«Боргоҳи Ҳофиз» — ганҷинаи бебаҳои таъриху фарҳанг

№8 (4428) 08.01.2022

11Боиси хушнудист, ки солҳои охир таваҷҷуҳ ба гузаштаи миллат афзуда, байни фарзандони миллат нафароне низ ҳастанд, ки умрро сарфи омӯзиши таъриху фарҳанг ва тарғибу ташвиқи он кардаанд. Яке аз онҳо муассиси Осорхонаи хусусии «Боргоҳи Ҳофиз»  Абдулҳафиз Давлатов (Ҳофизи Давлатмандиён) аст.

Номбурда, ки соли гузашта ба синни 60 даромад, умри бобаракатро сарфи  ҷамъоварии китобу мусаввара ва ёдгориҳои таърихӣ кардааст.

Ӯ моро дар суҳбаткадаи кандакоришудаи ҳавлии осорхона истиқбол намуд.

-Ҳашт бародарем ва ин суҳбаткада низ ҳашт сутун ва ҳашт кунҷ дорад, — изҳор намуд мизбон. Маълум гардид, ки суҳбаткадаро 13 устои дуредгару кандакор дар тӯли даҳ моҳ ­бунёд кардаанд. Бо фармоиши Ҳ. Давлатмандиён сутуну тахтаҳои заруриро устоҳо аз Федератсияи Россия овардаанд.

 Дар ҳавои сард моро дар суҳбаткада пешвоз гирифтани мизбон бароямон ҳайратовар набуд. Ин гӯшаи зебо барои суҳбат дар фасли сармо низ мутобиқ гардидааст. Онро «боронӣ»-и зебое пӯшонидаанд, ки мизбонону меҳмононро аз намиву сармо ҳифз менамояд. Мизу курсиҳои суҳбаткада низ ба сутуну шифти зебо ҳамнаво буданд.

Дар ҳавлии осорхона таваҷҷуҳи меҳмононро се санг ҷалб менамояд. Дар дутои он  тасвирҳои қадимаи ҳайвоноти гуногун, аз ҷумла асп ва буз, ба назар мерасанд. Тибқи маълумоти мавҷуда, ин тасвирҳо таърихи даҳҳазорсола доранд. Санги бузургтар гранит, ки аз квартс, плагиоклаз, шпати калийдор, биотит ва мускавит таркиб ёфтааст, зичии он 2600 кг. дар як метри мукааб аст. Он 5 тонна вазн дорад ва ҳаҷмаш аз ду метри мукааб бештар мебошад.

Пас аз шунидани таърихи сангҳо вориди осорхона гардидем. Аз зинаҳои нахустини даромадгоҳи бино эҳсос мегардад, ки ҳар ваҷаб бо завқи хеле баланд бунёд шуда, зебову назаррабост.

Яке аз нигораҳои нахустине, ки мизбон ба мо муаррифӣ намуд, рояли сафедест, ки торҳояш нуқрагианд. Дар бораи ин нигораи осорхона мизбон гуфт, ки онро ҳамсари адиби машҳури русзабони тоҷик — Темур Зулфиқоров дӯст медоштааст. Роял дар гӯшаи махсусе ҷой гирифта, дар наздаш курсии зебое гузошта шудааст.

10 - Азбаски шумо  кормандони рӯзнома ҳастед, тамошоро аз бахши матбуот оғоз мекунем, — гуфт Ҳофиз ва дари нахустини долони дарозро, ки  боз чанд дари дигар дорад, боз намуд. Дар болои мизи калон «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров, акси Аҳмадшоҳи Масъуд ва чанд китобу рӯзнома гузошта шудаанд.

- Бо Аҳмадшоҳи Масъуд дӯстӣ доштем, — дар назди миз лаҳзае таваққуф кард Ҳофиз аз акс чашм набардошта.

Китоби нахустини қатори чап «Қуръон» аст. Тибқи баҳои мутахассисон, он беш аз 1100 сол дорад, вале ҳаҷман хурд аст. Дар назди тиреза, болои миз «Қуръон»-и дигар гузошта шудааст, ки беш аз 70 см дарозӣ дорад. Он хеле фарсуда аст, ки метавонад далели қадимӣ буданаш бошад. Бахши рӯзномаҳоро саҳифаи замимавии 95-уми рӯзномаи «Полярная звезда» – «Колоколъ» оғоз менамояд, ки 1 апрели соли 1861 нашр шудааст.

 Силсилаи рӯзномаҳои «Всемiрная новь» («Хабарҳои ҷаҳон») ба соли 1912 тааллуқ доранд. Дар осорхона бо забони русӣ ҳамаи 737 нашри китоб аз силсилаи ЖЗЛ — «Жизнь замечательных людей» («Рӯзгори одамони наҷиб»), 36 ҷилд «Боль­шая медицинская энцик­лопедия» маҳфузанд.

- Соли 2004, вақте ки собиқ сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон ҷаноби Пешков дар бораи беш аз 20 китоби давраи империяи Россияро доштани ман огаҳӣ меёбад, бовараш намеояд, — мегӯяд Давлатмандиён. — Пас аз дидани бахши китобҳо ҳайраташ дучанд афзуд.

Дар дафтари қайдҳои меҳмонони осорхона чандин вакилони Думаи давлатӣ, профессорону докторҳои илм ва адибони Федератсияи Россия ба муассис миннатдорӣ намудаанд. Далели ин ба ӯ супорида шудани Ҷоизаи асосии Россия  «Российский националный олимп» («Қуллаи баландтарини миллии Россия») барои солҳои 2000 — 2004 аст.

Нигораи дигар — «Надписи на портале мечети» («Навиштаҷоти пештоқи масҷид») ба қалами олим А.Семёнов тааллуқ дошта, соли 1908 таълиф гардидааст. Дар он оид ба шаҳри Деҳистон ва масоҷиди он сухан меравад, ки дар фалоти Машҳади Мисриён (вилояти  кунунии Балкани Туркманистон)  асри III  бунёд гардидааст.

Деворҳои осорхонаро тас­вирҳои чеҳраҳои адибони классики форсу тоҷик  оро медиҳанд, ки бо фармоиши А. Давлатов офарида шудаанд. Вале тасвири фалсафии муаллифи номаълум, ки Абдулҳафиз онро ҳанӯз дар давраи донишҷӯӣ ба даст оварда, «Фаслҳои умри инсон» меномад, барояш хеле азиз аст. Афсӯс, ки мусаввараи мазкур аз ҷониби нохалафе сахт осеб дидааст…

Таърихи нигораи зерин низ басо ҷолиб аст. Соли 2002 қаҳрамони мо ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафари хидматӣ дошт. Дар яке аз муассисаҳои фарҳангии он кишвар тасодуфан нигоҳаш ба ин тасвир афтод, ки дар он ҷавонписаре бо сурнай ва духтараке доирадаст дар байни қуллаҳои осмонбӯс тасвир ёфтаанд. Тасвир барояш гарм намуд ва зеҳн монда, дар атрофи он чунин навиштаро хонд: «Слава Советскому Таджикис­тану!».

Ба касе чизе нагуфт. Ҳарчанд рӯзи дигар муҳлати сафари хидматиаш ба охир мерасид, ҳамроҳонашро ба Ватан гусел намуда, ду рӯзи дигар он ҷо монд ва тасвирро дастрас намуд…

Мусаввараи дигари ҷолиб аспи дӯстдоштаи Искандари Мақдунӣ — Бутсефал ё Буткефал аст, ки Плутарх «буққасар» номидааст.

Шашуми июни соли 2020 дар китоби «Аспҳои осмонӣ» («Небесные кони») мақолае бо номи «Олимон муайян карданд, ки Бутсефал-аспи Искандари Мақдунӣ чӣ гуна сурат дошт» ба табъ расид. Дар он омадааст, ки ин аспро ба шоҳи Македония Филиппи II савдогаре бо номи Филоник пешниҳод менамояд, ки худ аз уҳдаи ром кардани асп набаромадааст. Ӯ қимати аспи зоти ахалтекии номдорро 13 талант муқаррар мекунад. Филиппи II ба харидани асп розӣ намешавад, зеро 13 талант ба 340 кг нуқра баробар будааст. Искандари 10 — сола шоҳиди ин муомила буд ва падарро таъна мезанад, ки аз тарси ром карда натавонистан аспро харидан намехоҳад.

- Агар ту ин аспро ром карда тавонӣ, онро барои ту мехарам, — мегӯяд шоҳ. Искандар, ки аз сояи худ тарсидани аспро эҳсос намуда буд, аввал пушти онро ба тарафи офтоб мегардонад, пасон сару гарданашро андаке молиш дода, савор мешавад…

То ҳол дар бораи Бутсефал филмҳои зиёде ба навор гирифта шуда, аксар мусаввирони машҳур сурати онро ҷовидонӣ намудаанд. Эҳсос мегардад, ки Бутсефали «Боргоҳи Ҳофиз» низ  тасвири одӣ нест.

Дар танаи чойҷӯш ё самовари русӣ пайи 15 муҳрро дидан мумкин аст. Чойҷӯш қадимӣ буда, замони сохта шуданаш маълум нест. Вале муҳрҳои зикршуда далели онанд, ки он 15 кишварро «сайр намудааст».

9Ҳамчунин, чанд табақро дидем, ки яке аз онҳо ба муносибати 90-солагии раиси машҳури хоҷагии номдори ба номи Ленини ноҳияи Восеъ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Миралӣ Маҳмадалиев тарошида шудааст. Табақи дуюм ба давраи хурӯши босмачигарӣ — соли 1921 рабт дошта, дар минтақаи Ховалинг генерали турк Анвар-пошо, ки Амир Олимхони ба Афғонистон фироркарда фармондеҳи кулли босмачиён ва муҷоҳиддин таъин намуда буд, ҳамроҳи Давлатмандбой аз он хӯрок хӯрдаанд.

Ба гӯшаи пластинаҳо-қартаҳои сабти овоз мерасем. Абдулҳафиз Давлатов чунин ба ёд овард: «Тасодуфан дар суҳбате шунидам, ки сабти овози ҳунармандони давраҳои аввали ташкилшавиии Ҷумҳурии Сотсиалистии Тоҷикистон, мисли Хоҷа Абдулазиз Абдурасулов, Содирхон Ҳофизи Бобошарипови Хуҷандӣ ва дигарон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҳфузанд, аммо дар Тоҷикистон пайдо кардани онҳо имконнопазир аст. Худро нороҳат эҳсос карда, бо доктори илмҳои таърих, профессор, Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон  Аскаралӣ Раҷабзода машварат ва аз ӯ хоҳиш намудам, ки сабтҳои дар Ӯзбекистон мавҷудбудаи сарояндагони тоҷикро ба Тоҷикистон биёрад. Номбурда ин корро ба зимма гирифту сурудҳоро дар пластинаҳои «тиллоӣ» сабт намуду овард. Мо сабтҳоро ба Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ супоридем».

Хизматҳои Абдулҳафиз Давлатов бо медали «Хизмати шоиста» қадр гардидаанд. Вале ӯ дар ин бора чизе намегӯяд. Хоксор аст. Дар бораи он низ намегӯяд, ки ба кадом муассисаву ташкилот чӣ миқдор китоб ҳадя кардааст.

Ифтихори ӯ аз он аст, ки ба шарофати китоб ва нигораҳои осорхона шахсиятҳои бузургу наҷиб ба манзили ӯ қадам ранҷа намудаанд. Дари «Боргоҳи Ҳофиз» барои алоқамандони таъриху адабиёт ҳамеша боз аст.

Н. НИЗОМӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Н. АЛИЕВ