Зикри хайр

Бо номи нек умр туро ҷовидон бод!

№123 (3917) 11.10.2018

Нуриддин Рахмонов (2)Ман ӯро ҳамеша бо эҳтиром «ака» мегуфтам. Дар урф ва фарҳанги муошират ба ҳар шахси бузургсол ба нишони эҳтиром ва қаробат «ака» мегӯянд. Аммо ҳар дафъае, ки ман ӯро «ака» хитоб мекардам, ҳамеша ин ҳис дар вуҷудам аз худ дарак медод, ки ӯ воқеан бародари бузурги ман аст. Ин эҳсоси қаробати инсониро аслан худи ӯ дар дили ман илқо кард, бо самимият, бо муҳаббат, бо меҳрубонӣ, бо хулқи хуш, бо ҳамнавоӣ ва бо эҳсоси амиқу латифи инсонӣ, ки бародар нисбат ба бародар дорад. Аммо афсӯсу дареғи умри одамӣ, ки ӯ бо рафтанаш моро аз ҳама хайру хубӣ маҳрум кард. Ва дардноктар аз ҳама он аст, ки ҳеҷ чизи дигаре наметавонад ин неъмати аздастрафтаро талофӣ кунад.

Лаҳзаҳое, ки танҳо мемонам, симои моил ба табассуми Нуриддин Раҳмон дар назарам зоҳир мешавад, аммо ӯ дигар бо ман мисли пешин сухан намегӯяд, вале ҳама ҳарфи дилашро дар нигоҳаш мехонам.

Ӯ ҳамеша дар суҳбатҳо талқин мекард, ки номи некро намешавад ба инсон туҳфа кард ё аз бозор харид, онро одам бояд бо амалҳои нек соҳиб шавад.

Зиёд сухан намегуфт, аммо ҳар суханро санҷида мегуфт. Бештар мусоҳибро мешунид. Ин хислаташро ман меписандидам. Дуруст аст, ҳар кӣ бештар мешунавад, бештар фаро мегирад, бештар меомӯзад ва дар сухану назари дигарон бештар тафаккур ва тааммул мекунад. Ҳамин буд, ки ҳамеша ҳамсуҳбат­ро ботамкин гӯш мекард. Ҳангоми дидор бештар аз гузаштаҳо нақл мекард. Ба мӯйсафедон эҳтироми хос дошт. Онҳоро кони ҳикмату намунаи ибрат ва пайванди рӯзгори дирӯзу имрӯз медонист. Худаш ҳам, ба қавле, як ганҷури пурбори хотирот ва саргузашт­ҳои талху ширин буд. Барои ман ин тавонмандияш ҳамеша қобили таваҷҷуҳ буд, ки дар робита ба ҳар як мавқеият ва муносибати пешомада аз кулбори хотирот ҳикояти муносибе саршор аз зарофату ҳикмат барои гуфтан дошт. Ва иттифоқан дар баёни саргузаштҳо истеъдоди аҷибу ғариб нишон медод. Аз хотираҳои қиблагоҳаш бобои Раҳмон қисса карданро дӯст медошт. Зоҳиран, аз нақлҳояш, тавре ки бардошт кардаам, бо падар мисли рафиқ муносибат доштааст, акаи Нуриддин.

«Худораҳматӣ, бо вуҷуди он ки шахси эҳтиёҷманд буд, хайру эҳсон карданро ба муҳтоҷон бисёр дӯст медошт, — нақл кард боре акаи Нуриддин дар бораи қиблагоҳ. Ҳар гоҳ ҳоҷати ятимеро бароварда мекард, таҳти таъсири он то чанд рӯзи дигар хушҳол мегашт. Ҳамин ки нафақаашро мегирифт, барои ятимҳои кӯчаву маҳал чизе харида медод, баъд монанди як «гунаҳгор» аз худораҳматии модарам «узрхоҳӣ» мекард:

- Марям, як кор кардам, ҷангам намекунӣ? — хитоб мекард ба модарам бо оҳанги дилёбӣ.

- Боз чӣ кор кардӣ? — мепурсид модарам бо як ҷиддияти сохта, ки гӯё аз чизе хабар надорад (дар асл хулқу атвори шавҳарро хуб медонист).

- Аз сари пули нафақаам барои сағераҳои кӯча камтарак харҷ кардам.

- Кора кардӣ, нав аку мепурсӣ, — гӯё сиёсаташ мекард раҳматии модарам, аммо дар таҳи дил аз хайри сарвари хонадон хушнуд мешуд, зеро худораҳматии модарам ҳам одами бисёр дастбахайр буд. Фарзандони ятиммондаи бародарони дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ шаҳидшудаашро худ асра карда буд, аз ин рӯ, дарди бечораҳолонро хуб медонист», — қисса мекард акаи Нуриддин аз бобои Раҳмону момаи Марям.

Ман он замон дарёфтам, ки ҳисси ҳамдардиву ҳамнавоӣ бо дигарон дар тинати акаи Нуриддин ва бародару хоҳараш аз куҷо сарчашма гирифтааст. Зеро борҳо дидаам, ки ӯ ҳангоми адои некие, ки ба дигарон мекард, чӣ қадар хушҳол мешуд ва аз ғояти фараҳмандӣ чашмонаш барқ мезад ва чеҳрааш медурахшид.

Оре, ҳар кӣ қадри дигаронро бидонад, Худо хораш намекунад, балки дараҷоташро боло мебарад.

Ин ҳикматро акаи Нуриддин ба фарзандон низ омӯхтааст. Осори тарбияти падар дар одобу рафтор ва хулқу атвори фарзандонаш ҳувайдо аст. Мисли як боғбони дилсӯзе, ки ҳар як ниҳоли боғашро бо меҳр парвариш мекунад, акаи Нуриддин бо тарбияти накӯ фарзандони шоиста ба камол расонидааст.

Воқеан, ӯ боғдориро хеле дӯст медошт. Дар ин боб, агар бигӯям, ки ӯ як деҳқони асили тамомъиёр буд, муболиға намешавад. Кору заҳмати пайвастаи акаи Нуриддин дар замин, мазраъаҳои серҳосилу боғҳои пурбори бунёдкардааш далели муҳаббати амиқи вай ба касби деҳқониву қадрдонии замин аст. Заминро хуб истифода мекард. Дар ҳар қитъаи киштбоб зироат мекошт ва бар паҳнои теппаҳову пуштаҳои бекори атроф боғҳо бунёд мекард. Боғи бунёдкардааш дар деҳаи матруки падарияш Шингихо низ аллакай ҳосил медиҳад. Мардуми маҳаллӣ дар он соҳиби кор ва ризқу рӯзӣ гардидаанд. Худаш ҳам дастурхонашро ҳамеша бо ҳосили заҳмат меорост. Ман ҳеҷ гоҳ рӯи суфрааш нони бозориро надидаам. Аз гандуми деҳқонии худаш орд мекард ва аз орди деҳқонии худаш нон мехӯрд. Ин барояш мояи ифтихор буд ва ӯ воқеан ҳам ин ҳақро дошт, ки аз касбу кори деҳқонӣ биболаду ифтихор кунад.

Акаи Нуриддин Раҳмон фарди хеле нуктадон буд, аз ҳар илме баҳра дошт ва ҳамеша ҳамсуҳбатонро ба ҳайрат меовард. Кас тааҷҷуб мекард, ки шахсе якумр ба дунболи кори деҳқонӣ гаштааст, аз куҷо маълумоти ғанӣ дорад? Боре аз ӯ пурсидам, ки бо ин ҳушу заковати саршор чаро дар ягон донишгоҳ таҳсил накардед…? Посухаш хеле табиӣ ва қонеъкунанда буд:

- Солҳои навҷавонии ман бо худ мушкили зиёд дошт ва худораҳматии қиблагоҳам он замон дасттанҳо буд. Модарам доим таъкид мекард, ки дасти падарро гирем, танҳояш нагузорем. Ҳамин тавр, вақте ки аз мактаб бармегаштам, обу тӯша гирифта, ба сари замин, ба кумаки падар мешитофтам. Оҳиста-оҳиста бо замин унс гирифтам, заминро дӯст доштам, бо замин мондам. Ҳар кӣ бо замин муомила кунад, ба ивази яки додааш даҳу саду ҳазор мегирад. Баракати замин дигар аст. Ростиву саховатмандиро аз замин бояд омӯхт.

Ҳамсафари хуб буд. Вақти сафарро дақиқ барномарезӣ мекард, ки барҳадар наравад. Савғотии сафараш аз хориҷ ба Ватан бештар дастовардҳои муосири илмиву амалӣ буд. Бисёр мехост соҳаи кишварзию боғдорӣ ва парандпарварию чорводории кишвар пешрафта бошад.

Боре дар яке аз кишварҳои хориҷӣ барои дидани фермаи мурғ рафтем. Ҳарорати мурғхона баланд буду нафаскашӣ душвор. Ҳар кас тоқату таҳаммули онро надошт, вале акаи Нуриддин зиёда аз ду соат дар он ҷо монд, то ин ки бо таҷрибаи пешрафтаи онҳо шинос шавад.

Ба ноҳияи Данғара, ки мерафтам, ҳатман ба дидораш мешитофтам ва аксар вақт ӯро дар ҷойи кораш пайдо мекардам. Ӯ ҳам, агар ба Душанбе меомад, аз омаданаш моро хабар мекард. Агар дертар ба дидораш мерасидам, бо табассум мегуфт, ки: «аз шумо ба ман ҳеҷ чиз даркор нест, фақат биёед, ки суҳбат кунем».

Ҳоло суҳбатҳои ширину пурҳикмату пурмазмунашро хеле пазмон шудаам, ҷояш дигар дар канорамон холии холист. Ӯ акнун ба ҷаҳони дигар сафар кардаву ҳасрати дидори гармашро бароямон гузоштааст. Худованди бахшояндаи меҳрубон биомурзадаш, ки исони шариф ва нек буд. Бадрақаи сафари охираташ аз мо дуои неку зикри хайр аст. Ва ҳақ ба ҷониби шайх Саъдии Шерозист, ки мефармояд:

Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накӯном зист,

К-аз ақибаш зикр хайр зинда кунад номро.

Тоҷиддин ПИРЗОДА, доктори илмҳои кишоварзӣпрофессор