Дар Хоҷа оби Гарм аз хастагӣ осор намемонад

№104 (4054) 29.08.2019

ывавыаааЯке аз зеботарин мавзеъҳои кишвар – Хоҷа Оби Гарм аз даврони шӯравӣ ҳамчун  макони фараҳафзову табобатӣ машҳур аст. Дар он ҷо аз соли 1934 Осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» фаъолият намуда, давои дарди ҳазорон нафар бемор гардидааст. Солҳои навадуми асри гузашта бар асари бесарусомониҳо  фаъолияти осоишгоҳ низ халалдор гардида, муддате бе таъмир монд.

Баъди директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи  Осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» таъин шудани Давлаталӣ Самизода ҳолати мавзеи истироҳатӣ хеле беҳтар гардид. Номбурда ҳамчун сарвари масъулиятшинос дар самти таъмир, кабудизоркунӣ ва ободонии осоишгоҳ корҳои зиёдро ба анҷом расонида, сифати хизматрасониро хеле беҳтар намуд.

Муовини директори генералии ҶСК Осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» Икром Одинаев зимни суҳбат иброз дошт, ки танҳо соли равон дар осоишгоҳ 5 ҳуҷраи нави табобатӣ ба истифода дода шуд. Дар замони шӯравӣ аз сабаби нарасидани ҳуҷраҳои табобатӣ ва мутахассисон истироҳаткунандагон назди ҳуҷраҳои табобатӣ ва буғхона як рӯз мардону як рӯз занон навбат мепоиданд. Дар заминаи ба истифода додани ҳуҷраҳои нави табобатӣ таъмини мутахассисон ва фароҳам овардани шароити мусоид занон дар ҳуҷраҳои алоҳида ва мардон  алоҳида, бенавбат муолиҷа мегиранд. Буғхона, ки аз соли 1954 рӯйи таъмирро надида буд, соли равон таъмир гардида, дар шафати он ҷойи шустушӯй ва ташноб сохта шуд.

-Дар осоишгоҳ 35 мутахассиси дорои маълумоти олӣ ва миёнаи тиббӣ ба истироҳаткунандагон хизмат мерасонанд. Аз ҷумла, табибони дилшинос, чашм, гӯшу гулӯ ва бинӣ, масҳгар, мутахассисони кашиши сутунмуҳра, сӯзандармонӣ ва мураббии варзиш дорем. Баъди муоинаи духтур ба истироҳаткунандагон вобаста ба беморияшон буғи тафсони маъданноки радонӣ, оби гарми шифобахши радонӣ бо тарзи давр задану фишор, ҳавзи муолиҷавӣ, масҳи дастӣ, сӯзандармонӣ, масҳи барқӣ, сандалии барқӣ, муолиҷа ба лойи маъданноки шифобахш ва ғайра тавсия дода мешавад, — мегӯяд Давлаталӣ Самизода.

То соли 2012 ҳуҷраҳои истироҳатгоҳ аз замони шӯравӣ рӯйи таъмирро надида буданд. Баъди ба ҷамъияти саҳомӣ табдил ёфтани осоишгоҳ бо ташаббуси Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷраҳо аз таъмири пурра бароварда шуда, бо телевизор, яхдон, кати хоб, ҷевон ва  мизу курсиҳои нав муҷаҳҳаз шуданд.

Сифати хӯрокҳо хеле беҳтар гардида, бо тавсияи духтурон ва бо дарназардошти меъёрҳои тандурустӣ омода мешаванд. Ғайр аз анвои гуногуни таомҳои миллӣ, инчунин меваю сабзавот, тарбузу харбуза, ширинию қаймоқ ва чаккаю ҷурғот пешкаши  мизоҷон мегардад.

Дар осоишгоҳ баҳри фароғати мизоҷон чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор мешаванд. Ҳар шом дар толори фарҳанг базми шеъру суруд ва ханда доир мегардад. Сарояндагони шинохта, аз қабили Убайдуллоҳи Каромат, Зиёвиддини Нурзод, Матлуба Раҳимова, ширинкорони гурӯҳҳои «Ғарибшо компания» ва «Лаҳзаҳои гуворо» хотири истироҳаткунандагонро шод мекунанд.

Ду соли охир бинобар дар сатҳи байналмилалӣ хуб муаррифӣ шудани осоишгоҳ ба ин ҷо аз мамолики хориҷӣ сайёҳони зиёд меоянд. Ба гуфти муовини директори генералии ҶСК «Осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» оид ба сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  Исфандиёр Саидов, бештар шаҳрвандони Туркия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Англия ва Федератсияи Россия дар осоишгоҳ меҳмон мешаванд. Моҳи апрели соли равон як ҳайати кормандони иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба осоишгоҳ омада, бо шароити будубош ва табобати он ошно шуданд. Баъд аз он ду маротибаи дигар чунин гурӯҳҳо ташриф оварданд. Айни ҳол 15 сайёҳ аз Федератсияи Россия, Ӯзбекистон ва Қазоқистон истироҳат карда истодаанд.

- Дар ҳафт моҳи соли равон ба осоишгоҳ 496 сайёҳи хориҷӣ омаданд. Соли гузашта теъдоди умумии сайёҳони хориҷӣ 902 нафарро ташкил дода буд. Имсол ин нишондиҳанда беҳтар хоҳад шуд. Агар дар 7 моҳи соли 2018 шумораи умумии истироҳаткунандагон дар осоишгоҳ 9800 нафарро ташкил дода бошад, ин рақам соли равон ба 10200 нафар расид, — гуфт Исфандиёр Саидов.

Баъд аз таъмир осоишгоҳ дар як вақт 650 нафар истироҳаткунандаро қабул карда истодааст. Ба онҳо хатсайрҳои саёҳатии «Арчамазор», «Дараи  мазор» ва «Сафеддара» низ пешниҳод карда мешавад. Барои меҳмонон гӯшаи махсуси намоиши ҳунарҳои мардумӣ, дӯкони армуғонҳо ва гиёҳҳои шифобахш ташкил карда шудааст. Зимни гусели сайёҳони хориҷӣ ба онҳо китобу буклет дар бораи осоишгоҳ (забонҳои русӣ ва англисӣ) ва намунаи ҳунарҳои мардумӣ ҳадя карда мешавад.

Афзудани теъдоди сайёҳони хориҷӣ аз он дарак медиҳад, ки эълон шудани соли 2018 ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва эълон гардидани солҳои 2019 -2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» на танҳо ба ободу зебо гардидани осоишгоҳ ва атрофи он мусоидат кард, балки таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷиро боз ҳам бештар ҷалб намуд.

Зимни суҳбат шаҳрванди Ҷумҳурии Қазоқис­тон Неъматулло Туғашев гуфт:

- Ман тоҷики муқими вилояти Туркистон, ноҳияи Ҷетисой мебошам. Дар округ (ҷамоат)- и Зартубин 18 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд, ки аз он 8 ҳазор нафараш тоҷик ҳастанд. Ҳанӯз солҳои ҳафтодуми асри XX дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон донишҷӯ будам ва баъди хатм дар он ҷо ба ҳайси ассистенти кафедра ду сол кор кардам.

Дар ноҳияи ҳамсояи мо, наздики 40 ҳазор тоҷик зиндагӣ мекунанд. Инчунин, ду мактаби тоҷикӣ фаъолият дорад. Китобҳои дарсӣ бо забони тоҷикӣ дастрасанд. Рӯзномаи «Сариагач – Инфо» дар он ҷо бо чор забон- қазоқӣ, тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ чоп мешавад. Қариб ҳар сол барои истироҳату табобат ба осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» меоем. Ду сол қабл аз осоишгоҳ иттилооти зиёд дастрас кардем, аз ҷумла, китобу дастурамал ва фитаи махсусе, ки дар бораи таърихи гузаштаю имрӯзаи осоишгоҳ бо се забон тайёр карда шудааст. Вақте ба Қазоқистон рафтем, миёни мардум онро ташвиқу тарғиб кардем. Ҳамин буд, ки шумораи ихлосмандони осоишгоҳ зиёд гардид. Айни ҳол 15 шаҳрванди Қазоқистон дар ин ҷо ба истироҳату табобат фаро гирифта шудаанд. Хизматрасонии табибон ва пешхизматҳо хеле хуб аст. Маъмурияти осоишгоҳ ҳар лаҳза аз ҳоли мо пурсон мешавад. Боду ҳавои тозаи ин ҷо худ як табобат аст, зеро дар талу теппаҳои атроф гулу гиёҳҳои зиёд мерӯидаст, ки ҳар гоҳ бӯяшон ба машом мерасад, хеле ҳаловат мебарем. Таомҳои миллӣ ва меваю сабзавоти ин ҷо мувофиқи табъи диламон аст.

Дар фарҷоми суҳбат Неъматулло Туғашев миннатдории хешро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён карда, изҳор дошт, ки заҳматҳои зиёди Сарвари давлати Тоҷикис­тон буд, ки имрӯз дар ин кишвари офтобрӯя тинҷию амонӣ ва сулҳу субот пойдор аст. Мо — тоҷикони бурунмарзӣ низ бо Пешвои миллат фахр мекунем. Ҳамдиёри ӯ Мирсаид Ҳайдаров низ ин ақидаҳоро ҷонибдорӣ карда, изҳор намуд, ки шиносҳои зиёди қазоқистониаш азми истироҳат дар осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм»- ро доранд. Зеро баъди дар ин мавзеи хушманзара истироҳат кардан аз хастагӣ осор намемонад.

Муҳаммад ЗОКИР, Сайфиддин СУННАТӢ«Садои мардум»