Беҳурматӣ ба об беҳурматӣ ба инсон аст!

№78 - 79 (3872 - 3873) 26.06.2018

voda4Вақте ба фарҳанги зиндагии рӯзмарраи ин ё он қавму миллат таваҷҷуҳ менамоӣ, то чӣ андоза соҳиби маърифат, суннати воло ва дорои тамаддун будани онро дарк менамоӣ. Мо низ бояд аз ҳамин зовия ба зиндагӣ, рафтору кирдор, гуфтору пиндор назар андозем ва чеҳраи худро дар оинаи ҳаёт шиносем. Муносибат бо якдигар ва муҳити атроф  чӣ гуна аст? Эҳтироми худу дигаронро то чӣ андоза ба ҷо меорем? Оё табиатеро, ки дар он зиндагӣ мекунем, ҳифз карда метавонем? Ба имрӯзу оянда фикр мекунем? Ин ва даҳҳо пурсиши дигаре ҳастанд, ки посух мехоҳанд.

Мо ҷузъи табиат ҳастем, ҳамон тавре ки як пораи тани падару модарем. Аз ин рӯ, наметавонем ба волидайн беэҳ­тиромӣ, носипосӣ намоем, қадру қимати онҳоро паст занем. Нисбат ба табиат низ бояд ҳамин меъёрро риоя созем, вагарна ба итоби он гирифтор мешавем, ба сарамон фоҷиа меояд ва зиндагиямон берангу бӯ мешавад.

Об бузургтарин сармоя барои бани башар аст. Худованд ҳам ҷонро дар об қарор додааст. Об на танҳо дар табиат вуҷуд дорад, балки тани мо низ аз он саршор аст. Дар ин бора борҳо навиштаему хондаем, вале боз шоҳиди он мегардем, ки як идда ба қадри ин неъмати бузург намерасанд.

Қад-қади рӯдхонаҳои Кофарниҳон, Алмосӣ, Қаратоғ чашматон ба партовгоҳҳое меафтад, ки дар соҳили дарё сокинони деҳаҳо ба вуҷуд овардаанд. Одамон бепарво партовро ба рӯд мерезанд, оқибаташро намеандешанд. Оби пок ва шодро олуда ва ношод месозанд.

Болотар аз деҳаи Булбулчашмаи шаҳри Ҳисор дар канори рӯди сармасти Кофарниҳон дам мегирифтем. Ногаҳон чашмамон ба мошине афтид, ки болотар аз мо ба соҳил наздик шуд ва марде аз бордон чанд лингаи пурро берун андохт. Пирмуҳаммад дӯсти таҳҷоиямон, ки моҳӣ мепухт, ба сӯи он мард овоз дод:

- Ҳой, бародар, шарм намедорӣ, ки поруро оварда, дар соҳили дарё мепартоӣ?!

Он мард ба сӯи мо назаре афканду зуд ба сари чанбари мошин нишасту газро зер кард.

- Одамон беинсоф шудаанд, — ба гила даромад Пирмуҳаммад, — нисбат ба чашмаву ҷӯю дарёҳо беэҳтиромӣ мекунанд. Онҳо фикр намекунанд, ки об ҳам мавҷуди зинда асту ифлос карданаш убол аст.

Гилаи дӯсти мо ҷон дошт, баъди таҳқиқ маълум гашт, ки он ношинос партови дар хонааш ҷамъшударо оварда, ба соҳил андохтааст. Ин гуна муносибат нисбат ба об, албатта, боиси накӯҳиш буда, сатҳи фарҳанг, хирад ва ҷаҳонбинии моро муайян мекунад.

Имрӯз мо партовҳоро беистиҳола ба об меандозем. Оби ҷомашӯӣ, ҳаммом, хӯроки зиёдатӣ… низ ба ин «рӯйхат» шомиланд.

Инсон ба об сахт вобаста аст. Агар мо нисбат ба об беҳурматӣ кунем, ин беҳурматӣ ба худамон аст. Моҳиятан ба рӯи худамон туф мекунем.

Дар Ҳиндустон Суди Олии штати Уттаракҳанд дар робита ба дарёҳои Ганг ва Ямун қарор баровард, ки рӯдҳои мазкур «мавҷуди зинда ва юридикӣ буда, чун шахси воқеӣ дорои ҳуқуқ ва масъулиятҳо мебошанд». Пас аз ин қарор ифлос кардани оби ин рӯдхонаҳо баробари зиён расонидан ба инсон дониста мешавад.

Штати Уттаракҳанд дар қаторкӯҳи Ҳимолой, ҷое, ки рӯдҳои Ганг ва Ямун ибтидо мегиранд, қарор дорад. Ин дарёҳо барои мардуми Ҳиндустон муқаддасанд ва як зумра ибодати мазҳабии хешро дар он анҷом медиҳанд. Ҳамин чиз боис гаштааст, ки Суди Олии штат қарори мазкурро қабул кунад, то оби онҳо поку тамиз бошад.

Баробар кардани ҳуқуқи рӯдҳои Ганг ва Ямун ба ҳуқуқи инсон худнамоӣ нест, балки масъулони он диёр маҷбур шудаанд, ки ин корро анҷом диҳанд. Шарт нест, ки мо ҳам ба рӯдҳоямон мақоми одамӣ диҳем, шарт он аст, ки мақоми воқеияшонро бишносему тозаву озода нигоҳ дорем.

ВОРИС,

«Садои мардум»