Бонувон ҳунар меомӯзанд

№119-120 (3420-3421) 07.09.2015

Бо мақсади таъмини иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рушди қолинбофӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ» дар як қатор деҳоти ноҳияи Ғончӣ корҳои нек анҷом ёфта истодаанд. Аз ҷумла дар се деҳаи деҳоти «Яхтан» марказҳои таълимию истеҳсолӣ ташкил шуда, мавриди истифода қарор гирифтанд.

- То ифтитоҳи ин марказҳои таълимӣ як зумра духтарону занони хонашин аз деҳаҳои «Лолазор», «Хуштоири Мухлон» ва «Даштикон» дар Маркази таълимию истеҳсолии «Шероз» (воқеъ дар шаҳри Хуҷанд) касбҳои қолинбофӣ, атласбофӣ ва адрасбофиро омӯхта, соҳиби сертификат шуданд. Шаст нафар занону духтарони ин деҳаҳо имрӯз паси дастгоҳҳо нишастанд,- гуфт дар суҳбат мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ғончӣ Зебунисо Азимова.

Барои муҳайё намудани дастгоҳҳои корӣ соҳибкорони маҳаллӣ Мурод Мансуров, Йӯлчибой Шукуров, Қосим Қосимов дасти мадад дароз кардаанд.

Қобили зикр аст, ки дар ноҳияи Ғончӣ то имрӯз зиёда аз 150 нафар занон ҳунари қолинбофӣ ва бештар аз даҳ нафар атласу адрасбофиро омӯхта, соҳиби ихтисос гардидаанд. Акнун онҳо дар маҳалҳо фаъолияти хешро ба роҳ монда, ҳам шогирд тарбият мекунанду ҳам маҳсулот истеҳсол менамоянд.

Ҳ. НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»