Бе оилаи солим ҷомеаи солим вуҷуд дошта наметавонад

№110 (3904) 08.09.2018

Баъди пош хӯрдани Ҳокимияти Шӯравӣ дар қисмате аз давлатҳои бесоҳибмондаи он кӯшиши бо роҳи табаддулот ба сари ҳукумат омадани гурӯҳҳои алоҳида авҷ гирифт. Дар Ватани азизи мо бо истифода аз чунин шароит қувваҳои сиёҳ, аз қабили Ҳизби наҳзат ва хоҷагони хориҷиашон ҷанги шаҳрвандӣ оғоз ёфт.

Садҳо ҷавон кушта, оила­ҳо гуреза шуда, тарки хонаву дар карданд. Тифлакони зиёд ятим монданд. Ҷанги бародаркуш вайронаҳову харобиҳоро ба бор овард.

Ҳаводиси рӯзгор моро водор намуд, ки оид ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии ҷомеа ва пойдории сулҳу субот андеша кунем.

Хушбахтона, бо шарофати роҳбари он солҳо ҷавони давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқ тавонист такя ба ақлу хиради азалӣ ба ҷанги таҳмилӣ нуқта гузошта, парчами сулҳу суботро дар фазои якдигарфаҳмӣ парафшон созад ва Истиқлолияти давлатиро ҳимоя намояд.

Дастовардҳои назарраси кишвар гувоҳи он аст, ки халқ таҳти роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҳиммати баланд, созандагиву фарҳангпарварӣ, инсондӯс­тиву таҳаммулгаройӣ ба сӯйи фардо қадамҳои устувор гузошта истодааст.

Ба ҳама маълум аст, ки ҷанги шаҳрвандӣ ва буҳрони сиёсие, ки кишварро фаро гирифт, боиси паст шудани маърифати оиладорӣ низ гардид. Теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ, кӯдакони беназоратмонда, оворагардон афзоиш ёфт.

Дар солҳои 1992-1997 шаҳрвандони зиёде ақди никоҳи худро бекор карданд, оилаҳо пош хӯрданд. Ҷанги шаҳрвандӣ на танҳо ба хоҷагии халқи мамлакат хисорот овард, балки ба оилаҳо низ зарбаи рӯҳӣ зад, масъалаҳои ҳалталаби нав, ба мисли хушунату зӯроварӣ, зиёд шудани оилаҳои носолим ва ғайраро дар пешорӯйи аҳли ҷомеа қарор дод.

Хушбахтона, барои гирифтани пеши роҳи ин мушкилот Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон сари вақт як қатор барномаву қарорҳои дахлдор қабул ва амалӣ намуд. Аз ҷумла, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014 — 2023» қабул гардид, ки мақсад аз он таъмини ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба пешгирии зӯроварӣ дар оила равонагардида мебошад.

Пешвои миллат дар Паёми хеш соли 2015-ро «Соли оила» эълон карданд ва иброз доштанд, ки: «…масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи проблемаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад».

Албатта, дар иҷро гардидани барномаву қарорҳои марбут ба оила ва оиладорӣ кормандони мақомоти сабти  асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо андешидани тадбирҳои гуногун метавонад саҳми бориз дош­та бошанд. Дар маҷмӯъ, ҳар як фарди дилогоҳ бояд дар бунёди оила ва ҷо­меа­и солим ба давлат кумак кунад. Алҳол дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ қарор дорем, ки олитарин ва муқаддастарин неъмати Илоҳист барои миллати тоҷик. Аз ин рӯ, вазифаи ҳар яки мост, ки  онро пойдор нигоҳ дорем.

Истиқлолият мо — кормандони Раёсати асноди ҳолатҳои шаҳрвандиро вазифадор мекунад, ки барои мустаҳкам намудани пояҳои оиладорӣ талош варзем, корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монем, фарҳанги оиладориро ривоҷ бахшем ва бо шукргузорӣ аз фазои озоду осоишта, шароити муҳайёкардаи Ҳукумати кишвар, ғамхориҳои Сарвари давлат дар пешрафти Тоҷикис­тони азиз саҳмгузор бошем, зеро бе оилаи солим ҷомеаи солим вуҷуд надорад.

Садбарг ДАВЛАТОВА, корманди РАҲШ-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон