Чаро Қарямиршикор Қаламшикор шуд?

№107 (4213) 03.09.2020

0-02-05-ccfa70d305df8eee692138658892f29132a033e8e32d8549bc666c7be06ad4a7_8051195eДар гузашта ҷои ҳозираи шаҳри Душанбе деҳаҳои калоне бо номҳои зебои тоҷикӣ — Сариосиё, Шоҳмансур, Қарямиршикор, Яккачинор ва ғайра воқеъ буданд. Ҳоло яке аз ноҳияҳои пойтахт Шоҳмансур ном гирифтааст. Ду маҳаллаи калони пойтахт Сариосиё ва Яккачинор номгузорӣ шудаанд.

Дар ин миён Қарямиршикор хеле зиёд ба шикаст ном бурда мешавад. Онро ҷое «Қарамишқор» (?), ҷои дигар «Қаламшикор» ва ё «Қарамишкор» ном мебаранд, ки маъное надоранд.

Иддае кӯшиш мекунанд, ки калимаи арабии «қаря» (деҳа)-ро ба «қара» (сиёҳ)-и туркӣ часпонанд. Масалан, дар замони шӯравӣ бархеҳо Қаряи Болоро зӯр зада, «Қарабало» (балои сиёҳ) маънидод карданӣ мешуданд. Шукри Худо ин тасаввуроти нодуруст ҳоло аз байн рафтааст.

Боре аз шаҳри Душанбе тавассути автобус бо роҳи шаҳраки Айнӣ ба ноҳия (ҳоло шаҳр)-и Ҳисор мерафтем. Ронанда пурсид, ки «ягон кас дар истгоҳи «Учхоз» мефурояд?» Меҳмони куҳансоле ба ҳампаҳлуяш доногӣ нишон дода гуфт: «Ин ҷо «Учхоз» не, балки «Уч қоз» аст. Дар вақташ ин ҷо се қоз нишастааст ва бо ҳамин сабаб номашро «Уч қоз» (се қоз) мондаанд.

Мо гуфтем, ки номи шаҳрак шакли ихтисоршудаи ибораи русии «Учебное хозяйство», яъне хоҷагии таълимӣ — таҷрибавии Донишкадаи кишоварзӣ (ҳоло Донишгоҳи аграрӣ)-и Тоҷикистон аст.

Боре нафари дигар иброз дошт, ки дар вақташ Амир Темур ба ноҳияи ҳозираи Ховалинг омада, обу ҳавояшро маъқул донистаасту онро «Ҳаво олинг» (ҳаво бигир) номидааст. Ва гӯё «Ҳаво олинг» рафта — рафта Ховалинг шудааст. Ана гапу мана гап. Ҳол он ки этимологияи ин калима аз шакли «Хваралунка»- и забони форсии қадим ва миёна пайдо шудааст ва маънии «хвара»- хур, ҳур, яъне рӯшноӣ, офтобӣ ва «лунка» ё «лунг»- теппа, замин, диёр, яъне «диёри офтобӣ»-ро дорад.

Ғайр аз Ховалинг, инчунин, Пушинг, Вашинг ва Амринг ном мавзеъҳо бо ҷойванди «инг» номгузорӣ шудаанд.

Аз ин рӯ, кормандони масъули мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки ҳангоми ба қайд гирифтани номи кӯчаю маҳалла, фурӯшгоҳ ё тарабхонаю ошхона ба тарзи дурусти навишти онҳо таваҷҷуҳ намоянд. Дар сурати саҳлангорию бетаваҷҷуҳӣ Қарямиршикор барин номи маънодору таърихӣ ба «Қаламшикор»-и бемаънӣ табдил меёбад.

С. АМИНИЁН,

«Садои мардум»