Чаро китобҳои бачагона бо теъдоди кам нашр мешаванд?

№92 (4042) 30.07.2019

Мутолиаи адабиёти бачагона барои рушди зеҳнӣ ва болоравии дараҷаи ҷаҳонбинию саводомӯзии насли наврас мусоидат мекунад. Қироати шеър, афсона ва қиссаву ҳикояҳое, ки аз қаҳрамонии родмардони давр нақл мекунанд, дар замири ҳар наврас ҳисси ватандӯстӣ ва қаҳрамониро тақвият мебахшад.

Дар ҳама давру замон китоб сарчашмаи хиради инсонӣ ва муайянкунандаи сатҳи маърифатнокии инсон маҳсуб мешавад. Меҳри ватан, меҳнатдӯстӣ, касбу ҳунаромӯзӣ, эҳтироми якдигарро донистан ва дараҷаи ҷаҳонбинии инсон тавассути китоб шакл мегирад.

Дар замони бархӯрди тамаддунҳо эҷод кардани асарҳои ҷавобгӯ ба завқу талаботи хонанда басо муҳим аст. Эътироф бояд кард, ки ҳоло нашри адабиёти бачагона хеле кам буда, адибоне, ки барои кӯдакону наврасон асар эҷод мекунанд, ангуштшуморанд. Аз ҷониби дигар, асарҳои бачагона сари вақт ба хонандагон дастрас намегарданд.

Мушкили дигар сари вақт ва бо теъдоди зиёдтар нашр нашудани асарҳо мебошад. Дар ҳоле ки бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2019 Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» эълон гардид, зоҳир намудани таваҷҷуҳи хоса ба ин масъала зарур ва ногузир аст.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»