Чаро палос ва гилимро дар мағозаву намоишгоҳҳо намебинем?

№107 (3901) 01.09.2018

silk_carpet_factory_900x600_x89Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот бо аҳли зиёи кишвар (19 марти соли 2018) аз ҷумла, гуфта буданд: «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шудани соли 2018, ки ҳадафи асосии он муаррифии шоистаи миллати тоҷик мебошад, дар навбати аввал, ба эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва афзоиши дастранҷи шахсони эҷодкору соҳибистеъдоди кишвар мусоидат хоҳад намуд. Ниёкони мо аз замонҳои хеле қадим ба ҳунармандӣ ва косибӣ рӯ оварда, дар тӯли асрҳои зиёд ҷиҳати эҷоди садҳо навъи ҳунар роҳ кушодаанд…

Вале бо мурури замон баъзеи онҳо аз байн рафта, қисми дигарашон дар маҳалҳои гуногуни диёрамон дар миёни аҳолӣ то ба имрӯз боқӣ мондааст, ки ҳар кадоми он намунаи барҷастаи мероси моддиву маънавии халқи тоҷик ба шумор меравад».

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки қисме аз ҳунарҳои халқӣ, ба монанди гилимбофӣ, танобресӣ, палосбофӣ ва калобаресӣ аз пашми бузу уштур, қариб ки дида намешавад.

Барои насли имрӯза шояд калимаи гилим нав бошад. Он ба ҷома шабоҳат дорад ва аз пашми маҳини гӯсфанд ё шутур тайёр карда шуда, асосан дар навоҳии кӯҳистони Тоҷикистон хеле маъмул буд. Ин навъи ҷома сафед, сиёҳ, хокистаррангу бурранг мешавад ва нархаш нисбат ба дигар маҳсулоти пашмӣ қиматтар аст.

Агар, аз насли ҷавон касе гилимро надида бошад, метавонад филми ҳунарии телевизионии «Субҳи нахустини ҷавонӣ»-и режиссёр Давлат Худоназаровро ба хотир орад. Он ҷо Бобокалон гилими сафед, Азизхон гилими ранг дар тан доранд. Пӯшидани он маънои шукӯҳу шаҳомат ва салобатро дошт, зеро ҳар кас ба харидану пӯшидан қодир набуд.

Дар робита ба эълон шудани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба таври пайваста  чорабиниҳои гуногун баргузор шуда истодаанд. Дар аксари онҳо иштирок карда, аз дидани маҳсулоти эҳёшуда шод мешавам. Аммо, афсӯс, аз эълон шудани ин иқдоми накӯ ним сол гузашта бошад ҳам, касе аз ҳунармандон гилимро ба мардум пешниҳод накард. Ҳол он ки солҳои пеш сокинони навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон онро чун либоси миллӣ дар ҷашну маъракаҳо мепӯшиданд.

Ёд дорам, ки дар деҳот мӯйсафедон аз пашми буз калобаҳои калони сафеду сиёҳ мересиданд. Дар мавсими зимис­тон, ки корҳои саҳроӣ ба охир мерасид, онҳо ба палосбофӣ ва танобресӣ машғул мешуданд. Талабгорони палос ва таноб (арғамчин) хеле зиёд буданд. Мутаассифона, солҳои охир ҷойи палосро қолину палосчаҳои сунъӣ танг карданд.

Акнун гилиму палосро танҳо аз бозорҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон, воқеъ дар деҳаи Теми шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Дарвоз, дастрас кардан мумкин аст. Зеро истеҳсоли ин ду намуд маҳсулоти пашмӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон хеле ривоҷ ёфтааст.

Бисёр мехостем дар ҷумҳурӣ истеҳсоли гилим ва палос ба роҳ монда шавад. Боварӣ ҳаст, ки талабгорони онҳо  зиёд хоҳад шуд.

Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»