1 апрел - Рӯзи ханда

Буҳрони иқтисодӣ

№41 (4303) 01.04.2021

- Ту, Сафар, мегӯӣ, заната ба кор гирам? Ба сарам аризаша ҳам бардошта овардаӣ. Даъво дорӣ, ки поягузори ин корхонаӣ? Замона қиматӣ шудааст? Маошат ба рӯзгорат намерасад?

Бе ту ҳам инро медонам. Лекин аз инсофат пурс: куҷо ҷои кор?

Навиштаӣ: фаррошӣ, дарбонӣ бошад ҳам, мешавад. Худат ба ҷои ӯ мерӯбӣ, мешӯӣ, посбонӣ мекунӣ. Фарроширо худатон барҳам додед, на ман. Ана ҳамин ҷо нишастед. Гуфтем: агар фаррошҳоро ҷавоб диҳем, пулашон дар ихтиёри худамон мемонад. Ба маоши шумо илова мекунем, на камтар аз панҷ сӯму чилусетинӣ мерасад. Ҳама табли шодӣ задед. Даст ба сина зада, паймон бастед, ки худатон аз уҳдаи фаррошӣ беҳтар мебароед. Пеш аз ҳама, худат ба сабаби ин иқдом шахсан ба ман таҳсин хондӣ. Хайр, гуфтам ман, не, ба замона таҳсин гӯй. Се дарвозаи корхона дар се баст, се посбон ва се сардору ҷонишину ёвар: ҷамъ бисту чор посбон дошт. Ҳисобу китоб кардем. Аз ин ҷо маблағ ёфтем. Ҳамин ҷо ҳозир омадед. Ба маоши ҳар кадомат, шаш сӯму сӣ тин илова мешуд. Демократия, ака. Ба овоз мондем. Ғайри посбонҳо ҳама даст бардоштанд. Аз пешниҳоди аввал ин масъала ҳал шуд. Ҳамин тариқ, ба маошат ёздаҳ сӯму ҳафтоду се тин илова кардем. Боз мегӯӣ, ки оилаат калон, қиматӣ, маошат ба рӯзгорат намерасад. Инсофат чӣ мегӯяд, пурс аз ин ҳам.

- Ҳисобчӣ гираш.

- Чӣ хел ҳисобчӣ? Чиро ҳисоб мекунад? Ҳамон дарахтҳои ҳавлии завода?

- Не. Шайба, винту деталҳоро.

- Кадом шайба, винту детал?

- Дар заминӣ ё осмон, Сафар? Одам ин қадар худобехабар намешавад. Моҳи рафта кадом рӯз буд? Ҳа, рӯзи ҷумъа, дар ҳамин ҷойҳои ҳозираамон барои ҳисобу китоби захираи маош нишастем.  Дарҳои имконоти тоза ба рӯи шумо боз шуд. Гуфтед: худамон то сад миллион ҳисоба медонем. Суннатҳои демократияро ба ҷо овардем. Ба ҳар кадомат шаш сӯму чилу як тинӣ расид. Боз чӣ мехоҳӣ? Як аз инсофат мепурсидӣ, аризаи занатро бардошта ба назди ман намеомадӣ.

- Басти аввали сехи механикӣ, Сунатулло Қодирович ёвари усто надорад.

- Ин сехро мебандем. Ҳаҷми кораша ба сехи автоматҳо медиҳем.

- Дар сехи автоматҳо ҷои ду ёвари усто холӣ.

Директор мушт ба ҳаво бардошт ва ба суръати суст болои миз монд. Аз шишаи болои миз тарсид. Ин шишаи нав. Ҳафтае пеш аз шодии захираи нави маош, ки ҳисобчии калон аз сабукдӯш кардани ёварони усто ёфт, директор аз шодӣ чунон мушт болои миз фаровард, ки аз зарби он шиша пора шуд ва аз ангушташ хун рехт. Ҳоло бо мушти сабук фароварда шишаро соиш медод, гӯё мустаҳкамии онро месанҷид.

– Сафар, ҳамин худат набудӣ, ки гуфтӣ: харротон ба ёварони устоҳо эҳтиёҷ надоранд. Дигарҳо ҳам сари овози туро гирифтанд. Акнун мегӯӣ, ки ҷойҳои холиро бо одамони нав пур кунем. Ин масъаларо ҳозир мебинем. Директор тугмаро пахш кард. Зани фатиламӯе дарро кушод.

- Мардума гӯй, — фармуд директор, — зуд ин ҷо ҳозир шаванд.

Зан хӯш гуфта, дарро пӯшонд ва Сафар ба худ гуфт: агар дили директор кашад, як ҷои кор чӣ мушкилӣ дорад. Котибаро ҷавоб медиҳаду мегӯяд: биёр заната, ана ба ҷои ҳамин қабулаш мекунем. Охир, ин зан на шӯй дораду на кӯдак. Не, директор ба ман некӣ намехоҳад.

- Ҳозир, — гуфт директор, — ин масъаларо мебинем ба тарзи демократӣ.

Мардум аз мақсад бехабар вориди кабинети директор шуданд. Директор аз ҳисобчии калон пурсид:

- Аз ихтисори ёварони усто ба ин ҷамоа чӣ мерасад?

- Ҳафт сӯму сиву ҳашт тинӣ.

- Фикри шумо чӣ, рафиқон? Ёварони устоҳоро нигоҳ медорем ё не?

- Не, — гуфт Раҳими Ҳамид. Ва боз чанд каси дигар.

- Замон, замони демократия, — гуфт директор. — Ба овоз мемонам.

Ба ҷуз Сафар, ки ҳушаш ба ҷо набуд, ҳама даст бардоштанд. Вале директор ба ӯ аҳамият надода, эълон кард:

- Ҳама тарафдор. Масъала ҳал. Сафар истад, дигарҳо ҷавоб.

Ҳама рафтанд ва директору Сафар танҳо монданд.

- Хайр, Сафар, ту гӯй, ки панҷ сӯму чилу се тин, шаш сӯму сӣ тин, шаш сӯму чилу як тин, ҳафт сӯму сиву ҳашт тин чанд сӯму чанд тин мешавад?

Сафар ҳарчанд зӯр зада, ба ҷуз хизматаш дар корхона, ки онро хизмат ба директор медонист, ягон рақам дар сараш тоб намехӯрд ва чун ҳайкали нимҷон садо набаровард.

- Ёфтӣ, чанд сӯму чанд тин мешавад?

Аз девори бетонӣ садо буду аз Сафар не.

- Бисту панҷ сӯму панҷоҳу ду тин мешавад дар як моҳ. Сесаду шаш сӯму бисту чор тин дар як сол. То нафақа баромаданат аз се ҳазор мегузарад. Боз даъвои қиматӣ дорӣ, мегӯӣ маошат ба рӯзгорат намерасад. Ариза бардошта ба сари ман омадаӣ, ки заната ба кор гирем.

Нисфи зиёди коргарони заводи равғани шаҳри Душанбе ихтисор шуд. Дар корхонаи маргарин ба ҷои сад нафар сӣ кас монд. Боз ту, Сафар, мегӯӣ қиматӣ, маошат ба рӯзгорат намерасад, ариза бардошта ба сари ман омадаӣ, ки заната ба кор гирем. Як аз инсофат пурс, ки чӣ мегӯяд.

Аз се ду ҳиссаи корхонаҳои хизмати маишӣ аз кор сабукдӯш шудаанд. Зани маро аз вазифаи сарҳисобчии қароргоҳи роҳи оҳан ба ҳамон маош то ҳисобчии калона ҷавоб доданд. Дар идораи роҳи оҳан аз панҷ хизматчӣ се кас монд.

Боз ту мегӯӣ қиматӣ, маошат ба рӯзгорат намерасад, ариза бардошта ба сари ман омадаӣ, ки заната ба кор гирем.

Ту медонӣ, дигарон чӣ ҳол доранд? Дар бархе аз давлатҳо то ду миллион одам бекоранд. Не, Сафар, ту намедонӣ! Агар медонистӣ, намегуфтӣ: қиматӣ, маошат ба рӯзгорат намерасад, ариза бардошта ба сари ман намеомадӣ, ки заната ба кор гирем.

Дар кишварҳои пешрафта миқдори бекорон аз сӣ миллион мегузарад. Ва он рӯз дур нест, ки аз ин ҳам боло равад. Ту танҳо ғами худата мехӯрӣ. Мегӯӣ, қиматӣ, маошат намерасад. Ариза бардошта ба сари ман омадаӣ, ки заната ба кор гирем. Аз инсофат пурс, Сафар, ку чӣ мегӯяд.

Дар Душанбе ҳам бекорон кам нестанд. Онҳо ҳам аксар зану фарзанд доранд, очаи пир доранд. Ту ғами онҳоро намехӯрӣ. Худхоҳӣ, Сафар. Қиматӣ, маошат, ба рӯзгорат намерасад. Ба сари ман ариза бардошта омадаӣ, ки заната қабул кунем…

Ранги рӯи Сафар паридан гирифт. Аз ҷой майли ҷунбидан кард. Дар пойҳои дарозаш мадор набуд. Дастҳои борику нисбати пойҳои қоқу кӯтоҳаш бедармон дар назараш карахт шуданд.

Директор ба чӣ ҳолате омадани Сафарро пай намебурд. Намедид, ки сари ба тарбузча монанди ӯ болои гардани борики дарози поягузори корхона сӯи китфи рост бор мегирифт.

– Поягузори корхонаам мегӯӣ. Мо инро медонем. Мебинӣ замона дигар шуда истодааст. Ҳисоби нархи оҳану арматура, ки корхона мегирифт ва аз он ризқу рӯзӣ меёфтӣ, ба тонна буд. Ҳозир ба кило ва қиматаш баробари тилло. Донетскиҳо як тонна оҳани моро надоданд. Ба ивази он сӯм не, се ҳазор тонна меваи хушк хостанд. Ва мегӯянд, ки пула ба сарамон мезанем, ба мо ҳам вазни арзиши оҳанамон маҳсулоти ғизоии дархӯри эҳтиёҷамон диҳед. Шаҳри Чехови назди Москва ба ивази маҳсулоти хом ҳазор тонна пиёз талаб дорад. Дар вазъе ки ҳар кило пиёзи ҷумҳурӣ дар ҳисоб аст. Акнун, ту гӯй, ки аз куҷо ин миқдор пиёза ёбем? Як вагон чӯяне, ки аз Донбасс фиристоданд, дар роҳ гум шудааст. Қатора аз ҳазор шаҳру қароргоҳҳо мегузарад. Сафар, гӯй, ки дар куҷо кобем он вагони гумшударо? Ту фикри ина надорӣ. Мегӯй, ки қиматӣ, маошат ба рӯзгорат намерасад. Ариза бардошта ба сари ман омадӣ, ки заната ба кор гирем.

Сехи механикии якумро барҳам додем. Асбобҳоеро, ки сехи дуюми механикӣ месохт, коргарони қитъаи нимавтоматҳо ба уҳда мегиранд.

Сафар асбобсози ҳамин сехи дуюм буд. Гӯё ба майнаи ӯ путке зада бошанд, ки қутти рӯяш парид. Замину замон пеши чашмаш аввал ба ранги сабз ва баъд ба ранги оташи сурх ба гардиш омад. Ва монанди халтаи арзан аз болои курсӣ овезон шуд.

- Ҳоламон хуб не, Сафар. Бе масолеҳ чӣ месозем? Бояд ғами корхонаамонро худамон хӯрем. Ҳозир завод ба монанди чойлобест, ки болои ду поя алвонҷ мехӯрад. Бо вазидани андак боде чапагардон мешавад. Ту инро намебинӣ. Қиматӣ, маошам ба рӯзгорам намерасад, мегӯй. Боз ба сари ман ариза бардошта омадаӣ, ки заната ба кор гирем.

Сафар сар намебардошт. Ӯ на чойлоби вайронаро медиду на директорро. Бо чашмони пӯшида ва нафаси дар қафаси сина гиреҳхӯрда ба пояи курсӣ чунон овезон буд, ки сараш ба фарши кабинети директор мерасид. Худ дар ҳамин ҳолу аҳвол бошад ҳам, ба гӯшаш овози директор ҳамоно ҷарангос мезад:

«Ту, Сафар, мегӯӣ, ки заната ба кор гирем. Ба сарам аризаша бардошта омадӣ. Қиматӣ, маошам ба рӯзгорам намерасад, мегӯӣ, ҳа, мегӯӣ, мегӯӣ»…

Раҷаб МАРДОН,

нависанда ва журналист