Шоир андар синаи миллат чу дил….

Чаманпайкар ватан дорам

№№74-76 (3711-3713) 24.06.2017

ЧаманпайкарСухан сеҳр дорад. Он метавонад ба дили инсон ҳарорат бахшад, ўро ба покиву ростӣ ҳидоят кунад ва ҳамчунин метавонад деги ғазаб, нафрату бадбиниро ба ҷўш орад.

Ваҳдат ҳам вожаи сеҳрнок аст ва вақте фаъол мешавад боғи дилро шодоб месозад, табассуме ширинро ба бор меорад, дасти саломро ба шохи сабзу муаттар мубаддал месозад. Ватан низ ҷойгоҳи муқаддас, макони ҳамдиливу ҳамравониҳост. Инсон дар оғўши он худро хушбахттар, зиндагиашро дар ҳалқаи ҳамдилон беҳтар месозад.

Шоир Салоҳиддини Садр аз ишқи Ватан ва ваҳдати инсонҳои ҳамдил дар китоби худ «Чаманпайкар Ватан дорам», ки нашрияи «Сухан»-и назди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон соли равон бо теъдоди 500 нусха чоп кардааст, сухан мегўяд.

Гар кабўтар қосиди сулҳ асту булбул рамзи ишқ,

Байти хушбахтӣ саро, эй гулсуманбўи Ватан!..

Зиндагӣ акнун дигар шуд, ҳамдилӣ пояндагист,

Сарбаланду шодмон зӣ дар фаросўйи Ватан.

Дар тасвири шоир Ватан чаманпайкар аст ва Тоҷикис­тон бо кўҳсорон, чашмасорон, рўдбору дашту саҳроҳо ҷойгоҳи муқаддас мебошад. Тоҷикистон ҳам меҳани лафзи даристу ҳам хиттаи шеъри дарӣ. Он зодгоҳи орифони хушадо, сарзамини ваҳдату сулҳу сафо, зевари арзу само, манзари нури Худо ва модари дилсўзи мост.

Яке аз хусусиятҳои барҷастаи шеър он аст, ки зеҳни хонандаро таҳрик медиҳад, агар зебову шево навишта шуда бошад, дар хотир нақш мебандад. Хоса шеъре, ки дар мавзўъҳои ватанпарастиву шинохти арзишҳои миллӣ эҷод гаштааст, зуд ба дилҳо роҳ меёбад ва байтҳое аз онҳо мисли зарбулмасалу мақол барои тақвияти фикр дар нишасту маҳфилҳо зуд-зуд садо медиҳад.

Салоҳиддини Садр аз Ватан ифтихор дорад ва арзишҳоеро, ки боиси сарбаландиву таҷаммули он мегардад, тавсиф менамояд. Барои шоир Тоҷикистон равзаи рўи замин, соҳиби тоҷу нигин, кишвари нурофарин аст. Дар ин сарзамини нозанин халқи тоҷдоре зиндагӣ мекунад, ки ҳар саломаш саломи сулҳу амонист.

 

Тоҷдор аст асли номи халқи ман,

Амният бошад мароми халқи ман.

Одамизод агар аз таърихи худ бехабар бошад, мисли дарахти берешае аст, ки бақо надорад. Шоир ин маъниро дар шеърҳои худ «Гуфтугўи тамаддунҳо», «Зардушт», «Тоҷикистони ман аст», «Самарқанд», «Ёди Рўдакӣ» басо ҷаззобу хотирмон ба риштаи назм мекашад.

Салоҳиддини Садр ҷое бо забони Зардушт ба сухан меояд:

 

Ва шояд аз китобам панд ҷўед,

Дурўғу кизбро нафрин бикардам.

Ба гуфтору ба рафтору ба пиндор,

Ҳамеша некиро талқин бикардам.

Шоир талош мекунад дар дили хонанда ҳувияти миллиро бедор кунад. Ҳамон гуна, ки орифон пила-пила ба мулоқоти Худо мерасиданд, шоир хонандаашро байт-байт ба сўи худшиносиву инсонпарварӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ ҳидоят месозад. Дар фазои амн ва сулҳу сафо зиндагӣ карданро бузургтарин неъмат медонад.

 Агар сулҳи ҷаҳон поянда гардад,

Малак андар само «Омин» бигўяд.

Ҷо-ҷо аз ашъори безаволи Муҳаммад Иқбол илҳом мегираду мегўяд: «одам аз ақлу фаросат шуҳра дар олам шудаст», «одамӣ аз фитрати хом омили мотам шудаст», «гавҳари ноёб – Одам, зори як маҳрам шудаст». Шоир бо баёни ин гуна андешаҳо мекўшад фалсафаи зиндагӣ, шод зистану созанда ва халлоқ буданро дар дили мухотаби худ бедор созад.

 Дар субҳи Ватан баҳор дидам,

Боғу чаману нигор дидам…

Хуршеди ҷаҳон чу сар бадар кард,

Олам ҳама беғубор дидам.

Дунёи пурмоҷаро гирифтори ҳазор балост. Кишварҳое дар давру бари мо ба гирдоби ноамниву бадбахтӣ фурў рафтаву роҳи наҷотро гум кардаанд. Салоҳиддини Садр ба ин ҳама бо дидаи ибрат менигарад, аз амнияту осоиши кишвар шукр мекунад ва чун мунодии сулҳу ваҳдат тавассути ашъораш фарёд мезанад.

 

ВОРИС, «Садои мардум»