Бузургмарде дар арсаи сиёсат

№35 (3829) 17.03.2018

Талбак НазаровНоми академик Талбак Назаров, ки аз ходимони давлатии муваффақи Тоҷикистон дар даврони шӯравӣ ва истиқлол ба ҳисоб меравад, барои аҳли ҷомеаи Тоҷикистон солҳо боз шинос аст.

Ӯ аз ҷумлаи онҳоест, ки новобаста аз мушкилоти зиндагии овони тифлӣ, барои ташаккул ёфтан ҳамчун шахсият саъю кӯшиши зиёд ба харҷ додаанд. Дар сесолагӣ аз модар ва дар 13 — солагӣ аз падар маҳрум шуданд. Баъди вафоти қиблагоҳ як сол дар хонаи амак зиндагӣ кард.

Замоне ки  дар мактаби миёна таҳсил менамуд, таъриху адабиётро дӯст медошт. Орзуи муаллим шудан ва ба шогирдон таълим доданро мекард. Чун шароит баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ хеле сахт буд, тасмим гирифт, ки минбаъд сарбории касе нашавад ва масъулияти зиндагиро ба дӯш бигирад. Бо ин мақсад баъди хатми синфи ҳафтум ба Сталинобод (Душанбеи имрӯза) омад. Тасодуфе рух доду роҳи минбаъдаи зиндагиаш тағйир ёфт. Рӯзе дар назди Техникуми молия ва қарз марди ношиносе ба наздаш омада, пурсид, ки хоҳиши хондан дорад ё не? Талбак, ки он вақт 15 сол дошт, посухи мусбат дод ва ҳуҷҷатҳояшро ба техникуми мазкур супорида, донишҷӯ шуд. Се сол бо баҳои аъло хонд.

Саъю талошашро ба назар гирифта, роҳбарияти омӯзишгоҳ ба ӯ пешниҳод намуданд, ки таҳсилро дар мактаби олӣ идома диҳад ва се мактаби олӣ — донишгоҳҳои давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Институти молия ва қарзи ба номи А. Вознесенскии шаҳри Ленинградро номбар карданд. Талбак сеюмашро интихоб намуд, ҳарчанд медонист, ки дар ин шаҳри бузургу бегона шароити зиндагӣ хеле вазнин мешавад, чунки касе надошт ба ӯ кумаки молӣ кунад.

Ҳамин тавр, имтиҳонҳои дохилшавиро бомуваффақият супорид ва донишҷӯйи яке аз бонуфузтарин донишкадаҳои Иттиҳоди Шӯравӣ  гардид.

Тӯли солҳои таҳсил дар Ленинград бо сабаби тангдастӣ боре ҳам ба Ватан омада натавонист. Зимни таътил ба кор медаромад. Пас аз хатми курси якум таътилро дар Корхонаи киштисозии шаҳри Ленинград ва солҳои минбаъдаро дар заминҳои навкорами Ҷумҳурии Қазоқистон гузаронд.

Баъди хатм ӯро барои кор ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон роҳхат доданд. Баъди ду соли фаъолият дар факултаи иқтисодӣ қобилияташро ба назар гирифта, барои шомил шудан ба аспирантура, ба ҳамон институте, ки  онро хатм кард, фиристоданд. Баъи се сол Талбак Назаров рисолаи номзадӣ дар мавзӯи «Даромад ва хароҷоти Буҷети давлатии ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ва ҷудошавии онҳо байни буҷети умумииттифоқӣ ва маҳаллӣ» дифоъ кард ва дар пайи навиштани рисолаи докторӣ шуд. Натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзӣ буд, ки соли 1974 рисолаи докторӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои молия ва прогресси техникӣ дар саноат» дифоъ намуд.

Академик Н. Қаюмов бо гузашти солҳо дар як мақолааш ёдовар шудааст, ки  «солҳои 60 ва 70-уми асри ХХ  пажӯҳишҳои  бунёдии устод Т. Назаров таваҷҷуҳи олимони намоёни ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва берун аз онро ҷалб намуд» (Н. Қаюмов, «Ученый – созидатель», ҳафтаномаи «Бизнес и политика», 19 марти соли 2008).

Номбурда пажӯҳишҳои Т. Назаровро дар масоили ҳавасмандгардонии иқтисодӣ ва прогресси илмӣ –техникӣ дар минтақа махсус зикр менамояд, зеро идея ва пешниҳодҳои ӯ бозёфти нав дар илм буданд.

Ҳамчунин, асарҳои Т. Назаров — «Ислоҳоти хоҷагӣ ва масъалаҳои пурсамар гардонидани истеҳсолот» (соли 1971), «Масоили ҳавас­мандгардонии иқтисодӣ дар саноат» (1972), «Ҳавас­мандгардонии иқтисодии прогрессии илмӣ — техникӣ дар саноат» (Душанбе, «Ирфон», 1974), «Прогресси техникӣ ва самаранокии иқтисодӣ» (Душанбе, «Ирфон», 1976)  таҳаввулотеро дар зеҳни олимони соҳаи иқтисод ба вуҷуд оварданд. Ба ибораи дигар, таҳлилу хулосаҳои илмии Т. Назаров ҳамкасбонро дар марказҳои  илмии шӯравӣ ва хориҷи кишвар водор кард, ки ба нақшу ҷойгоҳи ҷумҳуриҳои шӯравӣ дар тақсимоти умумииттифоқии меҳнат таҷдиди назар кунанд.

Дар баробари фаъолияти педагогиву илмӣ Талбак Назаров ба  тарбияи олимони соҳаи иқтисод таваҷҷуҳи хос зоҳир кард. Зери роҳбарӣ ва мушовирии ӯ аспиранту докторанти зиёд рисолаи илмӣ дифоъ намуданд.

Доктори илмҳои иқтисодӣ, декани факултаи молия ва қарзи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Фозил Обидов — яке аз шогирдони академик Т. Назаров иброз дошт, ки устод ҳамеша муаллимони ҷавону боистеъдодро ташвиқу тарғиб мекард, ки ҳатман кори илмӣ кунанд.

Ф. Обидов мегӯяд, ки ӯ на танҳо даврони аспирантиву докторантӣ, балки то ҳол аз маслиҳатҳои академик Т. Назаров баҳра мебарад, зеро ӯ аз таҷрибаи бузурги зиндагӣ ва илмӣ бархӯрдор мебошад.

Дар ибтидои солҳои 80 — уми асри гузашта дастовардҳои илмӣ ва қобилияти роҳбарии Талбак Назаровро ба назар гирифта, ректори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таъин карданд.

Вай яке аз роҳбарони муваффақи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар даврони шӯравӣ буданд, зеро маҳз дар ҳамон давра чанд бинои нав дар маҳаллаи Буни Ҳисорак, ки ҳоло бо номи «Ҷазира» маъруф аст, ба истифода дода шуд. Инчунин, дар замони роҳбарии Т. Назаров шуъбаҳои нав дар донишгоҳ ифтитоҳ ёфта, теъдоди шӯроҳои диссертатсионӣ доир ба рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ба маротиб афзуданд, барномаҳо, матолиби таълимӣ ва китоб­ҳои зиёди дарсӣ аз ҷониби устодони Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таълиф ва нашр гардиданд.

Бо ташаббуси Т. Назаров барои донишҷӯён як табобатхона сохта шуд ва санатория — профилакторияи «Шифо», ки бо таҷҳизоти пешрафта муҷаҳҳаз буд, дар маҳаллаи 63-юми  пойтахт ба фаъолият шурӯъ кард. Иқдоми дигар, ки дар ёди донишҷӯёни он замон мондааст, ифтитоҳи лагери варзишӣ — тандурустии назди донишгоҳ — «Ҷавонӣ» аст, зеро ҳар тобистон садҳо донишҷӯ дар он истироҳат мекарданд.Ҳамчунин, бо супориши ӯ дар биноҳои таълимии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон чойхона, нонвойхона ва ошхонаҳо сохта шуданд.

Соли 1988 Талбак Назаровро вазири маорифи Тоҷикистон таъин карданд. Барои нафаре, ки хеле барвақт аз падару модар ятим монда, орзуи муаллим шудан дошт, бидуни шак, ин муваффақияти бузург буд.

Қабл аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ Т. Назаров муддате вазифаи муовини якуми Сарвазири РСС Тоҷикистонро иҷро кард. Баъди қабули Эъломияи истиқлол ноиб – президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон интихоб гардид.

Соли 1994 роҳбарии ситоди Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро дар интихоботи қарибулвуқӯи президентӣ ба ӯ вогузор карданд.

Пас аз интихобот Т. Назаров Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таъин шуд ва камтар аз як моҳ кор кард. Охири соли 1994 вазифаи вазири корҳои хориҷӣ насибаш гардид ва вориди сиё­сати калон шуд.

Дуруст аст, ки Т. Назаров то ҷое таҷрибаи сиёсӣ дош­танд, Раиси Совети Олии ҶШС Тоҷикистон (1986-1988) ва депутати Совети  Олии ИҶШС (1989 — 1991) буданд, вале вазифаи вазири корҳои хориҷӣ дар ҳама кишвари ҷаҳон аз мансабҳои калидӣ ба ҳисоб меравад. Хоса, барои Тоҷикистон, ки тозаистиқлол буду дар оташи ҷанги шаҳрвандӣ месӯхт.

- Тавре ҳаёт собит сохт, — менависад Ҳамрохон Зарифӣ, ки баъди академик Т. Назаров муовини вазири корҳои хориҷӣ таъин гардид, — интихоби ӯ ба ин вазифа аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  дақиқ ва муваффақона буд.

Зеро дар даврони вазирии академик Т. Назаров базаи моддиву техникии вазорат ва потенсиали кадрии он таҳким ва теъдоди намояндагиҳои ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар кишварҳои хориҷӣ афзоиш ёфт. Равобити боэътимод ва босамар бо бисёр кишварҳои ҷаҳон барқарор гардид. Аз минбари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ на танҳо мушкилоти дохилӣ, балки муҳимтарин проблемаҳои байналмилалӣ аз ҷониби Тоҷикистон бардошта мешуд, — зикр мекунад Ҳ. Зарифӣ («Мудрый человек, искусный политик», рӯзномаи «Народная газета», 9 апрели соли 2007).

Аммо, бидуни шак, яке аз муваффақиятҳои на танҳо худи академик Т. Назаров, балки Ҳукумати кунунӣ ширкати он кас дар музокироти сулҳи Тоҷикистон буд.

Ӯро Сарвари давлат Эмомалӣ  Раҳмон дар ибтидои соли 1996, яъне дар замони буҳрони шадиди сиёсӣ, ошӯби полковник Худойбердиев алайҳи ҳукумати қонунӣ ва муқовимати сахти ҷангиёни мухолифин дар Тавилдара роҳбари ҳайати ҳукуматӣ таъин намуданд.

Бе ҳеҷ шакку шубҳа, дар ба даст омадани сулҳ дар кишвар саҳми академик Т. Назаров зиёд аст ва таърихи  халқи тоҷик  инро барои ҳамеша сабт кардааст.

Т.Назаров баъди фаъолияти пурсамари 12 — сола бо хоҳиши худ аз мансаби вазири корҳои хориҷӣ ба истеъфо рафт, аммо тасмим гирифта шуд, ки аз таҷрибаи ӯ истифода шавад. Ба ин хотир, ӯро директори Фонди хайрия таъин намуданд.

Дар солҳое, ки академик Т. Назаров дар арсаи сиёсӣ фаъолият дошт, пажӯҳишҳои илмиро қатъ накард ва чанд асари пурмуҳтаво таълиф намуд. Асарҳои ӯ «Тоҷикистон: ҳамкориҳои байналхалқӣ, интегратсия ва ҳамкориҳои минтақавӣ», «Иқтисоди бозаргонӣ ва ҳамкориҳои байналхалқӣ» дар он давра иншо шуданд.

Ба қавли мутахассисон, академик Т. Назаров дар ин асарҳо фаҳмиши нави иқтисодиро ба вуҷуд овардаанд.

Барои таълифи китобҳои «Тоҷикистон: иқтисод, сиёсат ва ҳамкориҳои байналхалқӣ», «Тоҷикистон: ҳамкориҳои байналхалқӣ ва амният» Т. Назаров соли 2003 барандаи Ҷоизаи ба номи Сино шуданд ва маблағи пулии онро, ки 2500 доллар буд, барои ташкили Маркази компютерӣ ба яке аз интернатҳои ноҳияи Рӯдакӣ тақдим карданд.

Тақрибан 5 сол қабл дар як мусоҳиба бо ҳафтаномаи «Азия-плюс», академик Т. Назаров гуфтанд, ки дар зиндагӣ барои ӯ пулу мол муҳим набуд.

Академик дар он мусоҳиба, инчунин иброз медоранд, ки ҳоло нафақа ва аз ҷойи кор маош мегиранд, барои унвони академикӣ низ иловапулӣ мегиранд.

- Дар синну соли ман талабот он қадар зиёд намешавад, пуле, ки мегирам, барои рӯзгузаронӣ кофист, — изҳор доштанд Т. Назаров.

Нуралӣ ДАВЛАТ,

журналист