Байни драматургон ва коргардонҳо ҳамкорӣ зич бояд бошад

№25 (4131) 25.02.2020

Тибқи иттилои Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, чанде пеш вазъи кунунии театри тоҷик ва драматургияи муосир мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар он масъулони соҳа, ҳунарпешаҳои театрҳои касбӣ, драматургон, коргардонҳо ва мунаққидон роҷеъ ба мавзӯъҳои мубрами марбут ба фаъолияти театрҳо, аз ҷумла, «Мушкилот ва пешомадҳои драматургияи тоҷик дар замони Истиқлолият», «Ҷустуҷӯй ва ковишҳо дар асарҳои драмавӣ», «Андешаҳо перомуни репертуари театрҳои кишвар», инчунин «Драматургия ва мақоми он дар ҷомеа» ибрози назар карданд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки барои таҳияи асарҳои барҷаста, ки инъикосгари ҳаёт ва дастовардҳои солҳои истиқлолият бошанд, минбаъд байни драматургон ва коргардонҳо ҳамкории зичро ба роҳ мондан зарур аст. Шомил намудани намояндаи бахши драматургияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба шӯрои бадеии театрии Вазорати фарҳанг, таъсиси нашрияи театрӣ, ташкили фестивалҳои байналмилалии театрӣ дар кишвар аз ҷумлаи таклифу пешниҳоде буданд, ки зимни ҷаласа ироа гардид.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»