Чакомаи истиқлол

№109 - 110 (4215-4216) 09.09.2020

Вақте

ҳумои истиқлолро

нишеман шуд

порисаи боми кишвар,

мани паркашида аз дили як кабӯтар

шобош гуфтам

                    миҳанро

дар шаффофтарин бурҷи сапедадам.

 

Он гоҳ

насими ҷелакам вазид

бо бӯи ҷорӯбак,

то чашми нимкӯри асрро

тоза кунад

аз овори хокбориш.

 

Он гоҳ

аз чамани гулҳои андалебӣ

як шоха гули ваҳдати калима овардам,

то бувад

ғунчаи миллат

ораста ба оёти шукуфтан.

 

Он гоҳ

садои баҳории парвоз печид

ба парвози баҳории садо

ва лахтаҳои ҷелакам ҳавопарак шуд

ба ҷои парандаҳои тирхӯрда.

 

Он гоҳ

қатра-қатра хуршед дамид

аз уфуқи дидаи мардум

ва аз рухсораҳои паридаранг

гулҷӯшаи гули гандум

 

Он гаҳ

рез кард

гулпаракҳое

                 лолагунбол

аз малакути шуҳадо,

то табдил кунад меҳанро

ба гулафшонгоҳи истиқлол.

 

Баъд

ҷелакам бодреса шуд

дар порисаи боми Кохи ваҳдат,

ва пар-пар зад

                         ҳамовез

                  бо парафшони Парчами миллат!

Доро НАҶОТ,

Шоири халқии Тоҷикистон