Ёде аз некон

Барои хурду калон ӯ акаи Сайфиддин буд

№11 (3157) 31.01.2014

сироншоҲамчун рӯзноманигор дар бисёр тадбирҳои сиёсӣ ва фарҳангие, ки тайи солҳои охир аз рӯйи нақша- чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ баргузор мегарданд, иштирок менамоям, ки ба дараҷаи баланди ташкилӣ мегузаранд.  Маҳфили ёдбуде, ки ба хотири 95-солагии зодрӯзи фарзанди барӯманди ин диёр, яке аз  роҳбарони аввалини ҳизбӣ ва ҳукуматии ноҳия, марди солор, заҳматкаш, ташаббускору кордон, масъулиятшинос, поквиҷдон, ҳалиму хоксор, меҳмондӯсту раиятпарвар Сайфиддин Раҷабов Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ доир намуд, бисёр пурмазмун, рангин ва  фаромӯшнашаванда буд.

 Ҳамсолону ҳамкорони ин марди некном, ки имрӯз пирони рӯзгордидаи навад- садсолаанд ва инчунин шогирдони сершумораш дар ин маҳфили хотирмон баромад карда, бо эҳтиром ва самимият шодравонро ёд карданд. Боиси хурсандии сокинони ин мулки кӯҳистон мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш миёни фаъолони ноҳия (8 октябри соли 2013) дар қатори дигар фарзандони номвари ин диёр номи Сайфиддин Раҷабовро низ  гирифтанд. Ин родмарди баландовоза  кист, ки дар Ванҷ ва саросари ВМКБ, берун аз он чунин обруй, мақом ва манзалати баландро доро мебошад? Дар шаъни чунин инсонҳо Хоҷа Ҳофизи забардаст басе хуб гуфтаанд:

Баъд аз вафот турбати мо дар замин маҷӯй,

Дар синаҳои мардуми ориф мазори мост.

Наврасӣ ва ҷавоние, ки дар киштзорон, ёлаҳои кӯҳсорон ва дар кори колхоз гузаштааст

Айёми фасли баҳорони гулрези соли 1918 дар рустои Роғ — амлокдории Ванҷ,  ки дар  соҳили чапи Ванҷоб дар  баландӣ ва миёни кӯҳсорони сарбафалаккашида воқеъ гардидааст,  дар хонаи деҳқони  миёнаҳол Раҷаб баъди тавлиди фарзанди нахустин Имомиддин тифлаки зебое ба дунё омад. Падару модари хушбахт ӯро Сайфиддин ном ниҳоданд. Писарак хеле солиму бардам ба воя мерасид. Волидайн ӯро бо меҳру муҳаббати беандоза калон мекарданд. Дар даҳсолагӣ ҳамроҳи бародари калониаш Имомиддин аллакай дастёри падару модар ва нигаҳбону парастори бародаронашон Зайниддин, Мирзомуддин, Раҳмонуддин ва хоҳараш Қирғизмо гардида буд. Қиблагоҳ Имомиддину Сайфиддини аз айёми наврасӣ ба меҳнат хеле шавқу рағбатдоштаро ба  заминҳои лалмии миёни ёлаҳои киштзорон воқеъгардида мебурд. Баъди ба синни дувоздаҳ-сенздаҳсолагӣ қадам ниҳоданаш ҳангоми ҷуфтронӣ дар киштзорони ҳамвори  деҳаи Роғ  амаки Раҷаб  говронаро гоҳ- гоҳе ба дасти Сайфиддини хурдсол медод. Фориғ аз кори саҳро ва боғот ӯ дар мактаби маҳви бесаводии деҳа хату савод меомӯхт ва баъди он ки дар рустои Убари даргов нахустин мактаби нави шӯравӣ кушоданд,  Сайфиддини наврас ба қатори аввалин хонандагони ин таълимгоҳ ворид шуд. Акнун ӯ ҳам таҳсил мекард ва ҳам ба касби деҳқонӣ машғул мешуд.

Ҳангоме ки Сайфиддин  шонздаҳсолагиро пур кард, ҳамроҳи дигар ҳамсолонаш ба колхози навташкили ба номи Карл Маркс аъзо шуд. Меҳнати коллективӣ ӯ ва ҷавонони дигари деҳаро хеле обутоб медод. Аввал колхозчии оддӣ буд, сипас охири солҳои сиюм Сайфиддин Раҷабовро, ки акнун ҷавони хеле зебо, қадбаланду ҷасуру хушахлоқ гардида буд, котиби колхоз таъин намуданд. Баъди ду сол Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз гардид. Мардони аз Сайфиддин калонтар ва чанде аз ҳамсолонашро низ ба ҷабҳа фиристоданд. Дар колхоз танҳо занон ва ҷавонони ба синни ҳаждаҳсолагӣ нарасида заҳмат мекашиданд ва музди меҳнат, як қисми ғаллаи истеҳсолкардаи хешро ба фронт, барои ғалаба аз болои фашизм  бо азму меҳри қавии ватанпарастӣ мефиристоданд. Сайфиддин чандин маротиба ҷаҳду талош намуд, ки ӯро низ ба фронт ба майдони набард фиристонанд, вале котиби якуми ноҳиявии ҳизби коммунист, марди хеле наҷиби рус Лев Семёнович Вайсберг ба комиссари ҳарбии ноҳия  таъкид  кард, ки Сайфиддин дар ҷабҳаи меҳнат ҳам даркор аст. Колхозҳоро низ бесоҳиб гузоштан хуб нест.

Соли 1943 бо тавсияи ин марди шариф ва одамшинос Сайфиддин Раҷабов ба аъзои ҳизби коммунист қабул гардида, баъди ду сол котиби ташкилоти  ҳизбии  колхози ба номи Микоян таъин гардид. Он айём ташкилотҳои ҳизбӣ соҳиби нуфузи калон ва котибонашон дорои обруи зиёде буданд. Хоҷагии серсоҳаашон сол то сол маҳсулоти фаровон, аз ҷумла  ғалла аз заминҳои мавзеъҳои Дашту  Лугад, Баравн, Лахшу Узбай ба даст меоварданд, ки саҳми котиби ҳизбии колхоз низ хеле назаррас буд.

Ҳамин тариқ, Сайфиддин Раҷабов таҳти сарпарастӣ ва  кӯмаки сарварони вақти ноҳия, мардони пуртаҷрибаи рус, ки мактаби инқилобро гузашта буданд ва ба халқи маҳаллӣ эҳтироми зиёде доштанд, — Лев Семёнович Вайсберг, Николай Иванович Овчинников, Афанаси Захарович Олейников, Александр Герасимович Асмаков нахустин малакаҳои роҳбарӣ ва аз ҳама муҳимаш ба мардум муносибат карданро омӯхт.

Дар ҳамон солҳо Сайфиддини ҷавон бо духтараки ҳамдеҳаашон Ғалимат  хонадор шуд. Баъди як сол дар деҳаи Баравни ҷамоати «Водхуд», ки колхози овозадори ба номи Микоян дар қаламрави он воқеъ буд, нахустфарзандашон Муҳаббатшо ба дунё омад.  Қобилияти баланди роҳбарӣ, ташаббускорӣ, меҳнатдӯстӣ ва инчунин шавқу иштиёқ доштан ба донишомӯзиашро ба назар гирифта, ин ҷавони покдил ва некиродаро солҳои 1945- 1946 ва  1950-1952 ба мактаби  назди Комитети марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ба хондан  мефиристанд. Таҳсил дар ин мактаб дараҷаи дониш, қобилияти ташкилотчигӣ ва ҷаҳони маънавии ӯро басе  устувор гардонид.

 Фаъолияти меҳнатӣ дар паҳноҳои Помири шарқӣ

Баъди хатми мактаби ҳизбии шаҳри Душанбе, тобистони соли 1952, Сайфиддин Раҷабовро, ки ҳамагӣ 34 сол дошт, ба пойтахти кишвар даъват карданд. Котиби якуми Кумитаи Марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров  дар утоқи кориашон, баъди ҳолпурсӣ аз ӯ пурсиданд;

- Ягон маротиба дар ноҳияи Мурғоб будаед?

- Не,  ин макони дурдастро надидаам,- ҷавоб дод Сайфиддин Раҷабов.

- Ин минтақа дар тасаввури шумо чӣ гуна аст?

- Медонам, ки Мурғоб дар Помири шарқӣ воқеъ гардида,  масоҳаташ хеле бузург буда, бештар аз шаст фоизи Бадахшонро ташкил медиҳад.

- Иқлим ва боду ҳавояш чӣ гуна аст? -боз  савол доданд сарвари онвақтаи Тоҷикистон.

- Нақл мекунанд, ки боду ҳавояш хеле сард буда, он ҷо нафаскашӣ  душвор аст.

-Ана, дар ҳамон Мурғоби баландкӯҳ ва дурдаст мардуми қирғизу тоҷик кору зиндагонӣ доранд, ба чорводорӣ машғуланд ва дар самти қутоспарварӣ комёб гардидаанд.

Ин суханонро  Бобоҷон Ғафуров гуфта, ба  қадубасти баланд ва чеҳраи самимонаи Сайфиддин бори дигар  нигоҳ карда, мақсадашонро гуфтанд:

- Дар Бюрои Комитети Марказӣ мо маслиҳат карда, ба хулосае омадем, ки шуморо  ба вазифаи котиби дуюми Кумитаи ноҳиявии ҳизби коммунист ба ноҳияи Мурғоб фиристонем. Ба ин чӣ мегӯед?

- Ба куҷое, ки набошад ва кадом вазифае, ки лоиқ медонед, ман розӣ ҳастам,- кӯтоҳакак ҷавоб дод Сайфиддин Раҷабов.

Баъди як ҳафта Сайфиддин Раҷабов ба ноҳияи Мурғоб рафт ва тайи як моҳ ба водиҳои Олой, Қароқӯл, Рангкӯл, Булункӯлу Аличур ва Зоркӯл мошинсавору аспсавор сафар кард. Бо чорводорони асили қирғизу тоҷик, ки дар биёбонҳо, нимбиёбонҳо ва чарогоҳҳои беканори ин диёри афсонавӣ  ба қутосу гӯсфандпарварӣ машғул буданд, шинос гардида, то ҷое ки метавонист, ба онҳо кӯмак мерасонид. Ду соли расо дар корҳои ободонии ин сарзамини баландкӯҳ иштирок намуд. Он вақтҳо бунёди неругоҳи барқи обӣ дар дарёи Оқсу  ва азнавсозии роҳи Хоруғ — Мурғоб- Ош  сар шуда буд ва Сайфиддин Раҷабов қариб шабу рӯз ҳамроҳи бинокорони ин иншоотҳо буд.

Чун аксари қутоспарварону гӯсфандпарварон дар хаймаҳо ( юртҳо) зиндагонӣ мекарданд, аз сардии ҳавои аз ҳад фузуни Помири шарқӣ мушкилоти зиёде домангирашон буд. Бо таклифи котиби дуюми Кумитаи ноҳиявии ҳизб дар чорсӯи чарогоҳҳо бунёди хонаҳои чӯпонӣ сар шуд ва мушкилоти чорвопарварон ҳалли худро батадриҷ пайдо намуд. Дар ин минтақаи паҳновари мамлакат фарзанди дуюми Сайфиддину Ғалимат ба дунё омад ва ба хотири  меҳру муҳаббат доштан ба мардуми ин сарзамини тулӯи хуршед ва ёдгорие аз ин минтақа онҳо духтараки ширинрӯи худро Мурғоббибӣ ном ниҳоданд.

Аввалин роҳбари ноҳия аз миёни кадрҳои маҳаллӣ ва депутати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соли 1959   намояндагони халқи рус ва дигар миллатҳои мамлакат, ба қавле дар вазифаи роҳбарони аввали шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо  чуноне мегӯянд, миссияи таърихии худро ба ҷо меоварданд. Онҳо дар кору амалҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ, ташкили колхозҳо, кушодани роҳҳо, бунёди иншоотҳо, аз ҷумла заводу фабрикаҳо, равнақи самти маориф, фарҳанг, нигаҳдории тандурустӣ ва инчунин тарбияи кадрҳои маҳаллӣ, агар аз ҳақ нагузарем, корҳои зиёдеро ба ҷо оварданд. Акнун даврае фаро расид, ки дар саросари кишвар ба вазифаи котибони якуми ҳизби коммунисти шаҳру ноҳияҳо, вилоятҳо ва ҳамчунин раисони комитетҳои иҷроияи шӯрои депутатҳои халқ  кадрҳои маҳаллӣ бебокона интихоб ва таъин карда мешуданд.

Фаъолияти доманадор ва пурсамари Сайфиддин Раҷабовро дар вазифаи котиби дуюми Кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи Мурғоб  дида ва қадр карда, соли 1953 ӯро боз ба Кумитаи Марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон даъват намуданд. Барои меҳнати пурмаҳсулаш дар шароити сахти иқлими сарди Помири Шарқӣ ба ин марди ҷонфидо ва ватандӯст изҳори миннатдорӣ намуда, ӯро дар маҷлиси Бюрои Кумитаи Марказӣ ба вазифаи котиби якуми Кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи Ванҷ пешбарӣ карданд. Баъди чор рӯз вакилони Конференсияи ғайринавбатии Кумитаи ҳизби коммунисти ин ноҳия Сайфиддин Раҷабовро  котиби якум интихоб намуданд. Ҳамин тариқ, ин родмарди ба қавли мардум дорои рафтори нек, пиндори нек ва гуфтори нек аз миёни кадрҳои маҳаллӣ нахустин шахсе буд, ки ба ин вазифа интихоб шуд.

Таърих гувоҳ аст ва инчунин аз рӯйи маълумотҳои оморӣ ва нақли мардуми калонсол  дар давоми шаш соли роҳбари аввали ноҳияи Ванҷ будани Сайфиддин Раҷабов амалҳои ободонӣ, бунёдкорӣ ва созандагӣ дар ҳамаи самтҳо ривоҷу равнақ ёфтанд. Дар  чорсӯи водиҳои Ванҷи боло, Язгулом ва Водхуд заминҳои нав кушода шуданд. Домони боғистонҳоро то деҳоти подомони пиряхҳои Федченко ва Хирсон ва сароби Язгуломоб бурда расониданд. Кирмакпарварӣ, ки соҳаи сердаромад буд, равнақ ёфт, дар самти ғаллакорӣ, картошка ва сабзавоткорӣ, чорводорӣ ва паррандапарварӣ дастовардҳо назаррас мегаштанд. Дар  ноҳия  кашфи  маъданҳои нодири зери кӯҳсорон дар дуриҳои водиҳои Ванҷи боло ва Язгулом сар шуда, ба ҷониби пиряхҳои Федченко, Абдулқаҳҳор ва Хирсон роҳҳои мошинагард сохта шуданд. Лоиҳаи неругоҳи барқи обии  маркази ноҳия омода гашта, бунёди он дар соҳили Ванҷоб оғоз гардид. Дар маркази ноҳия, шаҳраки Рохарв корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ сар шуд, аз ҷумла сохтмони биноҳои Кумитаи ноҳиявии ҳизби коммунист, Комитети иҷроияи ноҳия, шуъбаи маориф. мактаби миёнаи рақами 4 ва даҳҳо клубу китобхонаҳо оғоз гаштанд.

Сайфиддин Раҷабов  тамоми  хислатҳо, ахлоқи ҳамида ва он чӣ ки ба сарвари аввали ноҳия хос ва зарур аст, дар худ дошт. Ӯ марде буд поквиҷдон, ҳалиму меҳрубону хоксор, адолатпеша, меҳнатдӯст, ташаббускор, серталаб ва масъулиятшинос, вале одамони бемасъул, мардумфиреб, ҳавобаланд, ваъдабоз ва бе меҳру шафқатро чашми дидан надошт. Кадрҳои ҷавонро ба вазифаҳои масъулиятнок бе дудилагӣ пешбарӣ менамуд ва дар ин ҷода боре ҳам хато накардааст. Шодравон Маҳмадулло Абдуллоев — котиби якуми Комитети ноҳиявии ҳизби коммунисти ноҳия, Неъматулло Раҳматуллоев — раиси Комитети иҷроия, Тулфор Қадамов — раиси Шӯрои депутатҳои халқи ноҳия ва боз чанде аз роҳбарони ҷамоатҳо, колхозу совхозҳо ва идораву муассисаҳо, аз қабили Ширинмоҳ Раҳмонова, Хоса Алиева, Васила Ғафурова, Холиқ Давлаталиев, Маҳмадҷон Ҷорубкашов, Алӣ Сафаров, Шоҳгадо Иброҳимов, Шодӣ Муродбеков шогирдон ва дастпарварони ӯ буданд.

Ин сарвари дурандеш бонувони болаёқатро низ хеле азизу гиромӣ медошт. Дар давраи роҳбарии Сайфиддин Раҷабов 85 нафар занони ванҷӣ ба вазифаҳои роҳбарикунанда, инчунин ба депутатии Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон   ва вакилии шӯроҳои маҳаллӣ интихоб шуда буданд. Қариб 60 нафар бонувон раиси колхоз, сардорони бригадаҳо, фермаҳо ва звеноҳо буданд. Соли 1956 барои нишондиҳандаҳои баланди меҳнатӣ ва равнақи амалҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ Комитети Марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва Шӯрои Вазирони мамлакат ба унвони роҳбари ноҳияи Ванҷ Сайфиддин Раҷабов номаи табрикотӣ  ирсол намуданд.

Ин марди ватандӯсту заҳматкаш инчунин аз миёни сарварони шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шахсиятест, ки ду навбат (солҳои 1955-1959) ба депутатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидааст. Мавсуф вазифаи депутатиашро низ аз сидқи дил ба ҷо оварда, дархостҳо, хоҳишу пешниҳодҳои мардумро то ҷое, ки метавонист, ба ҷо меовард. Ҳамчунин вай вакили анҷуманҳои нуҳум ва даҳуми ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва номзад ба аъзогии КМ ПК Тоҷикистон буд. Дар рафтору кирдор, кору амали ҳамарӯзаи роҳбарияш ягон хатогӣ ва норасоие дида намешуд. Вале, бояд ёдовар шуд, ки  бо қарору супоришҳои Комитети Марказии ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ  дар замони ҳукмронии Никита Сергеевич Хрушёв  ба вазифаи котибони якуми ҳизби коммунисти шаҳру ноҳияҳо кадрҳо аз дигар минтақаҳо фиристонида мешуданд. Бо ҳамин дастури болоӣ Сайфиддин Раҷабов аз вазифаи котиби якуми ҳизби коммунисти ноҳия озод ва ба вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи ноҳияи Ванҷ интихоб гардид. Вай  аз соли 1959 то соли 1963, то давраи барҳам хӯрдани  ноҳияи Ванҷ ва дар қаламрави ноҳияҳои Қалъаи Хумб (Дарвози имрӯза), Ванҷ  ва Рӯшон  ташкил гардидани раёсати минтақавии истеҳсолӣ ин вазифаи масъулиятнокро аз сидқи дил ба ҷо овард. Мардуми ноҳия назар ба котиби якуми райком ба ӯ боварии бештаре доштанд.

Сайфиддин Раҷабов солҳои охири умрашро дар вазифаҳои ҷонишини раиси комиҷроия ва дар як вақт  сардори Раёсати кишоварзӣ, роҳбари Инспексияи давлатӣ оиди хариду сифати маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Ванҷ сипарӣ намуд. Барои заҳматҳои кашидааш бо се ордени «Нишони фахрӣ» ва боз чандин ордену медалҳо ва ифтихорномаҳои ҳукуматӣ қадр карда шудааст. Соли  1983 ӯ  дар синни 71- солагӣ вафот кард.

 Аз хотироти дӯстон ва шогирдон

Аз даргузашти яке аз роҳбарони аввалини ноҳияи Ванҷ Сайфиддин Раҷабов қариб сӣ сол гузаштааст, вале кору амалҳои шоиста, ҷавонмардӣ ва ҳимматбаландии ӯ аз ёдҳо ва хотираҳо фаромӯш нашудааст. Дар чорабиние, ки ба  хотири ёдбуди ин родмард баргузор гардид, собиқ раиси ноҳия, ҳоло муовини аввали раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Амрихудои Дамдор чунин зикр намуд: «Ҳаёт ва фаъолияти шодравон Сайфиддин Раҷабов ибратомӯз аст. Ӯ дар байни мардум, ёру дӯстон ва ҳамкорон ва онҳое, ки ӯро аз наздик хеле хуб мешинохтанд, аз худ хотироту ёддоштҳои ширину рангинеро боқӣ гузошт».

Ҳамсоли Сайфиддин Раҷабов Иқбол Нағзибеков дар он шаби ёдбуд гуфт, ки Сайфиддинро аз соли 1941 вақти котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ буданашон дар колхози ба номи Карл Маркс мешинохтам, бо ҳам  дӯсту бародар будем. Ҳамроҳи дигар деҳқонон аввалҳои баҳорон тухмӣ тоза мекардем, ба заминҳо донаи хайр мекоштем, дастаи омочро ба даст гирифта, замин шудгор мекардем.Ӯ ҳамчун парторги колхоз мағрурӣ ва ҳавобаландӣ намекард, баробари дигарон дар колхоз заҳмат мекашид.  Ҳоло ҳам ин бародари азизамро ёд мекунам. Аз он афсӯс мехӯрам, ки бисёр одамон ба қадри дӯстӣ намерасанд.

Дареғу дард, ки то ин замон надонистам,

Ки кимиёи саодат рафиқ буд, рафиқ.

Ҳамкори дигари Сайфиддин Раҷабов Чағандар Қадамов, ки дар деҳаи Чихохи водии Ванҷи боло зиндагонӣ мекунад, аз масъулиятшиносӣ, хоксорӣ, шикастанафсӣ, меҳнатдӯстӣ ва ғамхориҳои Сайфиддин Раҷабов дар ҳаққи одамони оддӣ  қисса кард. Ӯ гуфт, ки то ба мансаби  роҳбари ноҳия омадани  вай қисми зиёди мардуми камбағал аҳли хонаводаҳои худро гирифта, аз Ванҷ ба дигар минтақаҳои кишвар кӯч мебастанд. Тайи ду соли аввали роҳбариаш Сайфиддин тавонист, ки иқтисодиёти ноҳияро баланд бардорад, зиндагонии мардумро дуруст кунад. Ӯ савори асп шабу рӯз дар маҳалҳо буд, гоҳе ба назди геологҳои мавзеи Абдулқаҳҳор мерафту вақти дигар аз кори даравгарон дар заминҳои ёлаҳои кӯҳсорон бохабар мешуд.

-Дар ёд дорам, ки  дар паҳлуи котиби якуми ҳизби коммунисти ноҳия Сайфиддин Раҷабов шабҳои моҳтобӣ то рӯз дар мавзеи Седи ҷамоати деҳоти «Техарв» ғалла дарав мекардем,- мегӯяд амаки Чағандар Қадамов.

Шогирдони ин марди некирода, ки ҳоло ҳам дар ҷодаҳои гуногун дар ноҳияи Ванҷ ва дигар минтақаҳои мамлакат кор ва зиндагонӣ мекунанд, аз меҳрубониҳо ва ғамхориҳои Сайфиддин Раҷабов боҳарорат ва меҳру муҳаббати бепоён сухан мегӯянд. Аз ҷумла Васила Ғафурова — ин соҳибкорзане, ки бо равғани ангати истеҳсолнамудаи дармонбахши худ дар чорсӯйи кишвар ном баровардааст, нақл карданд, ки дар хотироти ӯ акаи Сайфиддин ҳамчун роҳбари дилсӯз, падари ғамхору меҳрубон, насиҳатгари ҷавонон боқӣ мемонанд.  Васила ҳамагӣ 19 — сола будааст, ки бо ҳидоят ва дастгирии Сайфиддин Раҷабов ӯро раиси ҷамоати деҳоти «Рованд» интихоб намудаанд. Дар ин вазифаи масъулиятнок Васила Ғафурова 20 сол кор мекунад. Устод ва сарпарасташ Сайфиддин Раҷабов  ба ӯ доимо маслиҳатҳои муфид медод. Бо тавсияи ин марди хирадманд Васила Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро ғоибона хатм мекунад ва солҳои охир, то дами ба нафақа баромадан, ба касби омӯзгорӣ шуғл доштааст. Ҳоло бошад, ӯ аз ҷумлаи  бонувони соҳибкори муваффақ ба шумор меравад.

 Тарбиятгари бародарон, падари мушфиқи фарзандон

Давоми умри пурбаракати хеш Сайфиддин Раҷабов бародаронаш Имомиддин, Зайниддин, Мирзомуддин, Раҳмониддин ва хоҳараш Қирғизморо тарбият карда, ба роҳи рости зиндагонӣ ҳидоят кардааст. Бо кӯмаки ӯ онҳо ба мактабҳои олӣ дохил шуда, соҳиби касбу кор гардиданд. Дар давраи роҳбари ноҳия буданаш ба бародарону хоҳар ягон имтиёзе намедод. Ҳамаи онҳо заҳмат кашида, дар касбу пешаи хеш шахсиятҳои шинохта гардиданд. Имомиддин Раҷабов ба кори милитсия рафта, солҳои зиёд сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияҳои Қалъаи Хумб, Рӯшон ва Ванҷ буд. Мирзомуддин Раҷабов баъди хатми мактаби олӣ касби омӯзгориро ихтиёр карда, қариб 20 сол мудири шуъбаи  маорифи ноҳияи Ванҷ тайи чанд соли дигар корманди ҳизбӣ ва директори совхоз буд. Зайниддин ва Қирғизмо  умри худро дар соҳаи кишоварзӣ сипарӣ карданд.

Бародари хурдӣ Раҳмониддин баъди хатми Донишкадаи давлатии  тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бештар аз понздаҳ сол вазифаи сардухтури бемористони марказии ноҳияи Ванҷро ба уҳда дошт. Як навбат депутати Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ интихоб гардидааст. Бародарзодааш Назришо Эмомов нахустин генерали адлия аз ноҳияи Ванҷ ба шумор меравад ва солҳои зиёде дар вазифаҳои прокурори вилояти Кӯлоб, муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст. Ҳамаи онҳо аз насиҳатҳо ва маслиҳатҳои бародарсолори худ Сайфиддин Раҷабов баҳравар шуда, дар зиндагонӣ бо дуои неки ӯ комёб гардидаанд.

Ҳамчун рӯзноманигор бисёр мешунавам, ки дар бораи фарзандони Сайфиддин Раҷабов мардум суханони нек мегӯянд. Боре ҳам нашунидаам, ки касе  онҳоро гапи носазо гуфта бошад. Ин марди боирода ва мушфиқу меҳрубон ҳам дар ҳаққи мардум ғамхорӣ мекард ва ҳам нисбат ба ҷигарбандон ҳамроҳи холаи Ғалимат дилсӯз буд. Ҳамаи онҳоро  ба дараҷае тарбият кардаанд, ки бе мушкилот мактабҳои олиро хатм карданд, фардҳои ватандӯст, заҳматкаш ва чун падар меҳнатдӯсту ташаббускор  ва ҳимматбаланд ба воя расиданд.

Писари калонӣ Муҳаббатшо  ҳоло дар вазифаи ҷонишини декани факултети соҳибкории Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ адои вазифа менамояд. Анвар Арбоби шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, устоди Коллеҷи рассомии шаҳри Душанбе, Мурғоббибӣ Корманди филиали Муассисаи давлатии Маркази таълими калонсолон дар ноҳияи Ванҷ мебошад. Давлатбибӣ Раҷабова, ки хатмкардаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия мебошад, дар вазифаҳои раиси ҷамоати деҳоти «Ванҷ», муовини аввали раиси ноҳия кор кардааст. Ҳоло раиси ноҳияи Ванҷ мебошад. Номбурда  амалҳо ва корҳои ободонӣ, бунёдкорӣ ва созандагиеро, ки қиблагоҳашон солҳои панҷоҳум ва шастуми қарни гузашта оғоз карда буданд, имрӯз идома медиҳад.

Сунавбаршо табиби номдор ва ҳозиқ аст. Ӯ ҳамчун сардухтури бемористони марказии ноҳия шабу рӯз баҳри ҳифзи сиҳатии мардум заҳмат мекашад. Толеҳбибӣ  бештар аз бист сол боз муаллимаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5, тарбиятгари насли наврас аст.Тоҳир ва Луна дар идора ва муассисаҳои давлатӣ кор мекунанд. Ҳамаи писарон ва духтарон бо пайраҳаи падари бузургворашон қадам ниҳода, вазифаҳои худро содиқона ба ҷо оварда, фарзандони асил ва арзандаи қиблагоҳи номдори худ мебошанд ва аз ӯ ва модарашон холаи Ғалимат оини меҳру муҳаббати ватандорӣ, меҳнатдӯстӣ, мардумнавозӣ ва дарси одамиятро омӯхтаанд.

 Охирсухан

Аз кӯчаи марказии шаҳраки Рохарв як саҳаргоҳ мегузаштам, ки бо собиқ ҷонишини раиси Комитети иҷроияи ноҳия Шоҳгадо Иброҳимов дар назди ҳавлиашон вохӯрдам. Ин марди  рӯзгордида чун даҳҳо ва садҳо бошандагони ин диёр аз ҳаёти роҳбари писандидаи мардум Сайфиддин Раҷабов гап сар кард. Чандин иншоот, бино ва мактабҳоеро номбар намуд, ки дар замони сарвари ноҳия будани акаи Сайфиддин  бунёд гаштаанд.

- Вале ӯ барои худ  кошонаи боҳашамат бунёд накард, чун дигарон қадам мениҳод, ба мисли ҳама либос мепӯшид, бо хурду калон шинухез мекард, ба мисли ҳамагон нафас мекашид. Ба таври хоксорона ва шоиста зиндагонӣ мекард,- гуфт Шоҳгадо Иброҳимов.

… Ба фикрам, аз ин баҳои беҳтар ва қадршиносии баландтар барои як  инсони хокӣ нест. Ба қавли Ҳофизи малакутӣ:

Дар ин равоқи забарҷаднавиштаанд ба зар,

Ки ҷуз накӯии аҳли карамнахоҳад монд.

Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор