БАР ХОСУ ОМ МУБОРАК!

№88 (3389) 27.06.2015

Озодакишвари ман, ҳусни тамом муборак,

Таҷлили Рӯзи Ваҳдат бар хосу ом муборак!

 «Ояд садои Сомон аз моварои таърих: »

Мероси ман ҳалолат, рабту низом муборак!

Ҳастӣ ту ифтихорам, халқи бузургворам,

Дар олами тамаддун  ин эҳтиром  муборак!

Бикшода лаб ба таҳсин халқи тамоми олам,

Дар хайли некномон моро мақом муборак!

Рушду нумуи давлат, нашъунамои миллат,

Покизатинатонро ҳар субҳу шом муборак!

Дар сарзамини тоҷик ҳар рӯз тӯю сур аст,

То ҳаст дори  дунё базми давом муборак!

Хумхонаҳои тавҳид бикшода дар ба рӯям,

Мирзои хушнаворо  маъшуқу ҷом муборак!

 Диловари МИРЗО