Ба истиқболи 90-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Ашӯр Сафар

Азми савгандқабо

№145 (3782) 07.12.2017

Ман дар ин шаҳр таваллуд шудаам.

Хуни нофам, ки дар ин мазҳари одобу ҳунар рехтааст,

Шуда буд бештар аз дигарҳо

Сабаби сурхии рӯйи падарам.

Магар он рӯз хабар дошт, ки баъд аз сари ӯ

Қисмати шоирӣ ояд ба сарам?

 

Огаҳ аз мартабаи шеъру шиор,

Модарам низ маро дӯст бидорад бисёр.

Модари то ба кунун ношуда дур

Аз сари дегашу аз гирди танӯр

Дар пазироии ёрони падарро маҳбуб,

Модари ҳамсари як шоири хуб.

 

Модари кампирам,

Модари таҷриба андӯхта дар роҳи ҳаёт.

Балки дар тарбияи фарзандон

Ранҷҳо дидаву шодию нишот,

Ҳамдаму ҳамдили худро чу ба хотир орад,

Пеши рӯ тарҳи ҷавонмардии шоир орад.

 

Модарам мегӯяд,

Ки гаҳе, лаҳзаи бисёрии кор,

Кори бар дӯши занон сахту гарон афтода,

Балки дар ҷодаю дар ҳотаи ин муштипарон

Кори чун печаку аҷриқи таре решадавон афтода,

Ҳамсари шоири ӯ бар мададаш мекӯшид,

Ёвари ҳозири ӯ бар мададаш мекӯшид.

 

Хоса, вақте ки хамири тараш аз гиряи ман

Бар сару бар басари тоқати ӯ мечаспид,

Падари солорам

Дафтару хомаи худ бигрифта,

Назди гаҳвораи ман меомад,

Бе ягон ҳарфи дилозор задан меомад.

 

Тоҷи илҳоми муборак ба сараш,

Нарму ором ба як даст маро меҷунбонд,

Бо дигар дар гузари сафҳаи пок

Қаламашро меронд.

Ҷои лолоии модар сари гаҳвораи ман

Пайи ҳам алладубайтӣ мехонд

Ва маро мехобонд.

 

Чорғовак чу равон гардидам,

Падарам пештар аз бӯсаи худ рехт рубоӣ ба сарам.

Ва гаҳе рӯйи ду по истодам,

Васфи ҳамқофия поҳои маро кард падар,

Чошнии сарам аз махзани табъи мавзун

Як табақ маснавии тоза баровард падар.

 

Роҳгардон шуданамро падари муътабарам

Ғазале кард равон,

Ки агар дар раҳи пурпечу хами зиндагиям

Ногаҳ аз пой биафтам,

Байтҳои ғазалаш зуд маро даст бигиранду ба по хезонанд.

Шеър агар ҳаст чу фарзанд, маро ашъораш

Ҳамдилу ҳамрагу ҳамхуну бародар хонанд.

 

Чун ҷавонмард шудам, қомати ман гашт баланд,

Падарам дасти дуо бикшода,

Гуфт дар хидмати мардони бузург

Ту ба монанди ҳамин боғ, ки ман парвардам,

Камари ҳиммат банд,

Ки туро низ чу ин боғ пайи хидмати халқ

Ман дар ин куҳнаватан парвардам.

 

Ёд дорам, падари шоири ман

Баъди ҳар лаҳзаи эҷоди суханҳои латиф

Назди худ хонда маро,

Ба як оҳанги ба худ хос ғазалҳояшро

Ҳамчунон равғани бодом ба гӯшам мерехт,

Гӯиё аз лаби ӯ

Савти борони баҳор аз шафати бом ба гӯшам мерехт.

 

Ва дар ин байн таги чашм ба ман менигарист

Чун ба як санҷишгоҳ.

Дар вуҷудам асари шеъри тараш месанҷид

Ҳамчу дар зеҳни намояндаи халқ,

Халқи хонандаи шеър,

Халқи донандаи шеър.

Асари шираи ҳар байту ибороташро

Агар ӯ дар дилу дар дидаи ман ҳис мекард.

Хешро одами даркори Ватан ҳис мекард.

 

Дар ҳақиқат падарам шоир буд,

Шоири моҳир буд.

Гарм пеши даҳанаш дар суханороиҳо,

Маҳфили чақ-чақи ӯ нодир буд.

Ончунон зиндатабиат буд ӯ,

Ки ба хандондани бераҳмтарин фард замон қодир буд.

 

Ҳар гаҳе ханда ба лаб дасттаконӣ мекард,

Метакид аз дили ҳамсуҳбати худ гардашро,

Гарди шодикуши номардашро.

Лутфи ӯро намаке буд, ки меёфт аз ӯ

Дами ханҷар нафаси хурмоӣ,  

Аз Худованд атояш шуда буд

Раъйи Мавлоноӣ,

Хоксорӣ- самари доноӣ.

 

Ман дар ин шаҳр, дар ин хонаи зебои падар,

Гоҳ дар рӯйи кати ҳавлии ӯ,

Гоҳ дар зери дарахтони пур аз себу анор,

Шоҳиди суҳбати мардони сухандон шудаам.

Хандаву шодияшон дидаву хандон шудаам,

Гиряву ҳасраташон дидаву гирён шудаам.

 

Дар муҳите, ки ҳавояш,  гулу садбарги тараш,

Токзору самараш,

Накҳати шеър ба бар карда буданд,

Ман калон гардидам,

Ин қадамҷойи азизони падарро охир 

Посбон гардидам.

 

Дар ҳамин ҳавлии пок,

Дар таҳи сояи ғафсидаи ток

Хати нуре, ки варо панҷаи барги ангур

Мекашид аз дили хуршеду ба мо мебахшид,

Оқибат кард маро нуршинос,

«Шеъри ангур»-шинос.

 

Пас, чу парвардаи ин мадрасаи рӯҳнавоз,

Хостам, чун падари хеш барорам овоз.

 

Ва дар ин ҷодаи аз солики худ нангталаб,

То нафас ҳаст, ба шаш ҷониби ин куҳнасаро

Ман бузургона ба чашмони хирад менигарам,

То ки созам зи худам шахси шабеҳи падарам.

 

Ва шудам ё нашудам мисли падар,

кист бигӯяд рӯшан

Ғайри он модари аз тинати нуронии ӯ  огоҳам? 

Ин суолест, ки дар чашми манаш мехонад

Модари бохабар аз пасту баланди роҳам,

Он раҳе, ки бибарад даргаҳи танҳоии ӯ

Баҳри побӯсии модар саҳару бегоҳам.

 

Нест рӯзе, ки чу як мунтазири лутфи Худо

Назди мом аз фани ахлоқи падаромӯзӣ,

Фани чун ӯ будан,

Имтиҳон наспорам.

Мисли Ошӯри Сафар гарчи шудан осон нест,

Ман дар ин раҳ қадаме сӯйи қафо нагзорам,

Азми савгандқабое дорам!

 Файзи Ашӯр