Босмачипарастӣ дар «Ёддоштҳо»-и Аҳмад Закӣ

№62 (4012) 30.05.2019

Бахши понздаҳуми «Ёддошт­ҳо»-и Аҳмад Закӣ – зархариди инглисҳо ва яке аз пештозони ҳаракати босмачигарӣ, таҳти унвони «Фаъолияти ҳаводорони амир» аз силсилаи «Саргузашти босмачиён» тавассути пойгоҳи иттилоотию таҳлилии «Кимиёи саодат» мунташир гардид. Мутарҷим ва омодакунандаи китоб Сайидюнус барои сафед кардани босмачиён ва ба сифати қаҳрамонони миллӣ ҷилва додани онҳо ҷаҳду талош меварзад.

Чанд сол аст, ки ӯ пойгоҳи худро ба формати нави мубориза ва муқовимат алайҳи болшевикон, ки душмани сарсахти режимҳои динӣ — мазҳабӣ буданд, табдил додааст. Аз ин лиҳоз, «Ёддоштҳо»-и Аҳмад Закиро пурра тарҷума мекунад ва барои ривоҷи идеяи босмачигарӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз имконоти фаннӣ-техникӣ ва сиёсӣ — идеологӣ истифода мебарад.

Бахши понздаҳуми «Ёддошт­ҳо» саргузашти босмачиён ва саромадони ҷараёни босмачигариро, ки Анварпош­шо аз калидитарини онҳо маҳсуб меёфт, баён медорад. Симоҳои ёддоштӣ — босмачӣ Алиризо, Ҳоҷӣ Сомӣ, Усмон Хоҷа ва дигарон аз тарафи муаллиф мавриди тавсиф қарор мегиранд. Аҷибаш ин аст, ки Анварпошшо, ки симои калидии таҳрики ҳаракати босмачигарӣ ва намояндаи расмии ҳукумати англис будааст, ба сифати як мазлум ҷилва менамояд, ки мантиқӣ нест. Зеро Анварпошшо нафаре буд, ки дар миёни босмачиён ва лидерони ҳукумати амирӣ обрӯ ва нуфузи баландро соҳиб буд. Дигар ин ки амирсолории Бухоро баъди сарнагун шудани амир Олимхон дар хидмати империализми байналхалқӣ, ки Анварпошшо намояндаи содиқаш ба шумор мерафт, қарор дошт. Барои ба тахти амирӣ баргаштан Олимхони муҳоҷир аз хидмати босмачиён ва сарвари онон Иброҳимбек истифода мебурд. Аз тарафи дигар, Анварпошшо ба он дараҷа заиф ва нотавон набуд, ки як лақай ӯро мавриди фишор қарор бидиҳад ва бандӣ намояд. Баръакс, ҷосуси англис ба хотири таҳрики мардум алайҳи болшевикон ва таҳким бахшидани ҷабҳаи босмачиён ба Бухорои Шарқӣ «ташриф» оварда буд. Бар илова, Аҳмад Закӣ ба Анварпошшо хусумати шахсӣ ҳам доштааст. Ин нуктаро аз навиштаҳои ӯ, махсусан навиштаи ахири муаллиф ба таври мустақим ва ғайримустақим дарёфтан мумкин аст. Ин аст, ки Аҳмад Закӣ аз худ қаҳрамонсозӣ карда, ба хотири боло бурдани хидматҳояш воқеиятҳои таърихиро таҳриф намудааст.

Ва аммо Сайидюнус тавассути тарҷума ва нашри «Саргузашти босмачиён» босмачиёнро ҳомиёни ватан ва муборизони роҳи озодӣ муаррифӣ мекунад. Аҷиб аст, ки ин муҳаққиқ ҳатто пурсише ба ин мазмун матраҳ намесозад, ки мудофеони роҳи «озодӣ» чӣ касоне будаанд ва оё ба миллати тоҷик ва қишри зиёиёни миллӣ иртибот доштанд ё не?

Ҳадафи босмачиён ва лидерони онҳо бозгашт ба низоми амирсолорӣ ва аз байн бурдани низоми давлатдории дунявӣ буд. Дигар ин ки лидерони босмачӣ, мисли Иброҳимбек, Фузайл Махсум, Давлатмандбек, Кӯри Шермат, Қарохон — бий, Туғай — сарӣ, Абдураҳмони мингбошӣ ва амсоли инҳо хостори барқарории салтанати амирӣ буданд ва пуштибонони ҷараёни босмачигарӣ маҳз ҳамон орзуро дар дил мепарваранд.

Албатта, барои босмачипарастони мазҳабӣ, ки ҷонибдорони сохти пешина мебошанд, бозгашт ба сохти амирӣ марҷаи ақидатӣ ва мафкуравӣ — сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Аммо барои мардум ва зиёиёни асили тоҷик босмачӣ ва ҳаракати босмачигарӣ ҳаргиз ба унвони ҷунбиши миллӣ — озодихоҳӣ шинохта ва пазируфта нахоҳад шуд. Босмачиён хизмати амир ва сохти амириро мекарданд ва ин аслро наметавон бо таҳрифоти гуногун, аз ҷумла, нашри ёддоштҳое, аз қабили «Ёддоштҳо»-и Аҳмад Закӣ аз миён бурд. Баръакс, бо гузаштаи солҳо ва асрҳо ин ҳаракат ба сифати ҳаракати зиддимиллӣ ва зиддиозодихоҳӣ  муаррифӣ гардида, ба он баҳои сазовор дода хоҳад шуд. Дер ё зуд нафароне, ки ба ҷунбиши босмачигарӣ ва ҳаракатҳои баъдинаи мазҳабӣ, ки дар шакли необосмачиён зуҳур кардаанд, шомил гардидаанд, ба нафрини  муқаррари халқу Ватан гирифтор хоҳанд шуд.

Фаридун ОРИЁӢкоршиноси умури сиёсӣ