Ба носипос

№109 - 110 (4215-4216) 09.09.2020

Ин олами зеборо,

Ин мулки дилороро,

Ин сулҳу мадороро,

Дирӯзи аламбору

Имрӯзи гувороро

Кӯрӣ, ки намебинӣ?!

Аз неъмати Истиқлол,

Аз давлати Истиқлол,

Ҳар дил ба наво ояд,

Аз Ваҳдати Истиқлол.

Рақсидани дилҳоро

Кӯрӣ, ки намебинӣ?!

Ғамҳост пароканда,

Лабҳост пур аз ханда.

Гардид зи нав имрӯз

Наврӯзи Аҷам зинда!

Ин базму тамошоро

Кӯрӣ, ки намебинӣ?!

Дунё ҳама дигар шуд,

Тоҷик музаффар шуд.

Лафзи хуши зебояш

Лафзи сари минбар шуд.

Дороии дороро

Кӯрӣ, ки намебинӣ?!

Дар кишвари озодем,

Дар кишвари ободем.

Озод сухан гӯем,

Озодаву дилшодем.

Шодии дили моро

Кӯрӣ, ки намебинӣ?!

Раҳҳои аҷаб зебо -

Пайвандгари дилҳо,

Пайваста чӣ соҳилҳо,

Пайваста чӣ манзилҳо.

Доноии доноро

Кӯрӣ, ки намебинӣ?!

Пурзӯр шуда тоҷик,

Машҳур шуда тоҷик.

Бо НОБ-и калону хурд

Пурнур шуда тоҷик.

Бозуи тавоноро

Кӯрӣ, ки намебинӣ?!

Мактаб чӣ фаровон шуд,

Матлаб чӣ фаровон шуд.

Дониш талабу илме

Имрӯз, ки арзон шуд.

Ин махзани маъноро

Кӯрӣ, ки намебинӣ?!

Ҳар дил зи фараҳ нозад,

Аз шодии пур бозад -

Ҳар рӯз бинои нав

Бо зеб қад афрозад.

Ин суръати эҳёро

Кӯрӣ, ки намебинӣ?!.

Бас кун ту дигар ғайбат,

Озод шав аз нафрат,

Шукрона бикун дигар

Бар ин Ватану Давлат!

Мулки чаманороро

Кӯрӣ, ки намебинӣ?!

Гурез САФАР