Д. Раҳимов: «Бояд як рӯзро рӯзи Меҳргон эълон намоем»

№124 (3761) 19.10.2017

Ёздаҳуми октябри соли равон бо ибтикори Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон роҷеъ ба идҳои Меҳргон ва Сада чорабинӣ баргузор шуд.

Директори Академияи ВАО Зинатулло Исмоилзода зимни ифтитоҳи чорабинӣ гуфт, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои милливу таърихии мо эҳё гаштанд. Ӯ, махсусан аз Иди Наврӯз ёдовар шуд, ки бо ташаббуси кишвари мо ба ҷашни ҷаҳонӣ мубаддал гардид. Сипас, профессор Муҳаммадқул Ҳазратқулов ва муовини директори Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот Дилшод Раҳимов доир ба ҷашни Меҳргон, ки дар баробари Наврӯз аз идҳои қадимаи миллати тоҷик мебошад, маълумот доданд. Фолклоршинос Дилшод Раҳимов пешниҳод кард, ки бояд як рӯзро Рӯзи Меҳргон эълон намоем, зеро ин ҷашн дар баробари Наврӯз барои миллат арзиши баланд дорад.

 Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»