Ба таърих бо чашми хирад бингарем

№15 (3965) 07.02.2019

ё чаро ҳаракати босмачигарӣ расонаӣ шуд?

Чанд соли охир расонаҳои иттилоотӣ, хосса расонаҳои хориҷиву шахсӣ, ба мавзӯи ҳаракати босмачигарӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда истодаанд.

Албатта, ба таърих ва ҳодисаҳои муайяни он бо гузашти солҳо барои ошкор намудани ҳақиқатҳои ниҳонаш зиёиён, равшанфикрон борҳо назар мекунанду фарзияву хулосаҳои худро мебароранд. Аммо, агар таҳлилу андешаву хулосаҳо нодуруст бошанд, мардумро ба гумроҳӣ ва кӯчаҳои сарбаста мебаранд.

Мурод аз рӯ овардан ба ин мавзӯъ чист? Тарроҳони ин гурӯҳи муаллифон киҳоянд? То куҷо метавонанд «муваффақ» бишаванд? Аз ин ҳама киҳо «манфиат» мебардоранд? Бо ин амалҳои номатлуб манфиатҳои миллиро ҳимоя мекунем ва ё онҳоро зери по мениҳему баъдҳо аз даст медиҳем? Таърих, шахсиятҳои маъруфу ҳомиёни аслии миллат ва шоҳидони давр дар ин хусус чӣ андеша доштанду кадом мавқеъро барои худу миллат пазируфтанд? Ва ҳам саромадони асилу бонанги миллати мо дар оғози асри гузашта мардум, миллатро чӣ гуна раҳнамунӣ карданд? Саркардагону бавуҷудоварандагони ҳаракати босмачигарӣ киҳо ва аз куҷову ба чӣ мақсад омада буданд? Оё онҳо, воқеан, манфиатҳои милливу динии моро ҳимоят кардан мехостанд? Пушти ин пардаҳо чӣ бозиҳои пинҳон сурат мегирифтанд? Барои посух гирифтан ба ин пурсишҳо хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» Абдулқодири Раҳим, ба доктори илми таърих, профессор Иброҳим Усмонов муроҷиат намуд.

- Ҳар саҳифаи таърихи халқ аз он нуқтаи назар баҳогузорӣ мешавад, ки ба ояндаи халқ чӣ додааст? Чизҳои зебои зиёде метавонанд бошанд, ки натиҷаашон чандон зебо нест. Чизҳои зиёди дар зоҳир зишту бад ҳам ҳастанд, ки дар асл зебо ва натиҷаашон ба манфиати халқ мебошанд. Вақте ки мо ба таърихи солҳои 20-уми асри гузашта назар кардан мехоҳем, бояд ба ин масъалаҳо диққати ҷиддӣ бидиҳем.

Тарафи дигари масъала дар он аст, ки ҳамин воқеаи баамаломада чизи тамоман аз ақл берун буд ва ё шабеҳи воқеаҳои дигар? Дар таърихи башарӣ, на танҳо дар таърихи халқи тоҷик, ҳеҷ тағйироти сиёсие нест, ки бе хунрезӣ ба амал омада бошад. Ҳатто ҷорӣ шудани ислом дар Осиёи Миёна сари ҳазорон падар ва бобои моро хӯрдааст. Ҳеҷ кас бо хушӣ рафта, «Раҳмат, ки ба мо ислом овардед» нагуфтааст. Онро қабул кунонданд. Чунки ба ин шакл он дар оғоз барои мо чизи бегона буд. Вале мардуми тоҷик охирату оқибати он розӣ ҳастанд, розӣ аз он, ки ин дину фарҳангро пазируфтаанд. Он, ки имрӯз исломро баъзеҳо ба манфиати худ истифода бурдан, худашонро соҳиби ислом эълон кардан, халқро аз ислом маҳруму худро қариб пайғамбар эълон намудан мехоҳанд, ин чизи дигар аст. Вақте ки дар бораи ҳаракати босмачигарӣ ва Ҳокимияти Шӯравӣ сухан мегӯему андешаамонро баён мекунем, бояд ин меъёру натиҷагирӣ риоя бишавад. Ман мехоҳам шахсиятҳоеро ном бибарам, ки мероси онҳо барои мо бояд намуна бошад. Мутаассифона, дар мо шумораи одамон, дақиқтараш ҷавононе зиёд шудаанд, ки онҳо ин шахсиятҳо, бузургони моро шинохтан ва донистану қабул кардан ҳам намехоҳанд. Гумон мекунанд, аз он чӣ, ки бузургони мо медонанд, дониши ин гурӯҳ бештару беҳтар аст. Ба назари онҳо он чӣ, ки устод Садриддин Айнӣ, Сайидризо Ализода дар бораи воқеаҳои солҳои 20-уми асри гузашта гуфтаанд, нодурусту номукаммаланд, чунки бо маълумоту дониши ин гурӯҳ мувофиқат намекунанду дар зинаҳои поёнтар гӯё қарор доранд. Намеандешанд, ки ин устодон фарзандони ҳамон замон буданд. Ҳақиқатро диданд, дарёфтанд ва бо гузаштаи худ муқоиса карданду тафовуташро шинохтанд. Кадомаш беҳтар аст, ҳамонашро пазируфтанд. Чун ин ду шахсияти бузурги таърихиро ном бурдам, мехоҳам ба як масъала равшанӣ андозам. Сайидризо Ализода шахсе буд, ки дар Туркистон, дар ҳукумати он шуъбаи тоҷикиро ба вуҷуд овард. Дар ин ҳукумат миллатҳои асосӣ халқҳои туркии Осиёи Миёна — ӯзбекҳо, туркманҳо, қирғизҳо, қазоқҳо ба ҳисоб мерафтанд. Афғонҳо, яҳудиҳо, ҳиндуҳо ва ба ин монанд халқҳои хурду майда маҳсуб меёфтанд. Дар ибтидо номи тоҷик на дар рӯйхати миллатҳои асосӣ ва на дар миллатҳои майда набуд. Ализода аз мақомоти болоӣ дархост намуд ва муваффақ шуд, дар Ҳукумати Туркистон шуъбаи тоҷикӣ ташкил карда шавад. Ин шахсият мудири шуъбаи тоҷикӣ таъин шуд ва дар ин замина, расо сад сол пеш, моҳи апрели соли 1919, рӯзномаи тоҷикии «Шуълаи инқилоб»-ро таъсис дод. Бо нашри ин рӯзнома манфиатҳои халқи тоҷик ҳимоя ва соҳибӣ мешуданд.

Ба назари ӯ, ки яке аз беҳтарин шахсиятҳои давр буд, ҳаракати босмачигарӣ ҳаракати зиддихалқӣ маҳсуб меёфт, зидди миллати мо, мардуми мо, манфиати оммаи мо буд. Дар ин рӯзнома ва баъдтар дар асарҳояш устод Садриддин Айнӣ бар зидди ин ҳаракат сухан гуфтанд. Як силсила мақолаҳо таълиф карданд бо номи «Босмачиёни Фарғона кистанд?». Дар ин мақолаҳо хусусияту шахсияти ин босмачиҳоро муайян карданд: дузду ғоратгару одамкуш. Онҳо ҳатто меншевик нестанд. Бо амалҳои зишташон ба гурӯҳи хурде барои манфиатҳои муайян такя мекарданд. Ин ҳаракат охири соли 1919 на дар мо, яъне, дар Бухоро, балки дар Туркистон, ба вуҷуд омад.

Айни омодагӣ ба ин мусоҳиба, маҷаллае дар дастам афтид, ки дар бораи саркардаи босмачиҳои туркман Ҷунайдулло дар солҳои 20-уми асри XX нақл мекунад. Ҷунайдулло ҳини гуфтушунид ба намояндагони ҳукумати вақт шарт мегузорад, ки ӯ аз муборизаи мусаллаҳона даст мекашад, агар дар қаламрави Туркманистон давлати мустақил таъсис дода нашавад. Тафаккури давлатдориро бинед. Тафовут аз замин то осмон. Босмачиҳои наву куҳнаи мо бошанд, ҳамвора барои заиф гардондани давлат бо хориҷиҳо ҳамкорӣ намуда, инро «муборизаи озодихоҳӣ» вонамуд кардаанд.

Агар сухан дар хусуси бар зидди босмачиён гуфтани фарзандони бедори солҳои 20-ум ба миён биояд ва ба муқобилони ҳаракат ном бурда шаванду андешаҳояшонро ёдоварӣ бикунанд, тарафдорони ҳаракати босмачигарӣ изҳор медоранд, ки амалҳову мавқеъгирияшон аз рӯи талаботи давр, ё худ ҷонибдории сиёсати замон буд. Кӣ сиёсатро ифодаву ҷонибдорӣ намекунад? Кадоме аз ин шахсон, ки босмачигариро амали мусбат арзёбӣ мекунанду ба тарафдориашон сухан мегӯянд, сиёсатеро ҳимоя наменамоянд? Не. Онҳо ҳам ҷонибдори сиёсатеанд ва ин сиёсат дар навбати худ ба нафъи гурӯҳест, ки онро роҳандозӣ мекунад. Ба андешаи ман, мо бояд ба ҳисоб бигирем, ки ташкил шудани давлати Шӯравӣ, аз миён рафтани аморати Бухоро ба манфиати халқи тоҷик буд ё ба зарари он? Мо аз бунёд шудани ин давлат бояд розӣ бошем ва ё афсӯс бихӯрем, ки аморати Бухоро барҳам хӯрд? Агар аз давлати Шӯравӣ розӣ бошем, пас ҳаракати босмачигарӣ зидди ин давлат буд ва ба яқин, бад аст. Вале, агар афсӯс бихӯрем, ки аморати Бухоро маҳв гардид, пас ин ҳаракат нек мебошад.

Шахсан ман чӣ андеша дорам дар ин хусус? Тӯли солҳои 80-уми асри гузашта дар Афғонистон ба сифати муаллим чор сол кор кардам. Чӣ гуна будани зиндагии мардуми он кишварро дар он солҳо ва имрӯз хуб медонам. Дар деҳоти Афғонис­тон, дар деҳоти Эрон низ бисёр будам. Эрон нисбат ба Тоҷикистон дар гузаштаи дур, яъне то асри XX, давлати тараққикарда ба шумор мерафт. Вақте ки бо худамон онҳоро муқоиса мекунам, қаноатманд мешавем, ки давлати Шӯравӣ пирӯз шуд. Ин давлат ба мо имконияти обод кардани Ватанро дод. Устод Айнӣ дар мақолаи «Ҳукумати шӯравӣ ба мо чӣ дод?» менависад: «Ҳар чизе, ки барои зиндагии як миллат лозим буд, давлати Шӯравӣ ба мо дод». Вале аз он мо чӣ гуна истифода бурда тавонистем, масъалаи дигар аст.

Ба гуфтаи устод Айнӣ, барои мо давлат, мактаб, беморхона, марказҳои тиббӣ зарур буд, ҳукумати Шӯравӣ дод. Аз чӣ чизи додааш норизоиву ношукрӣ бикунем? Шахсиятҳои бедору огоҳи давр аз ин гуна имкониятҳо сари вақт ва пурсамар истифода карданд, аз ҷумла устод Садриддин Айнӣ. Масалан, ба дасти ӯ китобҳои «Таърихи адабиёти Эрон», «Таърихи адабиёти Озарбойҷон», «Таърихи адабиёти Туркия», «Таърихи адабиёти Тотористон» афтод. Ба ин хулоса омад, ки онҳо миллат шудаанд ва адабиёти миллаташонро ба вуҷуд оварда, муаррифӣ месозанд. Ба худ зарур шумурд, ки ин гуна як кори некро ба анҷом бирасонад барои миллат, шинохти бештару дурусти он. Ба ин хотир, ба навиштани «Намунаи адабиёти тоҷик» шурӯъ намуд, то ба исбот расонад, ки халқи тоҷик худ соҳиби адабиёт буд. Дар ин асари мондагор намунаи эҷоди онҳоеро ворид намуд, ки ба сифати тоҷик шинохта мешуданду аз онҳо ном мебурданд ва дар Мовароуннаҳр зиндагӣ мекарданд, яъне дар Осиёи Миёнаи имрӯза ва қисман дар Афғонистон ва ҳам Хуросони Эрон. Калимаи машҳуру зебои «тоҷик»-ро, ки дар миёни халқ машҳур буд, ба маънии миллату забон истифода бурд ва ба ҳимояи он бархост.

Дар ҳаракати босмачигарӣ ҳама гуна қувва буд. Тамоми миллатҳои Осиёи Миёна – тоҷикҳо, қирғизҳо, ӯзбекҳо, туркманҳо, қазоқҳо дар он иштирок карданд. Вале ғоя чӣ буд? Ва ин иштирок чӣ гуна буд?

Соли 1977 як намоишнома – пйесаи ман бо номи «Писари босмачӣ» чоп шуд. Ғоя ва хулосаам ин буд, ки босмачигарӣ ҳаракати бад аст, вале на ҳар кӣ ба он ворид гардид, душмани халқ мебошад. Дар ин ҳаракат одамоне ҳам буданд, ки ё ғалат карданд ё зери фишор монданд ё нафаҳмида шарики босмачиҳо шуданд. Вақте ки мо ҳаракати мазкурро маҳкум менамоем, ин гурӯҳро дар назар надорем. Сухан дар бораи саркардагон, идеологҳои он мебошад ва ҳам манфиатҳояшон. Ин намоишнома дар хусуси падари писарбачаест, ки барои озод намудану пешгирии ғорати деҳа дар ҳаракати босмачигарӣ иштирок кард. Албатта, ин кашфиёти ман нест. Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун ҳанӯз дар замони шӯравӣ дар романаш аз шахсоне сухан гуфт, ки ғалат карда, бо босмачиҳо ҳамроҳ гардиданд. Дар пйесаи «Хиёнат»-и Ҷалол Икромӣ низ ин масъала баррасӣ мешавад. Дар ин намоишнома образи асосӣ, марказӣ Асадмахсум- яке аз саркардагони ҳаракат аст. Вай дарк мекунад, ки шиори мо — миллати озоди Бухоро аслан барои мардуми Бухорову миллати тоҷик нест. Ин шиори коркардаву баровардаи бегонаҳо мебошад. Ӯ афсӯс мехӯрад, ки ба ин роҳ, роҳи ғалат рафт.

Идеологияи босмачигарӣ чӣ буд? Оё он мавриди қабул аст ё не? Барои рӯшан шудану дарёфти мақсад чанд нафарро ном мебарам: Анварпошо, Қароқизилпошо, Салимпошо, Юсуф Зиё, Сурайёафандӣ. Инҳо турканд. Осиёимиёнагӣ нестанд. Аз Туркияи онрӯза омадаанд ва дар Бухоро ҳаракати босмачигариро ба вуҷуд оварданд. Онҳо ба мо чӣ иртибот доранд? Баъзе бо даъво мегӯянд, ки Армияи Сурх ба мо бегона буд. Бигузор чунин бошад. Аммо ин туркон киҳоянд? Аз Туркия омада, ақидаву идеологияи туркиро дар Бухоро ҷорӣ кардан хостанд.

Онҳое, ки ба таърихи халқи мо таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, бояд як чизро нағз дар хотир дошта бошанд, ки шурӯъ аз солҳои 10-уми асри гузашта туркҳо кӯшиш ба харҷ доданд, ки забони халқҳои Осиёи Миёна – ӯзбекҳо, қирғизҳо, туркманҳо, қазоқҳо туркӣ бошанд. Забони худашонро ҷорӣ кардан мехостанд. Аммо ин халқҳо онро ба ҳеҷ сурат напазируфтанд. Ана ҳамон туркҳо моро ҳам турк кардан мехостанд.

Ҳадафи онҳо муттаҳид кардани мардуми туркзабон дар зери як парчам буд. Он вақт ҳамин гуна парчам амири Бухоро маҳсуб мешуд.

Акнун ба ин пурсиш бояд посух бигӯем, ки «Амири Бухоро кист?». Баъзеҳо аз он ифтихор мекунанд, ки дар замони ҳукмронии амирони Бухоро забони мо, яъне тоҷикӣ, забони давлатӣ буд. Ва агар ин аморат боқӣ мемонд, забони мо чун забони давлатӣ баробари он пойбарҷо мемонд. Мутаассифона, ин гуна пиндор ғалат ва он хаёли хом мебошад. Як мисол меорам. Соли 1742 Афғонистони имрӯза аз Эрон ҷудо шуду худро давлати Хуросон эълон кард. Бунёдгузорони давлат пашту буданд, аммо забони давлатиашон дарии форсӣ ба шумор мерафт. Соли 1801 ин давлатро Афғонистон номиданд. Оҳиста-оҳиста дар ин кишвар гуфтугӯи ғайридарӣ ҳам пайдо шуд. Соли 1936 забони пашту забони дуюми Афғонистон гардид. Баъди сӣ сол, яъне солҳои 60-ум масъала гузоштанд, ки пашту бояд забони якуми ин кишвар бошад. Мавқеи дарӣ танг шуд. Ҳатто дар даврони ҳукмронии Довудхон барои онҳое, ки бо забони пашту гап мезаданду фаъолият мебурданд, маоши иловагӣ ба андозаи афзудани 25 дарсад муқаррар карданд. Яъне, дар Бухоро низ ҳамин ҳолат ба вуҷуд меомад ва мавқеи забони тоҷикиро тангтар менамуданд.

Дуруст аст, ки дар аввали солҳои 20-уми асри гузашта забони Бухоро тоҷикӣ буд. Аммо набояд аз ёд бурд, ки бо таъсиси Ҷумҳурии халқии Бухоро имкони фаъолияти забонро танг намуда буданд. Ин, албатта, пеш аз зуҳури ҳаракати босмачигарӣ татбиқ шуда буд. Аллома Аҳмади Дониш дар асарҳояш Бухороро чун давлати манғития ном мебарад. Яъне, нагуфтааст, ки ҳукумати тоҷикии Бухоро. Агар чунин мебуд, Аҳмади Дониш онро бо ифтихор таъкид мекард.

Туркҳое, ки ба ин кишвар омада буданд, аз ҷиҳати миллат ба манғития наздикӣ доштанд ва аз ҷиҳати сиёсӣ зидди давлати русӣ ин ҳаракатро созмон додаву пеш мебурданд. Ҳаракати босмачигарӣ ҳамчун ҳаракати мардуми ба ақидаи туркпарастӣ иттиҳод сабт шудааст. Туркпарастӣ на танҳо ба зарари мо – тоҷикон, балки ба зарари ӯзбекҳо, қирғизҳо, қазоқҳо, туркманҳо ҳам буд. Дар дусад соли ҳукмронияш ин давлати манғития дар тамоми қаламрав, яъне дар Осиёи Миёна чизе насохт. Таърих бар ин гувоҳ мебошад, албатта, ба ҷуз бунёди чанд мадраса дар Бухоро. Ҳатто дар маҳалҳо мадрасаҳо пайдо нашуд, балки онҳоро бунёд накарданд. Ва низ масҷидҳои калон, роҳ, пул, табобатхона дар ин давр пайдо нашуданд. Ба ин тариқ, дар 200 сол давлати амирӣ чизе насохт, ба пешрафту рушду тараққӣ рӯ наовард, вале дар давоми 50 сол ақаллан роҳҳову пулҳои одии рафтуомадро сохтем-ку. Имрӯз, яъне дар замони истиқлол иншооти бошукӯҳ бунёд намудем. Бояд эътироф бикунем, ки нахустин тарҳи онҳо он замон ба вуҷуд омаданд. Агар ҳаракати босмачигарӣ пирӯз мешуд, оё мо метавонистем, ки соҳиби давлат, мактаб, беморхонаҳо ва дигар иншооти муҳим бигардем? Аз соли 1920 то ба соли 1990 дар Осиёи Миёна он қадар иншооте бунёд ёфтанд, ки дар Афғонистон ба ин миқдор сохта нашуданд, дар Эрон низ. Яъне, ин дар натиҷаи шикаст додани босмачигарӣ буд. Агар онҳо пирӯз мегаштанд, мо соҳиби ин гуна дастовардҳо шуда наметавонистем. Ҳатто дар номаи амири Бухоро ба Лигаи миллатҳо, ки бисёр вақт тарафдорони ҳаракати босмачигарӣ аз он иқтибос менамоянд, аз бунёди иншооте ба хотири обод кардани мамлакаташ ёдовар намешавад. Пештар саркардагони ин ҳаракатро, ки турк буданд, ном бурдам. Акнун қӯрбошиҳои худамонро ном мебарам: Иброҳимбек, Авлиёқулбек, Дониёримоқ, Қарахонбӣ, Туғайсарӣ. Инҳо аз ҳамон қабилҳоянд ва ҳамон идеологияро ҷонибдорӣ ва ҳамон рӯҳияро ифода мекарданд.

Аз он замон дур шудем. Мо насли навем. Аммо натиҷаҳои бади он замон ва тарафдорони ин ҳаракатро аз падарону бобоёнамон шунидем. Наход суханони кӯчагии ин одамоне, ки дар он даврон назистанд ва ҳақиқати ҳолро шоҳид набуданду Худо медонад чӣ хондаанду донистаанд, аз хулосаҳои дурусту дақиқи онҳо муҳимтару баландтар бошанд? Дар ин замина, ман ба ду чиз ишорат кардан мехоҳам. Се китоб аст. Дар бораи ҳамон замон ва ҳодисоти рухдода маълумот медиҳад. Яке аз аз онҳо «Таърихи нофеъ»- и Муҳаммадалӣ ибни Муҳаммад саиди Балҷувонӣ аст. Ин муаллиф тарафдори давлати шӯравӣ набуд, вале ҳақиқатеро баён доштааст, ки мо тарафдори онем ва дар ин хусус сухан кардем. Ӯ таъкид ва шукр менамояд, ки ҳаракати босмачигарӣ ғалаба ба даст наовард, вагарна мулкро хароб месохт.

Тарафдорони ин ҳаракат ба маълумоти китобҳое такя мекунанд, ки аз тарафи туркҳои ба ин ҷо омада таълиф гардидаанд. Яке аз ин китобҳо «Таърихи Туркистон» мебошад. Маълум аст, ки китоб ба манфиати ин ҳаракат ва саркардагонашон навишта шудааст. Барои ин тарафдорон на навиштаҳои устод Айнӣ, Сайидризо Ализода ва дигарон қимат дорад, балки навиштаи туркҳои ба ин ҷо омада муҳимтару асоситару дурусттар мебошад. Аз китоби Тӯғон Валидов «Шӯриши босмачиён» ё аслан «Қиёми босмачиён» низ истифода мебаранд. Тӯғон Валидов кист? Собиқ котиби якуми Ҳизби коммунисти Бошқирдистон буд. Барои миллатчигии зиддитоторӣ ӯро маҳкум карданд. Валидов ба Осиёи Миёна омад ва ҳамфикронашро муттаҳид намуда, хост ҳизби коммунистони мусулмон ва баъд давлати мусулмонӣ ташкил бикунад. Чун муваффақ нагардид, ба ҳаракати босмачигарӣ дохил шуду ба як гурӯҳи он роҳбарӣ намуд. Ин ҳаракат вақте шикаст хӯрд, гурехта ба Туркия рафт. Дар университети ин кишвар муаллим шуд ва воқеаҳои ҳамон солҳоро аз назару мавқеи худ ба қалам дод. Инчунин, иштироки туркҳо ва хонадонҳои онҳоро дар Бухоро ва ин ҳаракатро тасвир намуд. Пулу силоҳро барои онҳо ба хотири ҷангу пирӯзӣ ва ташвиқу тарғибашон аз хориҷи кишвар: Туркия ва Англия мефиристоданд. Ӯ таассуф аз он мехӯрад, ки аз ҳама имконоти фароҳамоварда истифода карда натавонистанд ва дар натиҷа шикаст хӯрданд. Ба ин тариқ, инро тарафдорони ҳаракати босмачигарӣ ҳаракати озодихоҳӣ медонанду баҳо медиҳанд ва ворид шудани Ҳукумати Шӯравиро зулму истисмор. Ин гуна нест.

Ҳар сол бо амри золимонаи аъзои девони қӯшбегӣ, масъулони андозҷамъкунӣ ба минтақаи кӯҳистони Бухорои Шарқӣ сарозер мешуданду мисли мӯру малах ҳамаро мерӯфтанд. На мушти ғалла мемонду на як сар гову гӯсфанд. Низоми андоз­бандиро устоди зиндаёд Айнӣ дар романи «Дохунда» тасвир кардааст. Барои бардасозии инсонҳо аз нақшаҳои шайтонии чоряккориву қарздеҳӣ суиистифода мекарданд. Дар қатори молу чорво, ин гурӯҳҳои ҳаросафкан, ки ҳеҷ фарқе аз роҳзанҳо надоштанд, хилофи каромати инсонӣ, ба одамрабоӣ низ машғул мешуданд.

Осиёи Миёна ба сабаби ихтилофҳои зиёде, ки дошт, дар нимаи асри XIX ба ду қисмат ё давлат ҷудо шуда буд: Яке бо номи давлати Туркистон ба ҳайати Россияи подшоҳӣ даромад. Ба ин давлат водии Фарғона, Самарқанд, Тошканд, тамоми Туркманистон, Қарақалпоқистон, Қирғизистон, Қазоқистон дохил мешуд. Қаламрави Бухоро давлати алоҳида маҳсуб мегардид. 48 дарсади тоҷикон дар Туркистон буданд. Бештари тоҷикон дар қаламрави Бухоро сукунат доштанд. Дар Туркистон тоҷикон ҳеҷ гуна қудрат надоштанд. Онҳоро ҳамчун миллат эътироф низ намекарданд. Баъдтар ба туфайли як гурӯҳи олимони варзидаи рус, ба монанди Хаников, Бартолд, Шишов, Павлов тоҷикон эътироф шуданд.

Дар Бухоро забон тоҷикӣ буд, аммо дар Туркистон забон туркӣ.

Ба андешаи ман, ки дар ин маврид яку бетағйир аст: он бародарон ин гуна китобҳои ба тарғибу ташвиқи ҳаракати босмачигарӣ таълифёфтаро нахонанд. Бе ин ҳам онҳо чун дар хусуси ҳаракати мазкур нахонда сухан мекунанд. Натиҷаашро бинанд. Чӣ натиҷа дод шикасти ин ҳаракат? Ва ҳатто ба Афғонистони ҳозира ҳам пешрафти моро муқоиса кунанд. Агар ҳаракати босмачигарӣ пирӯз мешуд, чӣ натиҷа ба бор меовард? Дар Афғонистони имрӯза лозим шуда истодааст, ки халқи тоҷик соҳибмамлакат будани худро ба ҷангу ҷидол исбот намояд. Ҳол он ки бо таъсиси давлати Хуросон, тавре пештар изҳор доштам, тоҷик буданаш аён буд. Вале дар Бухоро тоҷику паштуро тоҷику пашту намегуфтанд. Ҳамаи халқҳои дигарро ҳам ба номи турк ёдоварӣ мекарданду ба забон меоварданд.

Забони давлатиро қасдан форсӣ мегуфтанд, то ки бегона будани ин забонро барои Осиёи Миёна таъкид намоянд, на барои он ки форсӣ машҳур аст. Дар Бухорову Самарқанд маҳаллаҳои алоҳидаи форсҳо буд, ки онҳоро порсиён мегуфтанд. Ҳамин тавр, бо ном бурдани забони форсӣ забони ин мардумро дар назар доштанд. Ин ҳамаро шикаста, аслро бар ҷойи худ монда, мардуми тоҷик, ӯзбек, қазоқ, қирғиз, туркман, бигзор бо ёрии аскари сурх ҳам бошад, системае ба вуҷуд оварданд, ки дар он манфиатҳои миллиашон ифода мешуданд, мепиндорам, ки чизи хуб аст. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ иброз дош­танд, ки Инқилоби Октябр ба ташкилшавии давлати шӯравӣ заминаи аввали истиқлолиятеро гузошт, ки соли 1991 соҳиб шудем ва ҳамаи имконоту пешрафти мо ба ҳамин давлати пешин вобастагӣ дорад.

Оё Тоҷикистон агар дар ҳамон даврон дар системаи советӣ якҷоя намебуд, имкони даст овардани истиқлолият ба вуҷуд меомад? Албатта, не! Мо, ки қисми таркибии давлати Шӯравӣ будем, бо барҳам хӯрдани ин давлат имкони истиқлолиятро ба даст овардему ба ин натиҷаи неку назаррас расидем. Давлати Шӯравӣ як қадами мусбат барои расидан ба истиқлолияти имрӯзаи мо буд. Ин ба он сабаб пойдор монд, ки ҳаракати босмачигарӣ шикаст хӯрд. Ва мардум дарк кард, ки босмачиҳо на дӯст, балки душманони халқи мо ҳастанд, барои на танҳо тоҷикон, балки барои ҳамаи халқҳои меҳнаткаши Осиёи Миёна.

Аксар вақт дар бораи чӣ нағзу чӣ бад зиёӣ сухан мегӯяд. Дуруст аст, ки зиёӣ ақли халқ, миллат аст. Аммо зиёиҳои мо бояд барои худ дарк кунанд, ки солҳои 1991 – 1993 дар муқобили зуҳуроти номатлуби давр, қувваҳои иртиҷоӣ овоз баланд карда тавонистанд? Имрӯз чӣ даъво мекунанд?

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хатареро, ки аз ҳаёҳуйҳо ба сулҳи тоҷикон меравад, возеҳ дар Паёми навинашон ба Парлумон ироа карданд: «Мо даҳшати ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузаштаро, ки душманони миллати тоҷик ба сари мо таҳмил карда буданд, ҳаргиз фаромӯш намекунем ва ба итминон изҳор медорем, ки мардуми мо дигар ба доми душманону бадхоҳони миллат, ки то ҳанӯз аз ҳадафҳои ғаразноки худ даст накашидаанд, гирифтор намешаванд». Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хатареро таъкид карданд, ки: «Дар шароити ҷаҳони пурҳаводиси муосир бисёр муҳим аст, ки ҷавонони мо мисли солҳои 90-уми асри гузашта, фирефтаи таблиғоти неруҳои ифротгароии динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик нагарданд. Ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик ва давлати тоҷикон омода бошанд».

Ин таъкиди Президенти кишвар ба он вобаста аст, ки дар замони ҳозира «хатари терроризм ва экстремизм дар ҷаҳон афзоиш ёфтааст».

Ташвише, ки Пешвои миллат аз вазъияти ҷаҳони муосир, аз ҷумла: «Кӯшишҳои аз нав тақсимкунии ҷаҳон, мусаллаҳшавии бошитоб, қудратталабӣ… ҷаҳонро ба марҳалаи нави ҷанги сард кашониданианд» доранд ва муносибати дурбинонаашон ӯ нисбат ба ин воқеаҳо чунин ақидаро пеш овард, ки: «Диққати асосӣ бояд ба пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ба Ватан баргардондани шахсони гумроҳшуда равона карда шавад».

Ман душманони ҳам ин давлат ва ҳам он давлатро аз наздик дида будам, бо онҳо суҳбат низ доштам ва онҳоро бисёр хуб мешиносам. Як қиссае навишта будам. Қаҳрамонаш яке аз мӯйсафедҳои ҳамсояамон буд. Ӯ ҳеҷ намехостааст, ки узви колхоз бишавад. Муллоҳо онҳоро чунин фатво медоданд, ки аъзо нашаванд, агар як дасту пояшонро буранд. Дар сурати буридани ҳар ду дасту по чун узвиятро бипазиранд, гунаҳгору кофир намешаванд.

Бо шикасти ҳаракати босмачигарӣ даштҳои бекорхобида аз худ шуда, онҳоро шодоб сохтанд. Аз як деҳа ба деҳаи дигар сохтани роҳ оғоз шуд. Мактабҳо бунёд шуданд. Марказҳои тиббӣ таъсис ёфтанд. Дар маҷмӯъ, натиҷа мусбат буд. Ман гумон мекунам, онҳое, ки ин ҳама ҳангомаву ҳаёҳуйро дар атрофи ҳаракати босмачигарӣ ба вуҷуд овардаанд, дар суроғу талаби манфиатҳои худ ҳастанд.

Албатта, ман ҳам мехоҳам, ки ҳақиқати таърихӣ ошкор ва бойгониҳо кушода шаванд. Кушодану дастрас гардидани бойгониҳо дар ҳеҷ сурат ба манфиати онҳо нахоҳад буд, балки даҳшату ваҳшат ва куштори бераҳмонаву ғорату дуздиву фаҳши босмачиҳоро ошкор месозанд. Бойгониҳо дар Тоҷикис­тон нестанд, дар Маскаву Санкт – Петербурганд. Аз ин рӯ, мо бояд аз он шукр кунем, ки саҳифаи таърихи шӯравии мо саҳифаи мусбат буд. Ва он барои боз ҳам беҳтар шудани сарнавишти халқи тоҷик дар замони истиқлолият заминаи хубе гузошт. Ба туфайли ин саҳифа миллати тоҷик дар Осиёи Миёна эътироф шуд. Бисёр халқҳое ҳастанд, ки аз мо ба шумора зиёдтаранд, аммо дар солҳои 20 – ум, дар замони тақсимоти дунё пуштибон, ки надоштанд, миллат шуда натавонистанд. Масалан, курдҳо. Онҳо қариб 50 миллион нафаранд, лекин миллати курд, давлати курд нест. Мо ба туфайли воқеаҳои солҳои 20 – уми асри гузашта соҳиби забону давлат гардидем. Аз ин зиёд боз чӣ мехоҳем? Бахти баланд моро ёр гардид. Вазифаи насли имрӯзаи мо, зиёиёни мо иборат аз он аст, ки ба таърих, ба гузашта ва ҳодисоти он бо чашми хирад нигаранд. Агар ба чашми хирад, ба чашми адолат нигоҳ кунанду ҳақиқатро дуруст дарёбанд, ҳаргиз дар хусуси он бадгӯӣ намекунанд.

Босмачиҳо силоҳе буданд, ки барои аз ҳаракат боздоштани чархи таърих истифода шуданд. Яъне, мехостанд Аморати Бухороро пойдор нигоҳ доранд. Аморат, ки мемонд, халқи қашшоқ боқӣ мемонд. Миллатҳо мустақил намешуданд, «миллати ягонаи ислом» барояшон кифоя буд. Ин «миллати ягона» чӣ қадар миллату халқиятҳоро аз байн бурд, таърих фаромӯш накардааст. Вай ба мавҷудияти тоҷикон ҳам таҳдид мекард, мехост номи тоҷик аз рӯйи замин рӯфта шавад. Сарзамини ин халқ ҳамеша бе номи миллат як ҷузъи хурди давлати бегонагон бошад.

Босмачиён фиреб додан мехостанд, ки халқи меҳнаткаш дӯстро аз душман фарқ накунад. Бо корбурди истилоҳи «ислом» ва ба он муқобил гузоштани вожаи нописанди «кофир» мехостанд мардумро гумроҳ намоянд ва аз он ҳукумати наве, ки бунёд мешуд, дур созанд, зеро дар таблиғашон амир мусулмон буду душманони амир кофир.

Дар назари босмачипарастон мардуми озодихоҳи Бухорову Туркистони аввали асри XX, онҳое, ки баъди ҳазор сол аз нав давлатдор шуда, халқашонро — тоҷикро номдор, давлатдор ва забондор кардан мехостанд, гӯё бегонапараст буданду бо пулу ёрии русҳо ба мақсади худ расидаанд, аммо босмачиҳо «мусичаи бегуноҳи худӣ» будаанду ёрии молӣ, пулӣ, силоҳ аз хориҷиҳо – англисҳо, туркҳо, белогвардейтсҳои рус гирифтаи онҳоро касе намедонад, гӯё ба камонғӯлак ҷанг карда бошанд. Наход каси содае бошад, ки бовар кунад, ки босмачиҳои идеологияи ғайритоҷикӣ ва ғайримиллидошта қотил не, навозишгару парастори халқу миллати мо бошад.

Воситаҳои ахбори оммаи Британияи Кабир дар он замон Иброҳимбекро шоҳзода (Prince Ibrahim-Bek) номида, бо ҳар роҳ таъриф мекард. Таърихшиносон низ иштироки ҷосусони британиёиро дар ҳамкорӣ бо ҳаракати босмачиён рад намекунанд. Айни замон хотираҳои кормандони разведкаи ҳарбии Британия, ки ҳамон вақт фаъолият менамуданд, ифшо гардидааст.

Бо истинод ба ин иттилоъ, кумаки босмачиҳо бо сиёсати умумии зиддишӯравӣ, ки аз ҷониби Форин Оффис (Вазорати корҳои хориҷӣ) ва мақомоти разведкавӣ амалӣ мешуд, вобастагӣ дошт. Ба нишондоди онҳо, ҳаракати гвардиячиёни сафед дастаи босмачиҳоро бештар дастгирӣ мекардааст. Бар замми ин, ҳаракати болшевикҳо бозиҳои хатарноки дуҷонибаро дар ин қазия пеш мебурд ва ғайримустақим ба афроди алоқаманди Иброҳимбек, ки нақшаҳои зиддишӯравӣ дошт, хабар медоданд, то сари вақт аксуламал нишон диҳад.

Ба ақидаи олими тоҷик М. Эркаев роҳбарият ва ҳайати қатории босмачиҳо, аз ҷумла аъзои гурӯҳи Иброҳимбек аз ҷониби низомиёни англис ва афсарони хадамоти разведкавӣ, ки барои идоракунӣ, банақшагирӣ, масъалаи молиявӣ масъул буданд, ҳамоҳанг карда мешуд. Аз ҷониби дастурдиҳандаҳои британиягӣ тарзи фаъолияти хоси тахрибкорӣ (Do it myself — ҳамчун ман бошӣ), омӯзонда мешуд. Босмачиҳо бо милтиқ, пулемёт ва дигар аслиҳа аз анборҳои ҳарбии Британия таъмин мегардиданд. Ба фикри Эркаев, бинобар бесаводии мутлақи Иброҳимбек, ӯ иқтидори ташкили тамринҳо ва истифодаи имкониятҳои ҳарбиро надошт.

Ҳамон иштибоҳи такрориеро ба ёд меорад, ки ҳизби мамнӯи террористии наҳзат дар шароити кунунӣ ба абзори дасти хадамоти махсуси кишвари хориҷӣ табдил ёфтааст.

Таърих ҳақиқатро мепарастад. Бузургии ин илм дар он аст, ки вақте гузаштаро меомӯзем, имрӯз дақиқ ва оянда муайян мешавад. Тавре маълум шуд, босмачигарии ҳаракати зиддимиллӣ, зиддитоҷикӣ буд. Тавассути пул, мол ва пуштибонии маънавии бегонагон – душманони миллати тоҷик ташкил шуда буданд. Ҳоло ҳам айнан ҳамин тавр аст. Дар ин ҷо сирри дигаре нест. Ва буда ҳам наметавонад. Оне, ки наҳзатиҳо босмачигариро тарғиб мекунанд, барои мардум айни муддаост. Хуб аст. Зеро акнун худи онҳо бо забони хеш ниҳод, ҷаҳонбинӣ, маънавиёти худро фош мекунанд. Он коре, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ карданд, айнан як намуди ҳаракати босмачигарӣ дар шароити нав буд. Ҳамон қатл, ғорат, одамрабоӣ ва ғайра. Маҳз барои ҳамин мардум, махсусан ҷавонон, бояд ҳушёр бошанд. Касе ҷонибдори босмачигарӣ аст – ҷонибдори ҳаракати «Давлати исломӣ» аст, ки намунаашро мо дар Ироқу Сурия мебинем. Дигарбора набояд мардум гумроҳ шавад.

Дар китоби рӯймизии ҳар тоҷики оқил «Маснавии маънавӣ» омадааст: «Эй бародар, барои он ки худро бишносӣ, ки аз кадом ҷинсӣ, хуб ҳастӣ ё бад, нигоҳ кун, ки ҷазби чӣ чиз мешавӣ ва ба сӯйи кӣ меравӣ ва аз суҳбати чӣ касе масрур мегардӣ ва хулоса, бингар, ки бо кадом гурӯҳӣ». Ё ба иборати дигар:

 Гар ба Ҳомон моилӣ, ҳомониӣ,

Гар ба Мӯсо моилӣ, субҳониӣ.

Ононе, ки босмачипарастӣ мекунанд, мардуми содаеро, ки аз ҳақиқат камтар хабар доранд, ба фиреби ҳимояи ислом ҳамчун «муҷоҳид» ба сари халқҳои мусулмони Ироқ, Либия, Сурия, ҳатто қисматеро ба Афғонистон равона карданд ва ин мулкҳои оромро ба қӯрхонаи оташи ҷанг гирифтор карданд, боз чӣ мехос­та бошанд?

Ҳофизоне, ки имрӯз боз бо ин оҳанг суруд мехонанд, гумон мекунанд, ки халқи имрӯзаи тоҷик, мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол дар фаҳмиши сиёсат ҳамон кӯдаки сад сол пеш аст, ки ба торҳои имрӯз танидаашон гирифтор мемонад. Хестед, ки хобед.

Ман суханеро, ки дар аввалҳои наздик омадани сулҳ дар Тоҷикис­тон раиси Комиссияи оштии миллӣ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ гуфта буд, ёд меорам: «Бале, хеле куштем, хароб кардем, акнун бояд саъй кард, то эҳё кунем, обод кунем.» (Муҷаддиди аср, саҳ. 31). Чунин эътироф барои тамоми наҳзатиҳо, аъмоли онҳо дарс ва барои мардуми тоҷик ҳушдор бошад, ки дигарбора дӯстро аз душман фарқ кунем. Давлате созем, ки дар он маънавиёти миллати тоҷик, ҷаҳонбинии миллии мо арзишманд бошад, на ҷаҳолат ва бозгашт ба зулмоти асримиёнагӣ, ки наҳзатиҳо бо дастгирии аҷнабиён дунболи он мегарданд.

Бознашр аз рӯзномаи  «Ҷумҳурият», 31 январи соли 2019, № 24