Бархӯрди ифротгаройии салафӣ бо мактабҳои суннатии динию мазҳабӣ дар Тоҷикистон

№96 (3733) 12.08.2017

Тағйироти рӯзафзуни равандҳои сиёсӣ дар кишварҳои мусул­монӣ таҳқиқу омӯзиши исломро ба яке аз шохаҳои муҳими илми ҷомеашиносӣ табдил додааст. Ин масъулият тақозо менамояд, ки ба мафҳуми «хатарҳои исломӣ» ҷавоби сазовори илмию динӣ пешниҳод намоем. Аз ин ҷиҳат зарур аст, ки мо ба чанд саволи консептуалӣ оид ба ифротгаройиву тундгаройӣ ва сатҳи омӯзиши он дар фарҳанги ислом равшанӣ андозем. Бояд гуфт, ки проблемаи баррасии илман асоснок ва методологии шинохти доктрина, ҳаракат ва ҷараёнҳои исломӣ зарурати таърифи истилоҳии мафҳумҳоро ба вуҷуд овардааст. Маъмулан ҳангоми баҳодиҳӣ ба равандҳои исломӣ ҳамеша истилоҳи фундаментализм – бунёдгароӣ васеъ истифода мешавад. Ин истилоҳро дар муносибат ба омӯзиши динҳои дигар низ ба кор мебурданд. Ин таъбир дар истилоҳбандии исломшиносӣ ба мафҳуми «салафия» мувофиқ меояд.

Дар фаҳмиши луғавӣ ва маъноӣ мафҳуми «салафия» ба вожаи тоҷикии «ниёгон» комилан мувофиқ аст ва таъкид бар он мекунад, ки дар ҳолатҳои зарурӣ ислом ниёз ба рӯй овардан ба аслу асос ва решаву бунёди худ дорад. Дар меҳвари чунин тасаввурот андешае меистад, ки гӯё дар асрҳои сипаришуда ислом сахт таҳриф шуда, ба он унсурҳои нави нолозим ворид гардидааст, ки моҳиятан бо таълимоти нахустини ислом ва суннати «салафи солеҳ» – «ниёгони накуном» ихтилоф доранд. Мурод аз «салафи солеҳ» дар фаҳмиши онҳо мусулмонони нахус­тин аз саҳобагон, тобеон ва табаа-т-тобеин будааст. Аммо даъвои эътиқодии салафигароён мабно ба эътирофи ҷанбаҳои нақлии таълимо­ти ислом ва рад кардани равандҳои ақлии дарку фаҳмиши он аст. Ҳамон давраи нахустини ислом барои салафиён манбаи ҳамешагии илҳом ва интиқод аз дигарон қарор гирифтааст. Ин ҷо мақсад таҳлили пайдоишу ташаккули салафия ва шаклу равияҳои гуногуни он дар фарҳанги ислом нест. Дар ин мавзӯъ он қадар таҳқиқоте анҷом додаанд, ки моро аз шарҳу тавзеҳ ва такрори онҳо бениёз мегардонад. Вале мо саъй хоҳем кард, ки решаҳои шиддати ифротгаройии исломиро мухтасаран бар асоси рушди муносибатҳои арабу аҷам, аниқтараш арабҳо ва форсҳо аз бози ошкор шудани ислом дар марҳалаҳои калидии рушди ислом муқаррар намоем.

Вақте ки сухан дар бораи ифротгаройии исломӣ ё салафӣ ме­ра­вад, беихтиёр он ба Арабистони Саудӣ ва таъсиси ҷараёни ваҳҳобия пайванд мегирад. Воқеан, дар асри XVIII дар вилоятҳои Наҷду Ҳиҷоз ҷараёни ваҳҳобия бо сардории Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб (1703-1791) зуҳур кард. Ӯ ва ҳаммаслаконаш талаб менамуданд, ки мусулмонони ҳақиқӣ ба исломи поки замони зиндагии пайғамбар (с) бозгашт кунанд. Зиёрати мазорҳо ва ҳатто қабри пайғамбар аз ҷониби Абдулваҳҳоб ширк эълон гардид. Шахсоне, ки ин амалҳоро анҷом медоданд, кофир эълон ва маҳкум ба қатл мешуданд. Бояд зикр намуд, ки дар ибтидо ваҳҳобия барои тақвияти арабият, салафият ва ҳувияти давлатии нимҷазираи Арабис­тон такони бузург ворид намуд. Баъди таъсиси давлати Шоҳига­рии Арабистони Саудӣ дар консепсияи идеологии он ваҳҳобия ҳамчун равияи мазҳабмонанди бартаридоштаи расмӣ дар  болои чаҳор мазҳаби мавҷу­даи аҳли суннату ҷамоат ҷойгузин шуд ва бештар хусусияти фаъолияти дохилӣ дошт. Баъди солҳои 60-уми асри гузашта бо равнақ ёфтани бозори нафту газ ин ҷараён ҳудуди кишварро рахна карда, берун омад.

Дар айни замон ташкили созмонҳои байналмилалӣ, ба мисли Лигаи кишварҳои араб ва фондҳои хайриявии гуногун фаъолияти Арабистони Саудиро дар арсаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ пурзӯр кардааст. Бозиҳои сиёсӣ дар атрофи истеҳсол, коркард, фурӯш ва нархгузории маҳсулоти нафтӣ имкон додаанд, ки барномаҳои идеологӣ ва лоиҳаҳои исломӣ нағз маблағгузорӣ шаванд. Таъқиби пешвоёни «Ихвону-л-муслимин» онҳоро ба ин кишвари бойи арабӣ овард, то аз тариқи фаъолияти илмию омӯзгорӣ ба шаклгирии сиёсии ваҳҳобизм мусоидат карданд. Рӯҳонияти сиёсии саудӣ тавонис­танд ду шакл – ваҳҳобияи дарунии ором ва ваҳҳобияи берунии тундро созмон диҳанд, ки якумӣ дар якҷоягӣ бо элитаи сиёсии кишвар фаъолият мекард ва дуюмӣ, сиёсати нави муаррифии исломро дар фаҳмишу қолаби саудигии он тарғиб менамуд. Даромадани неруҳои шӯравӣ ба Афғонистон ба хусусияти ҷанговар, ҷиҳодӣ ва такфирӣ гирифтани салафияи ваҳҳоби­маш­раб такон дод. Ҳамон созмони идорашавандаи нимасотирӣ, ки ниҳоят бо номи Усома ибни Ладан машҳур гардид, нахуст барои низомҳои сиёсии арабию мусулмонӣ ва сониян барои кишварҳои ғарбӣ мушкилот эҷод кардан гирифт, ки имрӯз ҳам дар шаклу мазмун ва номҳои гуногун аз мавҷудияти худ дарак дода истодааст.

Барот Қиёмзода