз,

Беҳ он ки биё, гапро бисёр набидҳам ғоз.

Чун Юсуфи гумгашта, эй омада аз нав боз,

Қарзи ҳама баргардон то вазъ бигардад соз

 

Ба раиси «Агроинвестбонк» Муродалӣ Алимардон:

Эй бонк, дилам ҳамеша ғамнок кунӣ,

Сармояи ғункардаи ман хок кунӣ.

То кай ту ба ҷои додани маблағи мо,

Сад хонаю боғи меваю ток кунӣ?

 

Ба ифтихори ба истифода додани Маҷмааи  металлургии тоҷик дар ноҳияи Ёвон:

Буд Ёвон дар гузашта ҷойи гург,

Гашт акнун ҷойи кори металлург.

Метали Ёвон фаровон мешавад,

Нархи он торафт арзон мешавад.

Рӯйи ёвонӣ зи чанг ар шуд сияҳ,

Нест муҳтоҷ ӯ дигар бар Русия.

Фахри Русия агар кайҳон бувад,

Фахри тоҷик баъд аз ин Ёвон бувад.

Ҷумъаи МИРЗО,  Мирзо РУСТАМЗОДА