«Бибиҳо» аз Хатлон баргаштанд

№68 (3053) 08.06.2013

Ансамбли фолклорию этнографии «Бибиҳо»-и назди Раёсати фарҳанги вилояти Суғд ва шуъбаи вилоятии Иттифоқи ходимони театрии Тоҷикистон баъди сафари бобарору фаромӯшношуданӣ аз вилояти Хатлон ба Хуҷанд баргашт. 

-Сафари ҳунарии мо ба вилояти Хатлон дар партави Паёми Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба истиқболи 16-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба амал омад. Сониян, моҳи апрел, ҳангоме ки дар Фестивали театрҳои касбии «Парасту-2013» ширкат варзидем, ин иқдом ба миён омад, — мегӯяд сарвари Ансамбли «Бибиҳо», Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Сайрам Исоева.

Рӯзи нахустини сафар мо дар Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа ва дар қасрҳои фарҳанги ноҳияҳои Бохтар ва Вахш ҳунарнамойӣ кардем. Баъд «Бибиҳо» дар хонаҳои фарҳанги ноҳияҳои Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ ва толори мактабҳои ин навоҳӣ бо суруду таронаҳои дилошӯб ва саҳнаҳои ҳаҷвии хандарез тамошобинонро ба ваҷд оварданд.

Ҳамчунин, гурӯҳи ҳунарӣ дар ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритус, Ҷиликӯл, Ҷалолиддини Румӣ ва Носири Хусрав бо мухлисони ташнаи ҳунар вохӯрӣ доир намуданд.

Дар Боғи фарҳангу фароғати шаҳри Кӯлоб якҷоя бо шашмақомхонони ин шаҳри бостонӣ консерти муштарак барпо гардид. Инчунин дар Қасри фарҳанги маркази ноҳияи Муъминобод ва дар Театри давлатии драмаи мусиқии ноҳияи Данғара ҳунари худро ба мардуми санъатдӯст пешкаш намудем.

Зикр бояд кард, ки ансамбл аз 13 нафар ҳунарпеша иборат аст, аз ҷумла Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Зулфия Тӯйчиева, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Каромат Ҳоҷиева, Аълочиёни фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодат Саломова, Шаҳодат Ҷӯраева ва Насиба Каримова ба он аъзо мебошанд.

Дар барномаи консертии ансамбл ба ҷуз таронаву рақсҳои халқӣ, инчунин савту навоҳо, саҳначаҳои ҳаҷвию мутоиба ва дигар асарҳои баландғояву замонавӣ ҷой гирифта буданд.

- Мо бо ин сафари ҳунариамон каме бошад ҳам, дар таҳкими робитаҳои фарҳангии шаҳру навоҳии вилоятҳои Суғд ва Хатлон саҳмгузор шудем, — иброз дошт дар фарҷоми суҳбат Сайрам Исоева.

Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум»