Бӯса бар парчам занем!

№142 (4248) 24.11.2020

ПарчамРешаи Заҳҳокро чун Кова, то барҳам занем,

Бо сари боло қадам дар арсаи олам занем.

Аз сари минбар сухан озод чун одам занем,

Мо на он бошем ба зону пеши душман хам занем.

Муттаҳид бо Пешво дар зери ин Парчам шавем,

Бар сари зону ситода, бӯса бар Парчам занем!

Мо ба Қуръону ба қонун мекунем савганд ёд,

Ҳамзамон, бо Парчами худ мо ба ихлоси зиёд.

Ҳар касе, қавлу қасам бишкаст, расво гашту рафт,

Дар қасам ҳар кас, ки содиқ монд, Эзидаш бидод.

Муттаҳид бо Пешво дар зери ин Парчам шавем,

Бар сари зону ситода, бӯса бар Парчам занем!

Гард гарду мушт муште боз мо бо ҳам шавем,

Қатраосо, зарраосо боз бо ҳам зам шавем.

Дар ҷаҳони нангу номусу набарди зиндагӣ,

Ҷонфидову сахтпаймон, ҷамъ як олам шавем.

Муттаҳид бо Пешво дар зери ин Парчам шавем,

Бар сари зону ситода, бӯса бар Парчам занем!

Мирзо РУСТАМЗОДА,

«Садои мардум»