Андеша ва пешниҳод

Боз як «корвон»-и дигар лозим аст

№112 (3749) 21.09.2017

Имрӯз ба пойтахти ҷумҳурии азизамон – шаҳри Душанбе назар мекунему дил аз фараҳ лабрез мешавад. Рӯзе нест, ки дар ин шаҳри дилоро иншооти маъмурӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, марказҳои савдо ва ғайра мавриди истифода қарор нагирад.  Ба шарофати тинҷию осоиштагӣ фаъолияти бозору марказҳои дигари савдо, муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ ва варзишӣ рушд мекунад

Бозорҳо симои шаҳрҳоро муайян месозанд. Душанбе ҳам бозорҳои хурду бузург дорад. Аз ҷумла, бозори «Корвон» маркази бузурги тиҷоратии пойтахт ба ҳисоб меравад ва тавассути он бисёр ҳамватанон соҳиби кору шуғли доимӣ гаштаанд.  Ҳар рӯз аз кунҷу канори шаҳр ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ садҳо нафар ба ин ҷо омада, молу маҳсулоти заруриро бо нархи дастрас пайдо менамоянд. Бинобар омадурафти одамони зиёд, тамбашавии нақлиёти автомобилӣ дар роҳҳо мушкилот ба вуҷуд омадааст. Растаю дӯконҳои якрангу дорои молу маҳсулоти якхела низ зиёданд, ки харидор наметавонад ба осонӣ ва дар муддати кӯтоҳ ашёи заруриашро пайдо намояд. Муомилаю муносибати харидорону фурӯшандаҳо низ беҳбудӣ мехоҳад. Ҳамчунин, одамон харҷи зиёд намуда, барои харидории молу маҳсулот ба ин гӯшаи шаҳр меоянд. Биноан, хуб мебуд, ки чунин як маркази тиҷоратӣ дар дигар гӯшаи шаҳр низ бунёд меёфт.

Масалан, дар қисмати шарқии пойтахт дар замони шӯравӣ корхонаҳои зиёди истеҳсолӣ, анборҳои молу маҳсулот фаъолият доштанд, ки имрӯзҳо аксарияти онҳо барҳам хӯрдаанд ва ё фаъолияташон маҳдуд гаштааст. Чунончӣ, дар паҳлӯи маҳаллаи Обшорон иншооти собиқ заводҳои  оҳану бетон, коркарди чӯбу тахта, таъмири автомобилу экскаваторҳо, истеҳсоли қубурҳои ба фишор тобовар, базаи автомобилӣ ва ғайраро метавон ба бозори калоне мисли «Корвон» табдил дод. Ин имкон медиҳад, ки боз садҳо сокини пойтахт ва гирду атрофи он соҳиби кор шаванд ва сокинони ВМБК, минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, навоҳии Рашт, Файзобод, Ваҳдат, як қисмати ноҳияи Рӯдакӣ дохили шаҳр нашуда, молу маҳсулот харидорӣ кунанд ва бо сарфи камтари маблағу сӯзишворӣ онро ба минтақаҳои дигар интиқол диҳанд. Ин ҳолат шиддатнокии ҳаракати нақлиётро паст мекунад, дар пойтахт низоми ҳаракати нақлиёт беҳтар ва аз ҷиҳати экологию тозагӣ низ вазъият хубтар мешавад.

Боз як омили қобили таваҷҷуҳ он аст, ки ин мавзеъ дар паҳлӯи роҳи оҳани Душанбе — Ёвон- Қӯрғонтеппа- Кӯлоб ҷойгир аст ва барои таъмини бозор бо молу мавод, сабзавоту дигар маҳсулот ва  интиқоли бору мусофирон  метавон аз нақлиёти қулай ва арзон – қатора истифода бурд. Ба илова, чанде пеш дар ин минтақа терминали зебои нақлиётии «Озод Транс» ба фаъолият шурӯъ кард, ки он низ метавонад  ба рушди бозори нав  мусоидат намояд.

Дар мавриди бозорҳо зикри  як нуктаи дигарро низ ҷоиз медонам: бозорҳои замонавие, ки ҳоло бунёд меёбанд, табиист, ки тақозои замонанд, аммо бояд ба менталитети шарқиёна  мувофиқ бошанд. Барои ҳар як навъи маҳсулот бояд растаҳои алоҳида ҷудо карда шавад ва вобаста ба сифати маҳсулот нарху наво якхела набошад. Ташкили рақобати дӯстона ва ҳалол омили пешрафти кор мегардад. Дар растаҳо насби навиштаҷоти пандомези бузургони илму маърифат ва дастуру таъкидоти Сарвари давлат роҷеъ ба риояи инсофу адолат дар тиҷорат  низ муҳим аст. Ин ва дигар тадбирҳои маънавӣ метавонанд савдогаронро ба инсоф оранд ва дар тарбияи маънавию ахлоқии онҳо таъсиргузор бошанд.

 Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»