Чӣ бояд кард, ки пиронсолон «нолозим» нашаванд?

№93 (3573) 23.07.2016

апврп«… Падару модар барои тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъмини падару модар масъуланд.», зикр шудааст дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ин нукта имрӯз хеле муҳим аст, зеро дар байни аҳолии ҷаҳон афзоиши шумораи пиронсолон ба мушоҳида мерасад.

Пиршавӣ чун ҷараёни бебозгашт ба сохтори аҳолии сайёраву сиёсати давлатҳо таъсири калон мерасонад. Мувофиқи пешгӯйии СММ, то соли 2050 – ум 22 фоизи аҳолии рӯи заминро нафақахӯрон ташкил хоҳанд дод ва дар кишварҳои рушдкарда ба ҳар як шаҳрванди бо кор таъмин як нафақахӯр рост хоҳад омад. Аз ин рӯ, ҳалли масъалаҳои вобаста ба пиронсолон дастгирии ҳамаҷонибаро тақозо менамояд. Ба эътибор бояд гирифт, ки ашхоси солдида хазинаи бойи дониш, маҳорату кордонӣ ва таҷрибаи ғанӣ мебошанд. Барои пешравии давлат аз онҳо омӯхтан ҳатмист.

Ҷараёни пиршавӣ якмаром нест. Масалан, агар дар Япония он 30 – 40 фоизро ташкил диҳад, дар дигар давлатҳо ин нишондод 15 – 20 фоиз аст. Дар бархе аз мамлакатҳо ин раванд дар ҳолати оғоз гардидан мебошад, аммо ҳамаи давлатҳо ба зиёд шудани теъдоди солмандон мувоҷеҳанд.

Дар Тоҷикистон аз шумораи умумии аҳолӣ ба ҳисоби миёна 4,9 – 5 фоизро пиронсолон ташкил медиҳанд. Иттилоъ роҷеъ ба зиёд гардидани давомнокии умри аҳолӣ маротибаи аввал дар Паёми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 апрели соли 2013 ироа гардид, ки дарозии умрро дар ҷумҳурӣ аз 68 соли 2000 – ум то 72, 5 сол дар соли 2011 арзёбӣ кард. Дар Паёми Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз (23 январи соли 2015) қайд гардид, ки дар се соли охир давомнокии умр дар кишвар аз 72, 5 то 73, 4 сол расидааст ва дар қиёс бо соли 2000 – ум 5 сол зиёд аст. Ин нишондод муваффақияти калонест, зеро дарозумрӣ ва сатҳи зиндагии пиронсолон нишондиҳандаи дараҷаи баланди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба шумор меравад.

Равоншиносон чунин мешуморанд, ки баромадан ба нафақа одамро ба ҳолати «истеъфои садамавӣ» дучор мекунад. Одами банафақабаромада маҷбур мешавад чунин нақшро дар саҳнаи пиронсолӣ бозад: «ӯ зиндагии шоистаро аз сар гузаронид» ва акнун чун одами арзанда дар ҷамъият зиндагии минбаъдаашро пеш хоҳад бурд. Вале дар як вақт одами солдида ҳамчун шахси ниёзманди кумаки иҷтимоӣ, равонӣ, маънавӣ ва иқтисодидошта боқӣ мемонад.

Маҳдудияти иҷтимоӣ, ки одамон пас аз ба нафақа баромадан ба он дучор мешаванд, аз даст додани нақши иҷтимоӣ, кам гардидани даромад, маҳдуд  шудани равобити иҷтимоӣ ва бархӯрд ба холигоҳи иттилоотӣ дониста мешавад. Бо гузашти вақт, қисме аз нафақахӯрон худро дарди сари оила мепиндоранд, эҳсоси ба хонадону ҷомеа нолозим будан дар онҳо зиёд мегардад. Баъзеашон, бинобар вазъу шароит, ба хонаи пиронсолон меафтанд ва дар ҳимояи давлат боқимондаи умрашонро сипарӣ мекунанд.

Ба инобат бояд гирифт, ки дар натиҷаи пиршавии аҳолӣ теъдоди нафақахӯрон низ меафзояд ва барои пардохти нафақапулиҳо хароҷот илова гардида, зарурати ислоҳоти иҷтимоӣ пеш меояд.

Пиршавии аҳолӣ масъалаҳои ҷиддии дигарро низ пеши рӯ меорад, хароҷот барои нигаҳдории соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла хизматрасонии тиббӣ ба пиронсолон меафзояд. Дар ҷумҳурии мо барои беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ ба пиронсолон қадамҳои аввалин гузошта шудааст. Қарори коллегияи Вазорати тандурустӣ аз 16 августи соли 2013 дар бораи таъсис додани кабинетҳои геронтологӣ (геронтология — илм дар бораи пиршавӣ ва дароз кардани умр) аз ин ҷумла аст. Чунин кабинетҳо дар ҳар як маркази хизматрасонии тиббии ҷумҳурӣ бояд амал кунад. Айни ҳол фармони Идораи тандурустии шаҳри Душанбе «Дар бораи таъсис додани кабинетҳои геронтологӣ» дар марказҳои тиббии шаҳри Душанбе баромадааст.  Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд низ кабинетҳои геронтологӣ таъсис ёфтаанд.

Ояндаи наздик мумкин аст, ки дар коргузории тиббӣ як қатор дигаргуниҳо ба миён ояд. Он ба тағйирёбии намуди беморӣ аз ҳисоби зиёд гардидани касалиҳои давомноку  доимии хоси пиронсолон ва афзудани теъдоди онҳо, ҳамзамон илова гардидани манбаъҳои ёрии тиббӣ ба чунин ашхос вобаста аст. Хурсандиовар аст, ки кор дар самти беҳдошти хизматрасонии тиббӣ ба пиронсолон дар ҳамкории зич бо Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази геронтологии Осиёи Марказӣ»  ба роҳ монда шудааст.

Хизмати намунавии Маркази минтақавии кумаку дастгирии иҷтимоии пиронсолони шаҳри Душанберо (директораш номзади илмҳои тиб М. М. Зарипова) мебояд махсус таъкид кард. Дар ин марказ аз тамоми восита истифода мебаранд то ин ки ниёзмандон – калонсолон танҳоиро эҳсос накунанд.

Имрӯз теъдоди пиронсолон нисбат ба дигар давру замон дар оилаҳо зиёд аст. Яъне, дар як оила на танҳо падару модар бо фарзандон, балки ҳамзамон бобову бобокалон, бибиву бибикалон низ зиндагӣ мекунанд. Аз ин рӯ, табиист, ки байни онҳо нофаҳмиҳо зиёд мешавад. Бинобар ин, аз ҳоло мебояд садди роҳи ҳама гуна ҷараёни манфӣ – зиддияти байни калонсолону ҷавонон дар оила бошем. Дар акси ҳол, зиддияти байни насли калонсолу ҷавон, ки нишонаҳояш дар баъзе мамлакатҳо аллакай мушоҳида мешавад, ба миён хоҳад омад.

Мувофиқи якчанд тадқиқоти гузаронидаи байналмилалӣ, дарозумрӣ дар баробари яке аз падидаҳои мусбати ҷомеа будан, орӣ аз паҳлуҳои манфӣ нест. Тақрибан 4-6 фоизи шахсони солдида ба муносибати гуногуни дағалонаву бераҳмона дучор мешаванд, ки ба ҳолати ногувори равонӣ ё худ бемории вазнин гирифтор шудани пиронсолон оварда мерасонад. Дар бисёр мамлакатҳо муносибати хунукназаронаро нисбат ба пиронсолон масъалаи ҷиддӣ ҳисоб намекунанд ва барои ҳаллаш тадбир ҳам намеандешанд. Имрӯз муносибати дағалона нисбат ба пиронсолон ағлаб вақт аз назар пинҳон мемонад, ба таври лозимӣ аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳогузорӣ намегардад. Ҳатто то рӯзҳои наздик ин масъалаи ҷиддии иҷтимоӣ асосан масъалаи хусусӣ ба ҳисоб мерафт.

Барои ҷалби таваҷҷуҳ ба ин масъала Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид 15  июнро «Рӯзи умумиҷаҳонии паҳнкунии ахборот роҷеъ ба хунукназарӣ нисбат ба калонсолон» эълон намуд.

Оила асоси ҷамъият буда, пешрафту рифоҳи давлат аз беҳбудиву некуаҳволии он вобаста аст. Оила макони асосиест, ки пиронсолон бояд дар муҳити орому осоишта ва ҳурмату иззат боқимондаи умри хешро гузаронанд, зеро онҳо ба эҳтиром сазоворанд.  Хушбахтона,  ин нуктаи муҳим дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан таъкид гардидааст. Зарур аст, ки волидайни хешро эҳтиёт намоем ва пиронсолонро азизу гиромӣ дорем.

  Саодат КАМОЛОВА, директори Маркази геронтологии Осиёи Марказӣ, сармутахассиси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ оид ба геронтология