Бобохон Ҳамдамов кӣ буд?

№11 (3961) 26.01.2019

Порае аз рӯзгори нахустин раиси Суди Олии мамлакат

Бобохон Ҳамдамов, яке аз муассисони сохтори судии кишвар ва нахустин раиси Суди Олии РСС Тоҷикистон, зодаи Кӯҳистони Мастчоҳ аст.

Осорхонаи ӯ, ки дар масофаи 10 километр аз маркази ноҳия, дар деҳаи Зарафшон, кӯчаи Бобохон Ҳамдамов 42 воқеъ гардидааст, 25 ноябри соли 2012 ба шарафи 110- солагиаш таъсис ёфт. Дар ибтидо он аз даромадгоҳ ва як хона иборат буду хусусӣ ба ҳисоб мерафт.

Бобохон Хамда- Хушбахтона, бо дастгирии МИМҲД-и вилояти Суғд ва МИМҲД-и ноҳияи Ҷаббор Расулов 26 ноябри соли 2016 ба осорхонаи давлатӣ табдил дода шуд. Дар ин кори хайр мудири бахши фарҳанги ноҳия Фатҳиддин Юсуфӣ саҳми босазо гузоштааст, — мегӯяд Муҳаббат Ҳамдамова, духтари Бобохон Ҳамдамов, ки роҳбарии осорхонаро ба дӯш дорад.

Ӯ афзуд, ки баъди мақоми давлатӣ гирифтани осорхона ба он таваҷҷуҳи масъулин зиёд гардид ва боргоҳ боз соҳиби ду утоқи дигар шуд. Ҳоло он аз даромадгоҳ ва се ҳуҷраи равшану барҳаво иборат аст. Дар хонаи аввал асбобу ашё, либосҳо, сӯзаниву борпӯшу рӯйҷо ва олоти ҳунармандиро ҷой додаанд, ки баёнгари замони наврасии Бобохон Ҳамдамов ва солҳои аввали Ҳокимияти Шӯравӣ дар Тоҷикистон мебошанд.

- Он ҳама ашё аз шаҳру ноҳияҳои Истаравшан ва Кӯҳистони Мастчоҳ ҷамъоварӣ шудаанд, ки ба авлоду аҷдоди падару модарам тааллуқ доранд, — гуфт Муҳаббат Бобохоновна.

Дар ҳуҷраҳои дуюм ва сеюм, ки нисбатан калон мебошанд, нигораҳо, мадракҳо аз рӯйи тартиб дар ҷевонҳо чида шуда, расм ва нусхаи асноди давлатӣ дар девор насб гардидаанд. Ҳамчунин, асбобу анҷом, сарулибос, туҳфаҳои давлатӣ, ба монанди ҷомаву соат, дафтару қалам, китобҳо бо алифбои арабӣ, намунаи аризаву мактубҳо, амру фармоиш, қарору қонунҳои мутааллиқ ба солҳои 20-30-и асри гузашта дар Тоҷикистон, асарҳои олимону нависандагон бахшида ба кору рӯзгори Бобохон Ҳамдамов ҷой дода шудаанд.

Сурату расмҳои дар деворҳо насбгардида роҷеъ ба паҳлуҳои гуногуни кору зиндагии Бобохон Ҳамдамов маълумот медиҳанд. Дар онҳо, аз ҷумла, шахсиятҳои маъруфи кишвар, ба монанди Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум ва имзои онҳо дар ҳуҷҷатҳо ба назар мерасанд. Дар миёни асарҳои ба Бобохон Ҳамдамов бахшида китобҳои академик Аҳрор Мухторов, нависанда Ҷалол Икромӣ, публитсист Карим Абдулов ва бисёр шахсиятҳои маъруфи кишвар ҷойгиранд.

Аз ёддоштҳо бармеояд, ки Бобохон Ҳамдамов аз овони ҷавонӣ бо роҳи худомӯзӣ аз таъриху адабиёти миллат бархӯрдор гардида, сиёсати давлати ҷавони шӯравиро дар байни омма тарғиб мекардааст. Барои мустаҳкам намудани Ҳокимияти Шӯравӣ мубориза бурда, адолату ҳақиқатро пойдор сохт. Аз роҳбаладии аскарони сурх то раисии ҷамоати деҳоти «Палдорак»-и ноҳияи Мастчоҳ, раиси Комиҷроияи вилояти Ӯротеппа, раиси суди ду округ-Ӯротеппаю Панҷакент, раиси Комиҷроияи шаҳри Сталинобод ва раиси Суди Олии РСС Тоҷикистон сабзида расид.

Дар мавриди фаъолияти Бобохон Ҳамдамов муаррих Давлати Даврон дар китоби «Родмарди ҷонфидо» (Душанбе, «Ирфон», 2001) менависад, ки тайи солҳои 1925-1926 дар Тоҷикистон судҳои халқии округӣ ва шуъбаи Тоҷикистонии Суди Олии РСС Ӯзбекистон таъсис ёфт. Дар ҳайати раёсати шуъбаи мазкур, ки органи олии судии РАСС Тоҷикистон буд, гурӯҳи кассатсионӣ ва ҳакамҳо оид ба корҳои ҷиноӣ амал мекарданд.

Моҳи июни соли 1927 бо қарори Кумитаи иҷроияи марказии РАСС Тоҷикистон шуъба ба Суди мухтори РАСС Тоҷикис­тон табдил ёфта, фаъолиятро дар ҷумҳурӣ ҷорӣ кард. 26 октябри соли 1929 бо қарори КИМ Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон Суди Олӣ таъсис ёфт ва аввалин раиси он Бобохон Ҳамдамов таъин гардид.

Хонандаи имрӯз шояд бовар накунад, вале раиси Суди Олӣ дар он давру замон ба ҷуз иҷрои вазифа, ҳамчунин, ба муқобили босмачиён ҷангид, нахустин колхозҳоро ташкил кард, ба сокинони мавзеъҳои дурдаст озуқаву тухмӣ бурд… Бобохони ҷавонро гоҳ дар Аралу Қизилмазору Кангурт, гоҳ дар Данғараву Шаҳринаву Ҳоиту Кӯлоб дидан мумкин буд. Бо вуҷуди сарсупурдагӣ ва хизмат ба Ватан ӯ бар асари буҳтони душманон ду маротиба ҳабс шуд, вале ҳар ду дафъа ҳам бегуноҳиашро собит сохт.

Ӯ соли 1956 сарварии муҳоҷирони мастчоҳиро дар азхудкунии заминҳои бекорхобидаи ноҳияи Пролетар (ҳозира Ҷаббор Расулов) ба уҳда гирифта, дар ободу шукуфо сохтани мавзеъ саҳми арзанда гузоштааст.

Хизматҳои Бобохон Ҳамдамов бо орденҳои «Байрақи Сурх», «Нишони фахрӣ», медалҳои «Барои меҳнати шуҷоатнок дар давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», «Барои меҳнати шоён», «Ветерани меҳнат», грамотаҳои Фахрии КМ ПК Тоҷикистон, Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон ва ғайра қадрдонӣ шудааст. Дар маркази деҳаи Зарафшони ноҳияи Ҷ. Расулов нимпайкараи биринҷиашро гузоштаанд. Дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ ва шаҳри Душанбе кӯчаҳо номи ӯро гирифтаанд. Дар осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ (дар он ҷойҳое, ки ӯ хизмат кардааст) «Гӯшаи Бобохон Ҳамдамов» мавҷуд аст ва имрӯзиён бо корномаҳои ӯ ошно мегарданд.

Ҳақ ба ҷониби шоир аст, ки гуфтааст:

Зиндаву ҷовид монд ҳар кӣ накуном зист,

К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»