Дар кошонаҳост нақши дастони ӯ

№19 (3813) 13.02.2018

фвфывТаърих гувоҳӣ медиҳад, ки  занони далеру шуҷоъ ва донову оқила дар радифи мардон дар ҷомеа сазовори эътирофу эҳтиром ва мақому манзалати баланд гардидаанд. Занон ҳамчун омӯзгор, олима, соҳибкор, табиби ҳозиқ, тарбиятгар, кишоварз, корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сарвару роҳбар дар шукуфоии кишвар  саҳми беандоза доранд. Яке аз онҳо ходими  намоёни давлатӣ, аз зумраи аввалин бинокорзанҳои тоҷик Ҳамро Тоҳирова (1912- 1990) мебошад.

Ӯ соли 1912 дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд дар оилаи коргар чашм ба дунё кушода, фаъолияти меҳнатиро соли 1935 баъди хатми Донишкадаи давлатии Осиёи Миёна оғоз намуда, солҳои 1936 — 1940 ба ҳайси саркор, сардори участкаи сохтмон ва муҳандиси шуъбаи сохтмони асосии Кумитаи давлатии сохтмону назорати Шӯрои Комиссарони халқи ҶШС Тоҷикис­тон кор кардааст. Дар ин давра як қатор биноҳо, аз ҷумла, Маҷлиси Олии Тоҷикис­тон, Донишгоҳи миллии Тоҷикис­тон, мактабҳои миёна ва маҳаллаҳои истиқоматӣ бо иштирок ва роҳбарии ӯ сохта шуданд. Вай иштирокчии Анҷумани умумиттифоқии меъморон, муаллифи як қатор лоиҳаҳои бинову иншоот буд. Якуми марти соли 1936 Маҷлиси машваратии бинокорон дар шаҳри Душанбе барпо гардид, ки дар он Ҳамро Тоҳирова узви Иттифоқи меъморони Тоҷикистон  шуд. Ба раёсати конфронс меъморон С. Кутин, П. Сироткин  ва Ҳ. Тоҳирова интихоб гардиданд. Ҳамро Тоҳирова аз соли 1940 то соли 1954 дар вазифаҳои масъули давлатӣ, аз ҷумла дар Шӯрои Комиссарони халқи ҷумҳурӣ ва Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон фаъолият намуд. Ҳамчунин, дар вазифаҳои мудири шуъбаи кор бо занон ва мудири шуъбаи кор бо саноат ва нақлиёти  Комитети Марказӣ, котиби Комитети марказии Шӯрои Олии Тоҷикистон, вазири сохтмони шаҳру деҳот (1954 -1957), вазири сохтмон (1957-1961), вазири масолеҳи бинокорӣ ва саноат (1963 -1968), раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ  (1968- 1974) фаъолият намудааст.

Ҳамро Тоҳирова дар бунёди Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ иштирок кардааст. Бунёди иншооти мазкур дар ҳамон солҳо барои Тоҷикис­тон воқеаи дорои аҳамияти бузург буд. Маркази бузурги фарҳангӣ дар хиёбони ба номи академик Раҷабовҳо бунёд ёфта, Ҳамро Тоҳирова ба вазифаи коргузори иншооти мазкур таъин гардид. Соли 1954 номбурда вазири сохтмони кишвар интихоб гашта, дар ҳафт соли роҳбарии ӯ биноҳои Донишгоҳи аграрӣ, чойхонаи «Роҳат», бинои Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, неругоҳҳои барқи обии «Қайроққум», «Норак» ва биноҳои асосии истгоҳи роҳи оҳан ва  фурудгоҳ қомат афрохта, қариб як миллион нафар аҳолии ҷумҳурӣ  соҳиби манзили нави истиқоматӣ шуданд. Ҳамро Тоҳирова аз соли 1937 то соли 1974 узви Иттифоқи меъморони Иттиҳоди Шӯравӣ буд.

Ин бонуи серкор дар ҳаёти ҷамъиятӣ низ фаъолона иштирок мекард. Аз соли 1947 то соли 1974 якчанд даъват депутати Шӯрои Олии ҷумҳурӣ, солҳои 1961- 1963 депутати Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ ва узви Ҳукумати  ҶШС Тоҷикистон, Кумитаи занони мамлакат ва Кумитаи занони Иттиҳоди Шӯравӣ интихоб гаштааст. Қалби ӯ аз меҳри бепоён, ҳисси некбиниву саховатмандӣ саршор буд. Мавқеи устувори ҷамъиятӣ, ихтисосӣ ва ҷаҳонбинии васеи ӯ обрӯю эътиборашро баланд мекарданд.

Ҳамро Тоҳирова нахустин зани тоҷик аст, ки соли 1947 дар ҳайати вакилони Иттиҳоди Шӯравӣ ба Ҳиндустон сафар намуда, дар Конференсияи мамлакатҳои Осиё ва Африқо иштирок намудааст. Дар конференсия зиёда аз  30 ҳазор нафар  намояндагони ду қитъаи олам иштирок доштанд. Ӯ дар ин ҷамъомади калон «Дар бораи ҳуқуқ ва нақши занони Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷамъият» баромад кард. Ӯ дар ин сафар ба бисёр шаҳрҳои Ҳиндус­тон, аз он ҷумла Калкутта, Деҳлӣ, Мадрас, Ҳайдаробод  ва ғайраҳо рафта, дар бораи ҳуқуқи занони Шарқи озод маърӯза намуд. Вай зиёда аз даҳ сол раиси Комитет оид ба ташкили конференсияи занони Осиё ва Африқо буд. Инчунин, ӯ соли 1960 чун роҳбари ҳайати намояндагони занони Иттиҳоди Шӯравӣ ба Ҷумҳурии Мисри Араб сафар намудааст. Ҳамро Тоҳирова солҳои тӯлонӣ бо фаъолзанони намоёни ҷаҳон, аз ҷумла, Индира Гандӣ, Ашока Гупта, Эжени Коттон, Жанни Мартен, Нина Попова ва дигарон мукотибаи доимии дӯстиву корӣ дошт. Ӯ бо афроди шарифу барӯманди тоҷик, мисли Шириншоҳ Шоҳтемур, Бобоҷон Ғафуров, Турсун Ӯлҷабоев, Назаршо Додихудоев, Абдулаҳад Қаҳҳоров, Низорамоҳ Зарифова, Тоҷинисо Азизова, Ибодат Раҳимова ва дигарон ҳамроҳ кор кардааст. Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон зери роҳбарии Ҳамро Тоҳирова бо ҳайати на чандон калон корҳои хеле зиёдеро анҷом дод. Аъзои ҷамъият ба гӯшаву канори дуру наздики ҷумҳурӣ ва мамолики бурунмарзӣ,  ба ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ сафар карда, аз дӯстони бурунмарзӣ ҳамеша сабақ мебардоштанд, инчунин бо  таҷрибаи хамдигар шинос шуда, барои шукуфоии кишвар саҳми арзанда мегузоштанд.  Дар давраи роҳбарии Ҳамро Тоҳирова  Ҷамъияти «Дӯстӣ»-и Тоҷикистон бо 63 давлати ҷаҳон робитаи дӯстиву фарҳангӣ барқарор карда, ба ҳайати он 150 ташкилоти маданию  фарҳангӣ шомил буданд. Дар замони роҳбарии ӯ як қатор олимон, адибон, шоирон ва сиёсатмадорони варзида, ба монанди Бобоҷон Ғафуров, Баҳодур  Искандаров, Абдулқодир Маниёзов, Мирсаид Миршакар, Мирзо Турсунзода, Ҷаббор Расулов аъзои фаъоли Ҷамъияти «Дӯстӣ»  гардиданд. Ҳамро Тоҳирова чун узв ва роҳбари як қатор ҳайати вакилони Иттиҳоди ҷамъиятҳои «Дӯстӣ» ва робитаҳои мадании  мамолики бурунмарзӣ ба бисёр давлатҳои дунё, аз ҷумла Австрия, Фаронса, Испания, Белгия, Ироқ, Бразилия, Италия, Канада, Ҷопон ва ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ сафар карда, ба дӯстон  кишвари зебоманзари Тоҷикистонро шинос менамуд.

Ҳамро Тоҳирова соли 1974  ба нафақа баромада бошад ҳам, фаъолияти ҷамъиятиашро дар Иттифоқи меъморони Тоҷикистон қатъ накард. Ӯ дар анҷуману пленумҳо ва машваратҳои меъморони ҷумҳурӣ ва ИҶШС иштирок менамуд.

Ҳукумати мамлакат хизматҳои шоёни Ҳамро  Тоҳироваро ба назар гирифта, ӯро  бо мукофотҳои олӣ сарфароз намудааст. Аз ҷумла, ӯ се карат бо ордени «Нишони фахрӣ», медалҳои «Барои меҳнати диловарона дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», 5 ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат», медалҳои  «Барои меҳнати шуҷоатнок», Бинокори хизматнишондодаи Тоҷикистон, Ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои олӣ, Кумитаи занҳои Иттиҳоди Шӯравӣ    қадрдонӣ шудааст.

Хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, мисли фурӯтанӣ, ҳимматбаландӣ, ҷасорат, ростқавлӣ, дурандешӣ асоси комёбиҳои Ҳамро Тоҳирова буд. Халқи тоҷик имрӯз ҳам бо корнамоӣ ва ҷоннисориҳои ӯ ифтихор намуда, номи ин бинокорзани тоҷикро бо некӣ ёд мекунад. Барои абадӣ гардонидани номи неки Ҳамро Тоҳирова  хуб мешуд, ки кӯча ё мактабе  дар шаҳри Душанбе ба номи ӯ гузошта шавад.

Бахтовари ТЕМИРЗОДА,

мутахассиси пешбари шуъбаи

сиккашиносӣ ва бостоншиносии

Осорхонаи миллии Тоҷикистон