Чаро шашмақомдонон «сояи ҳамдигарро аз девор метарошанд»?

№142 (3779) 30.11.2017

Баҳри гиромидошти мероси мусиқии миллӣ — «Шашмақом» ва рушду тарғиби он чанде пеш дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд Фестивали байналмилалии «Шашмақом» баргузор гардид, ки дар он дастаҳои шашмақомсароён аз шаҳру ноҳияҳои кишвар ва Ҷумҳурии Ўзбекистон ширкат варзиданд.

Қабл аз иштирок эҳсоси баланди хушҳолӣ маро фаро гирифт ва аз он ифтихор доштам, ки бори дигар метавонем собит созем, ин ганҷинаи бузург моли тоҷикон аст. Мутаассифона, дар рўзи аввал эҳсоси хушҳолӣ маро тарк кард. Чаро? Аввал он ки омодагии созмондиҳандагон дар сатҳи паст буд. Дувум, ҳамон эҳсоси баланди ифтихори миллиро, ки аз Шашмақом дорем, дар вуҷуди баъзе аз иштирокдорон ҳис накардам. Ҳатто буданд ҳунармандони тоҷик, ки бо забони ғайр шашмақомсароӣ карданд.

Маълум аст, ки ҳар як ҷашну чорабинии фарҳангии аз ҷониби сохторҳои марбут ба соҳа созмондодашуда барои дар сатҳи хуб ҷараён гирифтани он гурўҳи корӣ таъсис меёбад. Аммо Фестивали байналмилалии «Шашмақом» шукўҳи байналмилалӣ надошт. Ба ҷуз он ки дидорбинӣ бо устодони Шашмақом — ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Карим Қосимов, Абдуҷалил Ҳошимов, Ҷўрабек Набиев гуворову хотирмон гузашт.

Аз суханронии роҳбари бадеии ҷашнвора Абдувалӣ Абдурашидов хулоса кардан мумкин буд, ки онҳо дар ин самт корҳои зиёдро ба анҷом расонидаанд. Аммо номураттабии барномаҳои консертӣ нигаронкунанда ба назар мерасид. Ба ҳунарнамоии дастаҳо 15 дақиқа ҷудо гардида буд, аммо он аз ҷониби масъулин риоя намешуд. Ин боис гашт, ки барномаҳои консертӣ се-чор соат идома ёбанд ва тамошобинон хаставу нороҳат базмгоҳро тарк кунанд. Бар замми ин, ороиши саҳна ба талабот ҷавобгў набуд ва ин камбудии ҷиддӣ, мутаассифона, пешорўи тамошобин қарор дошт. Либосҳои куҳнаву фарсудаи иштирокдорон, чароғҳои бенур дар атрофи саҳна ва такрори сурудҳо аз он шаҳодат медоданд, ки масъулин танҳо ҳунарнамоии гурўҳҳоро ба инобат гирифта, барои рангоранг ва ҷолиб намудани чорабинии фарҳангӣ ҷалби шахсони корозмуда ва барномасозонро сарфи назар намудаанд. Вале агар мо хоҳем кори арзишманде барои миллат ба анҷом расонем, пеш аз ҳама, нангу номус ва ғурури миллӣ бояд тоҷикона бошад. Набояд фаромўш созем, ки ин фазоро Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам овардаанд. Ҷонбозиву сарсупурдагӣ, садо баланд кардан дар арсаи ҷаҳонӣ, ки офарандаи ин ганҷина тоҷиконанд, Рўзи Шашмақом ва ба феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ҳамчун шоҳкории мусиқии ҷаҳон ворид намудан корномаҳои мондагореанд, ки марбут ба Сарвари давлатанд. Мутаассифона, дар фестивал дар ин бора ёдоварӣ нашуд. Бинобар ин, ба муҳаққиқони тангназару манфиатхоҳ гуфтаниям, ки Шашмақоми беҳамтову гаронмояро, ки дар тўли асрҳо мақому манзалат дошт ва бо вуҷуди қурбониҳои зиёд то замони Истиқлолияти кишвар расидааст, ба худиву бегона бояд ҷудо насозем!

Устодони мақомдону мақомсаро Бобоқул Файзуллоев, Шоҳназар Соҳибов ва Фазлиддин Шаҳобов умри бобаракати хешро сарфи ин шоҳасар намуда, оҳангу  суруду таронаҳои Шашмақомро дар 5 китоб ҷамъ овардаанд (бо иқдоми Қаҳрамони Тоҷикистон, аллома Бобоҷон Ғафуров соли 1957 дар шаҳри Маскав ба чоп расидааст) ва хешро мураттиби (на муаллиф) асарҳои «Шашмақом» ба қалам додаанд. Дар банди 2 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 12 майи соли 2000, таҳти №294 дар бораи инкишофи минбаъдаи санъати шашмақомхонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Кумитаи телевизион ва радиои наз­ди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи оҳангсозони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таҳрири  нав (зеро ин асари бузургҳаҷм зиёда аз сесад сол муқаддам аз ҷониби устодон,  донандагону хонандагони Шашмақом эҷод шуда буд) асари панҷҷилдаи «Шашмақом»-ро ба чоп омода созанд.

Соли 2016 бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикис­тон асари шашҷилдаи (устодони дар боло зикршуда шаш мақомро бо сабаби комил набудани мақоми шашум – «Ироқ» дар панҷ ҷилд ҷой дода буданд) «Шашмақом» аз ҷониби номзади илмҳои санъатшиносӣ Абдувалӣ Абдурашидов омода гардид, вале ў худро муаллиф ва мураттиб ба қалам додааст, ки хилофи меъёрҳост. Дар санъати мусиқӣ муаллиф шахсест, ки суруд ва ё оҳанг меофарад. Аммо агар санъатшинос А. Абдурашидов суруде дар асари шашҷилдаи ҷадид ворид кардаанд, ин такмил ва ё коркард аст, ки мо бояд байни коркард ва эҷод фарқ гузорем. Ин нукта аз ҷониби мусиқишиносони ўзбек низ дар фестивал иброз гардид. Аслан доир ба ин масъала донандагон ва мусиқишиносони касбии Шашмақом бояд садо баланд менамуданд, аммо аз чӣ бошад, ки об ба даҳон гирифтанд.

Мутаассифона, имрўз дар ҷомеа чанд санъатшиносу мусиқидоне, ки пайи такмилу коркарди асарҳои Шашмақом ҳастанд  «сояи ҳамдигарро аз девор метарошанд». Ба кадоме аз онҳо бовар кунем? Ё беҳтар аст, ки боз рў ба китобҳои аз ҷониби устодони бузурги Шашмақом Бобоқул Файзуллоев, Шоҳназар Соҳибов ва Фазлиддин Шаҳобов мураттабгардида биоварем?

Муҳаққиқону  санъатшиносони муҳтарам, то замоне ба ҳам наоед, кинаву кудуратро аз дил наронед, дасти ҳам нагиред, густаришу такомул ва сабки хониши Шашмақоми тоҷикӣ зери суол боқӣ мемонад. Агар шумо хешро донандаву пардашинос муаррифӣ мекунед ва агар ҳунаре доред, мақомҳои ҷадид офаред ва даст аз ғасби моли гузаштагони гумном ва соҳибмол вонамудани худ нигаҳ доред. Шашмақом моли мардуми тамаддунофару заковатпарвари тоҷик аст ва ҳар сокини сарзамин ба ин мерос баробар ҳақ дорад.

 Тоҷиддин Раҳимзода, иштирокчии ҷашнвора