Бардошт ва таманниёти солинавии зиёиён

№1 (3302) 01.01.2015

Дар остонаи Соли нави мелодӣ ба ҳукми анъана  даромадааст, ки ба соли сипаригардида  назар андозем ва онро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳем. Бидуни шакку шубҳа метавон гуфт, ки соли 2014 барои мардуми Тоҷикистон  соли бобарор, созандагиву бунёдкорӣ  ва вусъатёбии  раванди худшиносиву худогоҳии миллӣ буд. Ба суоли хабарнигорони рӯзнома бобати бардоштҳояшон аз соли 2014 ва таманниёташон дар соли 2015 чеҳраҳои шинохтаи кишвар чунин посух доданд:

Гулназар — Шоири халқии Тоҷикистон:

- Ҳар сол, ки аз умри мо мегузарад, бар замми он ки  осори  бад ё неки худро мегузорад, як соли умри моро бо худ мебарад.  Ман дар солҳои ҷавонӣ ин  байтро бисёр мехондам:

Ҳар чӣ мехоҳӣ бубар, аммо зи ман

Боз як соли ҷавониро мабар.

Ман гумон мекунам, ки дар зиндагии ҳар кас як сол  марҳилаи тӯлонист.  Барои ман  имсол  бисёр соли босамар буд. Бо мардум вохӯриҳои зиёд доштем. Аз ҳама санаи муҳим дар ин сол  бароям  20- солагии Суруди миллӣ буд, ки ман муаллифи он ҳастам. Дар соли оянда ва минбаъд низ мо бояд барои баҳри боз ҳам болотар рафтани обрӯву эътибори кишварамон саҳмгузор бошем.

Мирзо ФАЙЗАЛӢ - Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, мудири шуъбаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат:

-Соли 2014 бо дастгирии раиси шаҳри Ваҳдат маҷмӯаи адибони минтақа аз чоп баромад. Адибони мо дар ҳамаи чорабиниҳои фарҳангиву сиёсиву адабии шаҳр фаъолона иштирок намуданд. Ҳамчунин онҳо ба дигар минтақаҳо даъват мешаванд. Барои мисол, адибони шаҳр ҳамин сол дар чорабиние, ки дар шаҳри Турсунзода гузашт, иштирок карданд. Камина ва шоир Нуриддин Амриддин дар ноҳияи Темурмалик дар ҷашни Рӯзи забони давлатӣ  иштирок кардем. Вохӯриҳо хеле диққатҷалбкунанда ва хотирмон буданд. Мулоқоти мо бо мактаббачагон таври доимӣ сурат мегирад. Дар корхонаву муассисаҳо низ чунин аст. Соли 2014 барои аҳли адаби шаҳри Ваҳдат соли муваффақиятҳо буд. Бо ташаббуси узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳр  Амирзода Раҳмоналӣ Амир тавонистем, ки китоби ду нафар наврас — хонандаи синфи 9  Бузургмеҳри Ҳаким ва хонандаи синфи 11 Кароматуллои Имомалиро чоп намоем. Бо кумаку дастгирии раиси шаҳр аз буҷети мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 3000 сомонӣ ба ин мақсад  ҷудо гардид. Ин иқдом аз он шаҳодат медиҳад, ки  дар шаҳри Ваҳдат аҳли  адабу фарҳанг ҳамеша аз ҷониби роҳбарият дастгирӣ меёбанд. Дар  Кохи «Маърифат» мунтазам чорабиниҳо барпо мешаванд. Дар баргузории  чорабиниҳо беш аз ҳама саҳми директори Кохи «Маърифат» Шамсиддини Шаҳобиддин зиёд аст. Соли 2014  ман барои китоби «Гулхори чида-чида» сазовори Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гардидам.

Давлати РАҲМОНИЁН, шоир: 

-Вақте шахс аз фаъолияти хеш дар зарфи як сол натиҷагирӣ мекунад ва аз он ибрози ризоият менамояд, ин далели воқеъбинона ва оқилона ба роҳ мондани фаъолият аз ҷониби ӯст. Муътақидам, ки дар соли 2014 шумораи ин гуна ашхос бештар бояд бошанд. Ин аз пешрафти ҷомеаи мо шаҳодат медиҳад. Ин омил гувоҳи зиндагии шоиста, амну осоиштагии Ватан аст. Хушбахтам, ки бо дастгирии устодон аввалин маротиба китоби ҳаҷман калони банда чоп шуд. Номи китоб «Қиёми рӯҳ»  мебошад ва нашри он боиси хушбахтии банда дар соли 2014  аст. Орзу дорам, ки корҳои хубу шоистаи соли 2014 дар соли 2015 идома ёбанд ва ҳамватанонамон ҳамеша шоду сарфароз бошанд.

Ибодулло МАШРАБОВ,   роҳбари  Муассисаи давлатии «Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ»:

- Соли 2014 барои  ҳунармандони театри мо  соли бобарор буд.  Дар ин сол мо нақшаи барномавиамонро ба анҷом расонидем ва тавонистем, ки бисёр намоишномаҳои навро  дар саҳнаи театр ва зимни сафарҳои ҳунарӣ  ба тамошобинон пешниҳод  намоем.  Намоишномаҳои  «Аз мост, ки бар мост»-и  Абдулҳафиз Қодирӣ, «Пизишки паррон» — мазҳакаи ҷолиб, ки онро Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қурбон Собир таҳия намудааст,  «Хайр  ва  шарр»-и  коргардон  Нуриддин Ҷарронӣ  ва намоишномаи  Абдуғаффор Абдуҷаббор — «Зиндагинома» — бахшида ба 100- солагии  композитори тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ аз ҳамон ҷумлаанд.

Дастоварди дигар он аст, ки соли ҷорӣ мо бо намоишномаи «Раъду барқ»-и адиби хитойӣ Сау Юй ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафари ҳунарӣ анҷом додем. Ҳунармандони мо бо ин намоишнома дар ҳама ноҳияҳои вилоят баромад намуда, аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят бо сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд. Асари «Чархи гардон» -и  Нур Табаров бо ташаббусу дастгирии  раиси Кумита оид  ба корҳои дин, танзими анъана ва  ҷашну маросимҳои  миллии  назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода  дар вилоятҳои  Хатлону  Суғд ва шаҳри Душанбе  манзури тамошобинон шуд.

Ҳаётой МУЪМИНОВА, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон:

- Беҳтарин шахс ҳамон аст, ки тӯли як сол аз худ чизе боқӣ мемонад. Ман ҳамеша кӯшиш мекунам, ки  ҳар сол корҳои муҳимеро ба анҷом расонам. Хотирмонтарин сана дар соли 2014 барои ман рӯзи хатми аспирантура мебошад.  Ҳамеша кӯшиш мекардам, ки рӯ ба илм биёрам. Гарчанде солҳои пеш  имкон ба ман даст намедод, вале имсол ғоибона  аспирантураи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм намудам. Шукри истиқлолияти  кишвар, ки чунин шароитҳоро барои мо фароҳам овардааст. Ҳамчунин дар соли 2014 мо панҷсолагии лоиҳаи  «Овози тиллоӣ»-ро дар Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон — Баҳористон»  ҷамъбаст намудем.

Таҳияи Дилором ШЕРАЛИЕВА ва Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»