Бе мутахассисони ҳирфаӣ ҳифзи манфиатҳои миллӣ ғайриимкон аст

№1 (3795) 04.01.2018

инфобезопас129 декабри соли 2017 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таҳти унвони «Масъалаҳои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таҳкими амнияти иттилоотӣ дар Тоҷикистон: вазъ ва дурнамо» конфронси илмиву амалӣ баргузор гардид. Дар он намояндагони вазорату муассисаҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ, пажӯҳишгарону коршиносон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд. 

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳамгироӣ байни давлат ва созмонҳои ғайридавлатӣ, таҳкими амнияти иттилоотиро муҳим арзёбӣ карда, мушкилоти дар ин соҳа мавҷудбударо бозгӯйӣ намуд. Таъкид гардид, ки дастовардҳои давраи истиқлолият тақозо доранд, ки муносибати давлат бо созмонҳои ҷамъиятӣ боз ҳам беҳтар гардида, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ барои ҳалли мушкилоти сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ фарҳангӣ, экологӣ ва ғайра истифода шаванд.

Муовини якуми директори маркази мазкур Сайфулло Сафаров дар мавзӯи «Дирӯз, имрӯз ва фардои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон», раиси Ассотсиатсияи миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон Шамсиддин Каримов дар мавзӯи «Арзёбии вазъи рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ва дурнамои он», директори созмони ҷамъиятии «Хазинаи Авруосиёгии Осиёи Марказӣ — Тоҷикистон» Азимҷон Сайфиддинов дар мавзӯи «Зарфиятҳои ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва густариши он дар шароити муосир», муовини директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Азизӣ дар мавзӯи «Ҷойгоҳи ниҳодҳои динӣ дар ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон: вазъ ва дурнамо» суханронӣ намуданд. Сипас, раиси Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон Шаҳло Акобирова дар мавзӯи «Иттилоот ва беиттилоотӣ ангезандаҳои таҳдидкунанда ба амният дар асри ХХI», ходими калони илмии шуъбаи фалсафаи дини Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Виркани Музаффарпур дар мавзӯи «Омили динӣ дар низоми амнияти иттилоотии Тоҷикистон» ва ғайра ибрози андеша намуданд.

Ба андешаи Виркани Музаффарпур, баргузор намудани ин гуна конфронсҳо метавонад барои таҳкими амнияти иттилоотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мусоидат кунад.

- Дар ҷаҳони имрӯза, хусусан дар кишварҳои мусулмонӣ, ки дин як воситаи истифода барои ҳадафҳои геополитикӣ гардидааст, бояд диққати асосиро дар сатҳи ҳифз ва амнияти иттилоотӣ ба соҳаи дин низ равона кунем ва аз чораҳои барномарезишуда  истифода намоем, — гуфт ӯ. Инчунин, номбурда  иброз дошт, ки бастани паёмрасонҳо, ба монанди  WhatsApp, Viber, IMO ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ наметавонад роҳи муассири таъмини амнияти иттилоотӣ дар кишвар шавад.

Бояд қайд кард, ки моҳи декабр масъулини Хадамоти алоқаи  Тоҷикистон  баъди бастани системаи алоқаи телефонии NGN дар фикри бастани паёмрасонҳои маъруфи WhatsApp, Viber ва IMO мешаванд, то ки бехатарии иттилоотиро дар кишвар таъмин кунанд. Ин шабакаҳоро афрод ва гурӯҳҳои ифротӣ бо ҳадафи мубодилаи иттилооти барои амнияти кишвар хатарзо истифода мекунанд.

- Ба тазоҳуроти 28 декабри соли 2017 дар шаҳри Машҳади Эрон суратгирифта диққат кунед, даъватҳои ибтидоӣ аз тариқи мессенҷери Telegram сурат гирифтааст. Ҳол он ки чанде пеш Viber қатъ карда шуда буд. Дар сурати баста шудани бархе аз шабакаҳои иттилоърасон, гурӯҳҳои тахрибкор барои расидан ба ҳадаф аз роҳҳои дигар истифода мекунанд, — афзуд Виркани Музаффарпур.

Инчунин, таъкид шуд, ки вазъи амнияти иттилоотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронкунанда боқӣ мондааст. Бинобар ин, бояд донишгоҳ ё академияи пурқуввати рӯзноманигорӣ барои омода кардани кадрҳои баландихтисос барои воситаҳои ахбори омма дошта бошем, зеро замони набардҳои иттилоотӣ фаро расидааст ва бе кадрҳои варзидаву соҳибназар ва ҳирфаӣ манфиатҳои миллиро ҳифз кардан ғайриимкон аст.

Ҷамшеди САБОҲИДДИН,

«Садои мардум»