Бе гузаштаи таърихӣ ифтихори миллӣ ба худпарастии миллӣ табдил меёбад

№145 (3939) 01.12.2018

Яке аз масъалаҳои муҳимтарин дар ҷаҳони  муосир ҳифзи асолати   фарҳангию миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ мебошад, ки мавҷудияти  маънавии  ҳар халқу миллат  аз он вобаста аст. Худшиносӣ мақому манзалати инсонро бо решаҳои таърихӣ, бо сарнавишти миллату халқ ва бо аҳли башар дарк кардан аст. Ба ибораи дигар, худшиносии миллӣ,  на танҳо  маълумот, балки  пос доштани таъриху фарҳанг, расму оин, забону ҳунар, дин ва дигар арзишҳои таърихиву фарҳангӣ мебошад.

Мо дар шароити ҷаҳонишавӣ умр ба сар мебарем, дар замоне, ки фарҳангу  русум ва одобу ахлоқи мамлакатҳои аз лиҳози иқтисодӣ ва ҳарбӣ тавоно фарҳангу таърих ва арзишҳои миллии халқҳои кӯчакро, новобаста аз куҳан буданашон, маҳв месозанд. Илова бар ин, дар ҷаҳони муосир неру ва ниҳодҳое мавҷуданд, ки ба хотири расидан ба мақсадҳои ғаразноки худ на танҳо ҷангу ифротгаройӣ, терроризм ва радикализми диниро тарғибу ташвиқ мекунанд, балки ба ҳар роҳ онҳоро дастгирӣ менамоянд. Чунин неруҳо ҳавасманд бар онанд, ки  халқу миллатҳои ҷудогонаро аз  таъриху фарҳанги аҷдодиашон дур сохта, онҳоро ба «манқурт» табдил диҳанд.

Тавассути воситаҳои ахбори омма суханпардозӣ намудани намояндагони гурӯҳҳо  ва ҳаракатҳои тундгаро ва иғвоангез, ба мисли «Салафия», «Ансоруллоҳ», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҷамоати таблиғ», «Ҳизби наҳзати исломӣ» ва ғайра кӯшишест барои ноором сохтани ҷомеа ва ба низоъҳои иҷтимоӣ кашидани он. Дар чунин шароити мураккаби замони муосир таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ бо роҳи боло бурдани худшиносии миллӣ нақши аввалиндараҷа касб мекунад. Таърих гувоҳ аст, ки бинобар надоштани зиракии сиёсӣ ва огаҳ набудан аз гузаш­таи хеш, давлату миллатҳои абарқудрат  пора — пора шуда, аз забон ва расму оин маҳрум гардиданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин сол аст, ки диққати аҳли ҷомеа ва махсусан, ҷавонони кишварро, ба моҳияту муҳимияти худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба таъриху фарҳанги гузашта ҷалб мекунанд.

Пешвои миллат барҳақ таъкид менамоянд: «То даме ки худшиносии миллӣ, пос доштани хотираҳои таърихӣ, ифтихор аз мансубияти миллӣ дар шуури ҳар яки мову шумо падид наояд, то даме ки ҳар кадоми мо манфиати миллиро ҳамчун қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ эҳсос накунем ва эҳтиром нагузорем, то даме ки хидмат ба Ватан ва миллат бароямон ба арзиши олии зиндагӣ табдил наёбад, мо ҳамчун давлати соҳибистиқлоли миллӣ ба камол намерасем».

Бешубҳа, яке аз рукнҳои муҳими худшиносии миллӣ забони давлатӣ мебошад. Маҳз ба воситаи ҳамин забон бузургони илму адаби мо дар ташаккули фарҳанги ҷаҳонӣ нақш гузоштанд. Исми мубораки Имоми Аъзам, Абӯмуслими Хуросонӣ, Исмоили Сомонӣ, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абӯалии Балъамӣ, Низомулмулк, Абӯалӣ ибни Сино ва боз садҳо бузургони илму ирфон ва сиёсатро ном бурдан мумкин аст, ки ҳамеша баҳри баланд бардоштани мақому мартаба ва нуфузи забони модарӣ дар талош буданд.

Дар Паёми табрикии худ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамаврид қайд намуданд, ки «…забони тоҷикӣ асоси ҳувияту худшиносии миллии мо ба шумор рафта, барои ҳар фарди тоҷик азизу муътабар мебошад, зеро танҳо ба василаи забони миллӣ метавон ҳофизаи таърихиву фарҳангиро пос дошта, пайванди хешро бо адабиёту фарҳанг ва илму дониши дар тӯли ҳазорсолаҳо офаридаи халқамон эҳсос намуд».

Аз ин ҷост, ки бо ташаббуси Сарвари давлат барои ташаккул ва пойдории забони модарӣ ва гиромидош­ти он иқдомҳои бузурге амалӣ карда шуданд. Мақоми давлатӣ гирифтани забони  тоҷикӣ, қабули қонун «Дар бораи забони давлатӣ», ҷашни бузургдошти забони тоҷикӣ (соли 2008), таҷлили «Рӯзи забони давлатӣ»   ва  таълиф шудани асари «Забони миллат — ҳастии миллат» аз ҷумлаи ҳамин иқдомҳо маҳсуб мешаванд.

Худшиносии миллӣ ва ҳифзи хотираи таърихӣ, бузургдош­ти забон ва мероси фарҳангӣ бояд ба он равона карда шавад, ки симои миллат, суннатҳои давлатдорӣ ва расму оини аҷдодӣ ҳар чӣ бештар ташаккул ёбанд. Бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили 1100 — солагии давлати Сомониён, 2700 — солагии китоби «Авес­то», 2500 — солагии шаҳри Истаравшан, 2700 — солагии шаҳри бостонии Кӯлоб, 3000 — солагии шаҳри Ҳисор, Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, 1000 — солагии Носири Хисрав,  650 — солагии шоир ва орифи шаҳир Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 800 — солагии Ҷалолиддини Румӣ, 1150 — солагии поягузори адабиёти форсу тоҷик — Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 100 — солагии зодрӯзи академик Б. Ғафуров, 1310-солагии Имоми Аъзам (Абӯҳанифа) нишонаи эҳтиром гузоштан ба таърихи тайкардаи миллат, бузургдошти шахсиятҳои оламшумули илмӣ ва фарҳангӣ ба шумор меравад. Маҳз ҳамин ҷашнвораҳо то дараҷае ҷомеаи моро бо мероси маънавию фарҳангии худ шинос, ҳисси ифтихори миллиро бедор ва барои ваҳдати миллӣ мусоидат намуданд.

Ифтихор аз таърихи куҳанбунёди хеш вақте пайдо мешавад, ки аз он огоҳ бошӣ, онро мояи омӯзиш, ибрат ва шукӯҳмандӣ бидонӣ, зеро таърихи фарҳангу тамаддун, забон, адаб, урфу одат дар назди қавми ноогоҳ ҳукми мурдаро дорад. Дар ин самт асари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» нақши муассир мегузорад.

- Воқеан таърихро хотираи инсоният меноманд. Афроде, ки аз сарнавишти миллат, таърихи гузаштаи сарзамин ва марзу буми аҷдодӣ, мероси бойи фарҳангӣ ва расму оини ниёкон, дастовардҳои бузург ва шахсиятҳои оламшумули қавму қабоили хеш огаҳӣ надоранд, ҳеҷ гоҳ инсони комил ва фарзанди баруманди замони худ шуда наметавонанд, — бо чунин ҷумлаҳои баландмазмуну муассир оғоз мегардад асари  мазкур.

Ҳамин тавр, дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаб­буси Сарвари давлат барои эҳёи таъриху фарҳанги миллӣ, муаррифии шахсиятҳои таърихиву фарҳангии миллати тоҷик, ки дар густариши худшиносии миллии ҷомеа мусоидат мекунанд, корҳои бузурге ба сомон расиданд, вале бо ин ҳама қонеъ нашуда, бояд беш аз пеш омӯзиши осори таърихию фарҳангиро миёни ҷавонон ба роҳ монд, то дастовардҳои бештаре ба даст оянд.

Насимҷон ЗАРИФОВ, аспиранти кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДОТ ба номи С. Айнӣ