Булбулсадое аз авлоди Машрабовҳо

№1 (3147) 01.01.2014

Фото151мСоле, ки бо мо хайрухуш кард, дар саҳфаи таърих аз худ  нақше боқӣ гузошт. Яъне, тайи дувоздаҳ моҳи  сипаригашта дар кишвари мо  дастовардҳо, истеъдодҳо ва  комёбиҳои нав зиёд ба назар расиданд.

Наврӯзи соли 2013 чун ҳарсола ба ҳаводорони созу суруд  навниҳоле, булбулсадое ва  ҷавондухтари зебоеро муаррифӣ намуд. Ин зебогули боғи санъат Фотима Машрабова мебошад.

Вақте ки бори нахуст дар саҳнаи калон барандаи консерт номи Фотима Машрабоваро эълон кард, иштирокчиёни консерт ба ҳамдигар савол медоданд:

-Магар ин набераи Устоқадам Машрабов (аз дуэти ҳаҷвнигорон Усто ва Масто) бошад?

Дар мулоқот бо Фотима суоли нахустини мо низ чунин буд.

-Оре, ман фахр мекунам, ки набераи Артисти  хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон Устоқадам Машрабов мебошам ва бо номи бобоям аз хурдсолӣ фахр мекардам. То ҳанӯз мухлисонашон Усто ва Масто гуфта, эшонро ба некӣ ёд мекунанд. Ман низ мақсад дорам, ки номи бобоямро зинда кунам. Бигузор дар консерту маҳфилҳои фарҳангӣ номи Машрабов аз нав садо диҳад,- мегӯяд ӯ.

Фотима суруди  аввалинашро нағз дар хотир дорад. Дар синфи панҷуми мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №88- уми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таҳсил дошту омӯзгоронаш доимо таъкид мекарданд:

-Фотимаҷон, ту бояд санъаткор шавӣ ва номи аҷдодиятро боз ҳам баландтар  бардорӣ…

Шояд чунин таъкиду  дастгириҳо буд, ки баъди чанде бо кӯмаки  амакаш Муборакқадам Машрабов суруди «Гуд монинг»- ро омода карда, онро бо гурӯҳи овозадори «Шамс» дар диск сабт намуд.

Мутаассифона, ин суруд дар саҳнаи калон садо надод. Вале  Фотима аз ин рӯҳафтода нашуда, машқи овоз мекард. Дар синфи нуҳум мехонду бо суруди наваш «Бродобей» дар Фестивали «Нури умед», ки 1 сентябри соли 2007 доир гардид, бори нахуст овози марғуладораш садо дод. Сурудро ӯ бо овозхони шинохтаи гурӯҳи «Авесто» Таҳмина Рамазонова тайёр карда, якҷоя хонданд. Ин аввалин  ҳунарнамоияш дар саҳнаи калон буд. Барои ин аз Таҳмина Рамазонова хеле  миннатдор аст.

Фотима кӯшиш мекард, ки минбаъд мустақилона баромад кунад.  Бо кӯмаки Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Давлатманд Холов дар ҳайати Ансамбли давлатии «Фалак» суруди халқии «Ай ёре …»-ро кор карда, бори аввал онро дар Симпозиуми байналмилалии «Фалак» (10 октябри соли 2012) дар шаҳри Душанбе бе фонограмма иҷро кард. Ҳофизи маъруф беҳуда Фотимаро барои иҷрои ин суруд интихоб накарда буд. Давлатманд Холов дар симояш сарояндаи ояндадорро медид. Танҳо кӯшишу кӯмаки устодон лозим буд, то ки овози Фотима рӯз то рӯз такмил ёбаду суфта гардад. Давлатманд Холов кӯмакашро дареғ  намедошт ва ниҳоят дар Симпозиуми  байналмилалии «Фалак» сарояндаи ҷавон Фотима Машрабова аз ҷониби ҳакамони сахтгиру серталаб баҳои баланд гирифт. Акнун номи Фотима Машрабова вирди забони мухлисони созу суруд буд. Вале  имтиҳонҳои бештаре дар пеш буданд.

6 ноябри соли 2012 — Рӯзи милитсияи тоҷик таҷлил гардид. Бахшида ба ин ҷашн дар Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» маҷлиси тантанавӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва консерти идона  барпо гардид. Он рӯз, пеш аз баромад дар чунин як  чорабинии муҳим Фотима ба ҳаяҷон омада буд. Охир дар толор Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон нишаста буд ва баромади ҳар як санъаткорро бодиққат гӯш мекард. Мабодо, ки аз ҷонибаш камбудие содир нагардад. Фотима Машрабова боз суруди халқии «Ай ёре…»-ро иҷро кард. Пас аз хатми суруд мавҷи қарсак баланд шуд. Фотима ба Ҷаноби Олӣ чашм дӯхт. Президент  бо қаноатмандӣ, бо табассуми ба худ хос қарсак мезад…

Танҳо баъди ин Фотима осуда шуда,  таъзимкунон саҳнаро  тарк намуд. .

-Дар тантанаи рӯзи 8 марти соли 2013 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» бояд суруди  нав месароидам. Бо  устодонам Давлатманд Холов ва консертмейстери ансамбламон Ҷумъахон Раҷабов чанд  суруди навро омода карда, ба барномаи консерти ҷашнӣ пешниҳод намудем. Аз се суруди пешниҳодшуда, суруди англисиро интихоб карданд. Он рӯз бо забони англисӣ суруд хондам. Гумон доштам, ки нишастагони  толор сурудро нағз қабул  намекунанд. Баръакси пиндори ман суруди англисӣ ҳаводорони зиёд пайдо кард,- мегӯяд Фотима.

Дар кишвари мо чунин овозхонҳо ангуштшуморанд, ки бо се забон- тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ суруд хонанд. Фотима овози форам ва истеъдоди бо се забон суруд хондан дорад. Боварӣ ҳаст, ки сурудҳои русӣ ва  англисӣ ӯро ба саҳнаҳои баланди ҷаҳонӣ мерасонанд.

Ниҳоят, суруди саввумаш «Дил- дилак…», ки онро Фотима Машрабова 22 марти соли 2013 дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе бо ёрии гурӯҳи «Шамс» иҷро кард,  мустақиман тариқи Телевизиони Тоҷикистон пахш гардид. Ин сурудро Суруди сол гӯем, хато намешавад, зеро имрӯзҳо яке аз сурудҳои  дӯстдоштаи  мардум ба шумор меравад.

Овозхони ҷавон Фотима Машрабова алҳол дар курси IV шуъбаи овозхонии анъанавии факултети мусиқии тоҷики Консерваторияи миллии Тоҷикистон  ба номи Т.Сатторов таҳсил карда, маҳорати касб меомӯзад. Ӯ хатмкунандаи Консерватория мебошад.

Дар рӯзи ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки дар Наврӯзгоҳ ботантана таҷлил гардид, Фотима ба мухлисонаш суруди «Ватан»-ро  (дар ҳамовозӣ бо Шӯҳрат Сайнаков) пешкаш намуд. Имрӯзҳо ин сурудро ҷавонон дар ҷашну  маҳфилҳо замзама мекунанд.

-Соли 2013 барои ман соли бахосият баромад. Бо кӯмаки устодонам Давлатманд Холов ва Ҷумъахон Раҷабов сурудҳои нав омода кардем, ки дар консертҳои ҷашнӣ садо доданд ва писанди мардум шуданд.

Дар соли нави 2014 ният дорам, ки дар Ансамбли давлатии «Фалак» суруду таронаҳои  халқии фаромӯшшударо аз нав рӯйи саҳна орам. Бисёр мехоҳам, ки санъати опера ва сурудҳои классикӣ, бахусус нозукиҳои «Шашмақом»- ро омӯзам ва репертуарамро аз ин ҳисоб ғанӣ гардонам. Дар ин ҷода  устодонам дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон Мастона Эргашева, Алмос Абдуллоев, Исмоил Назриев ва Муҳаррама Шарифова ба ман кӯмак мерасонанд ва дастгирӣ мекунанд.

Шумо аввалин  рӯзноманигоред, ки бо ман  ҳамсуҳбат шудед. Ташаккур ба ҳайати эҷодии рӯзномаи «Садои мардум». Қаламкашони шумо истеъдодҳои ҷавонро ҷустуҷӯ намуда, дар саҳифаҳои рӯзнома муаррифӣ мекунанд. Ин бошад, ба мо-  санъаткорони ҷавон рӯҳу мадори тоза  мебахшад.

- Соли нави 2014 ба тамоми  сокинони Тоҷикистон муборак бошад, — изҳор  дошт дар  хотимаи суҳбат сарояндаи ҷавон Фотима Машрабова.

Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»

Дар сурат: сарояндаи ҷавон Фотима Машрабова ҳангоми сурудхонӣ.