ҳифзи муҳити зист

Бо табиат рафоқат мебояд

№145 (3782) 07.12.2017

Иклим.Чанде пеш ба семинари омӯзишие даъват шудем, ки онро масъулони барномаи «Механизми маблағгузории устувор ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон» (КЛИМАДАПТ) барои журналистон оростанд. Татбиқи он аз феврали соли 2016 оғоз ёфта, маблағгузорӣ аз тарафи Бонки таҷдид ва рушди Аврупо, Фонди маблағгузорӣ оид ба иқлим ва Ҳукумати Муттаҳидаи Шоҳигарии Британияи Кабир амалӣ гардидааст. Маблағи умумии лоиҳа 10 миллион доллари америкоӣ мебошад ва татбиқи он моҳи августи соли 2018 ба охир мерасад. Дар ин бора роҳбари лоиҳа Ғайратзод Шалабай иттилоъ дода, афзуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ яке аз кишварҳои осебпазир ба тағйирёбии иқлим маҳсуб мешавад. Яке аз тадбирҳои зарурӣ барои кам кардани таъсири тағйирёбии иқлим эътибори ҷиддӣ додан ба истифодаи самараноки сарчашмаҳои барқароршавандаи неру, алалхусус гидроэнергетика мебошад. Аз ин хотир, дар доираи татбиқи лоиҳа ҷиҳати маълумотдиҳӣ ба аҳолӣ корҳои зиёд ба анҷом расонида шуд. Аз ҷумла, дар намояндагиҳои дар маҳалҳо ташкилшуда чорабинӣ ва тренингҳо гузаронида шуданд. Мутахассисон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, шаҳрҳои Конибодому Истаравшан оид ба обёрии қатрагӣ, бунёди гарм­хонаҳо, кофтани чоҳ ва дигар мавзӯъҳо курсҳои омӯзишӣ доир карданд. Айни замон таҷрибаи обёрии қатрагиро дар Тоҷикис­тон бисёр хоҷагиҳо истифода мебаранд. Ин имкон медиҳад, ки об сарфакорона истифода шуда, замин аз шусташавӣ эмин монад.

- Тавассути лоиҳаи «КЛИМАДАПТ» хоҷагиҳои деҳқонӣ соҳиби қарзҳои имтиёзнок гардиданд, — иброз намуд Ғайратзод Шалабай. — Тавассути ТАҚХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» ба 550 нафар 9 миллион сомонӣ қарз дода шуд. Аз теъдоди умумии қарзҳои додашуда зиёда аз 65 дарсади он ба хоҷагиҳои оилавӣ барои таъмири хона, насосу хатти об ва ғайра пешниҳод гардид. Дар соҳаи кишоварзӣ зиёда аз 10 дарсади лоиҳаҳо барои истифодаи усули обёрии қатрагӣ, бунёди гармхонаҳо, кофтани чоҳҳои амудӣ равона шуданд.

Тибқи маълумотномае, ки аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагии Миссияи Шарқ дар Тоҷикистон бо дастгирии ширкати «Вавилон-Мобайл» таҳти унвони «Маълумоти омӯзишӣ оид ба тағйирёбии иқлим» ба нашр расидааст: «Сабаби асосии тағйирёбии иқлим дар сайёра ифлосшавии атмосфера дар натиҷаи фаъолияти инсон аст. Ин тағйиротро натиҷаи гарм­шавии атмосфераи замин ё ба таври дигар гармшавии глобалии замин меноманд. Болоравии ҳарорати ҳаво то 2-3 оС деградатсияи яхбандиро пурзӯр мекунад. Тибқи пешгӯйиҳо, дар Тоҷикистон солҳои охир ҳазорҳо пиряхи хурд аз байн рафтааст».

Дар китоби олимони тоҷик С. Тоҳиров ва Н. Искандаров «Обнома» (Душанбе, «Ирфон», соли 2010) аз ҷумла омадааст: «Тӯли асри ХХ пиряхҳои «Гармо» (дар ҳавзаи Обихингоб) қариб 7 км, Баралмос, Музғоз, Суғон аз 1 то 6 км, Соукдараи калон ва Тандикӯл 2 км, Валӣ, Дзержинский, Соукдараи хурд аз 3,5 то 4 км кӯтоҳ шуда, пиряхҳои «Рама» дар 25 сол (1966-1991) 356 м, Нусояку Батрутӣ аз 1 то 1,5 км қафо рафтаанд, мавзеи пиряхи «Хирсон» 450 м поён фаромада, пиряхи Федченко 50 метр қафо рафта, 54 млн. м3 обашро талаф додааст. Ба ибораи дигар, пиряхҳои силсилакӯҳҳои Тибету Анди Перу (Маранон), Ҳимолою Қароқум ва Помир метавонанд ҳар вақт обхезии фалокатоваре ба вуҷуд оранд, ки мислаш дар даҳсолаҳои охир нашудааст. Пиряхҳо ҳамеша дар ҳаракат мебошанд ва дар як шабонарӯз то даҳҳо метр ҳаракат мекунанд. Аз ҳама пиряхи серҳаракат Хирсон буда, он дар баландии 4700-5000 метр воқеъ аст ва ҳаракати ваҳмангезаш (моҳи апрели соли1963) 5-100 метрро дар як шабонарӯз ташкил дод. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 14500 пиряхи хурду калон мавҷуд мебошанд».

Баланд бардоштани маърифати экологӣ имрӯз хеле зарур мебошад, зеро ҳастанд инсонҳое, ки ҳолати иқлим онҳоро ба ташвиш намеорад, бепарвоянд ва муносибати сарди худро ба табиат идома медиҳанд.

Лаҳзае, ки ташнагиро эҳсос кардем, оби роҳатбахшро нӯши ҷон мекунем ва Худоро шукр мегӯем, ки ин неъмати бебаҳоро бароямон арзонӣ додааст.Нафари дигаре обро ифлос менамояду парво надорад. ­Баъзеҳо ба об ҳар гуна партовро мерезанд ва намеандешанд, ки он ба саломатии дигарон зарар мерасонад. Худамон мехоҳем, ки оби менӯшидаамон тоза бошад, вале онро ифлос карда, сӯйи дигарон равон мекунем. Магар ин аз рӯйи инсоф аст?

Бояд табиатро дӯст дорем, дар тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф бетараф набошем. Ба ибораи дигар, бо табиат дар рафоқат бошем.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»