Бонуе, ки сабадҳои бофтаашро хориҷиён армуғон мебаранд

№42 (3836) 05.04.2018

DSC02671Сабадбофӣ дар қатори дигар ҳунарҳои халқи тоҷик, аз қабили атласу адрасбофӣ, кешбофӣ, гилембофӣ, палосбофӣ, табақтарошӣ, сандуқсозӣ ва оҳангарӣ хеле қадима буда, аз насл ба насл то ба имрӯз расидааст.

Солҳои пеш мардуми тоҷик сабадро барои нигоҳ доштани тармева, меваи хушк ва маҳсулоти кишоварзӣ васеъ истифода мекарданд. Он на танҳо барои интиқолу нигоҳдорӣ, балки ҳамчун зарф амалҳои зиёдеро ба сомон мерасонид. Онро аз химчаи тари дарахти зарбед ва шулашу тут мебофтанду ягон хел рангубор надошт. Бо гузашти вақт дар сабадбофӣ низ дигаргунӣ ба амал омад. Тадриҷан дар байни мардум сабадбофони моҳир пайдо шуданд, ки маҳсули дасташонро ороиш дода, ба бозор мебароварданд.

Сабадбофӣ аслан кори мардон аст. Барои иҷрои он усто бояд ҷисман боқуввату дар бофтан чусту чолок бошад.

Вақте ки зан дар сабадбофӣ машғул ва номдор аст, ҳайратовар менамояд. Мавлуда Асоева аз зумраи он бонувон аст, ки ҳунари қадимаи сабадбофиро интихоб кардааст. Ӯ сокини деҳоти «Баҳор»-и шаҳри Ваҳдат буда, даҳсолаҳои охир сабадбофиро шуғли аслии худ қарор додааст. Ба маҳсули ҳунараш дар қатори сокинони деҳот, инчунин сайёҳони хориҷӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Дар натиҷаи такмил додани ҳунар Мавлуда солҳои охир сабадҳоро мувофиқ ба завқу хоҳиши сайёҳони дохилию хориҷӣ тайёр мекунад. Маҳсули дастони ӯ хеле ҷолибанд ва яке аз дигаре зеботар буда, бинандаро тасхир менамояд. Мавлуда пешаи интихобкардаашро хеле дӯст медорад ва пайваста мекӯшад, ки сабадҳои зебои гуногунро омода намуда, пешкаши мизоҷон гардонад. Маҳсули эҷоди ин бонуи сабадбоф ба ҳамдигар шабоҳат надоранд ва ҳар яке бо тарзу усули хос офарида мешаванд.

- Ҳунари сабадбофиро аз модарам, дар синни 15 омӯхтам ва беш аз понздаҳ сол мешавад ба он машғулам, — мегӯяд Мавлуда Асоева.

Дар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ин бонуи гулдаст азм дорад, ки барои муаррифии бештари маҳсулоташ сабадҳои ҷолибтар офарад. Барои фаъолияти ин зумра ҳунармандон дар деҳоти «Баҳор»-и шаҳри Ваҳдат шароит фароҳам аст.

Чанде пеш ташкили намоишгоҳ дар иртибот ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» собит намуд, ки таваҷҷуҳи ҷавондухтарон барои аз худ кардани ҳунарҳои мардумӣ дар деҳоти «Баҳор» рӯ ба афзоиш ниҳодааст.

Иттилоъ гирифтем, ки маҳсули дастони зебоиофари Мавлуда Асоева ва занону духтарони деҳоти «Баҳор» дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат ба фурӯш гузошта шудаанд. Муҳимтар аз ҳама, ҳар як сайёҳи дохилӣ ва хориҷӣ ҳатман сабадҳои зебои Мавлударо барои пайвандони худ дастовез мегиранд, зеро маҳсули ӯ ва дигар занону духтарони деҳоти «Баҳор» хеле назаррабоянд.

Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»