Дар шинохти зан — модар

№30 (4136) 07.03.2020

a4ab9b6ddea2b74b57c0871e04066c4fКӣ ва чаро бори аввал занро пошикаста гуфт? Чаро ба зан унвону сифатҳои ­заифа, паршикаста ва муштипарро доданд? Оё ин гуна муроҷиат кардан ба зан аз меҳрубониву дилсӯзӣ буд ё таҳқир? Шояд бонувон эрод гиранд, ки касе онҳоро пошикас­та… намегӯяд, аммо бовар кунед, аз ин вожаҳо нисбат ба зан ҳоло ҳам истифода мебаранд.

Нақши зан дар таъриху тамаддун басо бузург аст. Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ онҳо ҷойгоҳи махсус доранд. Масалан, Рудоба зани донову хирадманд дар домон Рустамро парвариш мекунад, Таҳмина Сӯҳробро далеру шуҷоъ ба воя мерасонад. Аммо дар миёни занони «Шоҳнома» Гурдофарид мубориз, паҳлавон, нотарс, покдоман, доно ва ботадбир аст.

Ин гуна занон дар таърихи миллат зиёд будаанд ва ному осори нек гузоштаанд. Дар китоби «Самаки айёр» Рӯзафзуни мубориз низ аз ҳамин қабил занон аст. Дар таърихи на чандон дур — солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ занони муборизи тоҷик қаҳрамонӣ карданд. Яке аз онҳо лочиндухтар Ойгул Муҳаммадҷонова аст, ки бо тайё­раи ҷангӣ бар муқобили фашис­тон мубориза бурд. Дар бораи қаҳрамонии Ойгул командири ӯ – капитан В. Лапко навиштааст: «Дар назди хатти фронт ба мо «мессерҳо» ҳамла оварданд. Мо мудофиаи давра ташкил кардем. Ойгул дар ин ҷо аз аввалин имтиҳони ҷангӣ гузашт. Ӯ бо пулемёт ҳавопаймои қиркунандаи душманро зада афтонд. Дар ин ҷанг тирандози ҳавопаймои Ойгул ҳалок гардид ва аз китфаш ярадор шуд. Ба ҳавопаймо тири тӯпҳои зенитии душман расида буд, вале Ойгул онро ба мавқеи қисмҳои ҳарбии мо шинонд. Шӯрои ҳарбии Фронти ғарбӣ духтари тоҷикро бо ордени Ленин мукофотонид».

Солҳои минбаъда аз ҳисоби колхозчизанон 41 нафар сазовори унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ шуданд. Дар байни онҳо Ҳалима Ширинова, Ҷаҳон Эргашева, Ҷонон Урунова, Қимматой Ашурова, Хитойбӣ Каримова, Энаҷон Бойматова, Фотима Сӯфихонова низ ҳастанд. Онҳо заноне буданд, ки дар майдони кору набард доди мардонагиро додаанд. Номбурдагон занони одие мебошанд, ки аз худ чунин номеву осоре гузоштаанд. Яъне, онҳо на пошикаста буданду на паршикаста, балки бо шуҷоат, хирад ва диловарӣ машҳур гаштанд.

Истиқлолият фазои кишвари моро комилан дигар кард. Ба занон низ неру ва болу пари тоза бахшид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин замина гуфта буданд, ки: «Сатҳи маърифати ҷомеа ва нуфузу эътибори он аз рӯи муносибат ба зан, ба модар муайян карда мешавад, аз рӯи он арзёбӣ мегардад, ки занон то чӣ андоза соҳибмаърифату соҳибкасбанд ва то чӣ андоза дар ҳаёти ҷомеа фаъол мебошанд.
Аз ин рӯ, Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози истиқлолият вобаста ба таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқи конститутсионии занон тамоми тадбирҳои заруриро андешида, онҳоро мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ амалӣ мегардонад».

Агар Фирӯзаҳо замоне барои расидан ба одитарин ҳуқуқу озодиҳо талош варзиданд, кори онҳоро минбаъд дар ҷодаи илму фарҳанг ва сиёсат Малика Собирова, Мавҷуда Ҳакимова, Озод Аминзода, Зебунисо ­Рустамова, Низорамоҳ Зарипова, Биҳоҷал Раҳимова, Саъдинисо Ҳакимова… идома доданд. Онҳо намунаи занҳои пешқадам ва давронсози тоҷик ҳастанд, ки чеҳраи занро барҷаста ба намоиш гузош­танд.

Асри XX дар ҳаёти занони тоҷик таҳаввулоти бузургро ба миён овард. Онҳоро бештар аз ҳар вақти дигар дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ фаъол сохт. Занонро ба майдони илму санъат ҳидоят намуд. Аммо бо касби истиқлолият даврони комилан нав оғоз гашт. Марҳилае, ки ифтихороти миллиро фузун намуд ва эҳсоси соҳибият ба марзу бумро барангехт. Замоне насиб гашт, ки дасти дуои модар барои ободӣ, сулҳу амонӣ ва саодати ҷовидонии Тоҷикистон бардошта шуд. Занон акнун дар давлати миллӣ бори амонати муҳаб­батро бар дӯш гирифтаанд. Армони Фирӯзаҳо шикаста шуд, замони кору пайкори навин фаро расид. Зан-роҳбар, зан-олим, зан-тоҷир, зан-сарбоз дар баробари зан-модар будан рушд кард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон соли 2019 зимни суханронӣ дар Рӯзи Модар таъкид карда буданд: «Дар замони соҳибистиқлолӣ бонувони тоҷик бо ташаббусҳои худ собит намуданд, ки метавонанд дар ҷодаи соҳибкорӣ низ муваффақ бошанд. Саҳми занону бонувони соҳибкор илова ба соҳаҳои саноату кишоварзӣ дар эҳё намудану тараққӣ додани ҳунарҳои мардумӣ ва бо ҳамин роҳ муҳайё кардани ҷойҳои корӣ барои бонувони хонашин басо арзишманду назаррас мебошад».

Ин суханони Сарвари давлат гувоҳи он аст, ки марҳилаи сифатан наве дар ҳаёти занҳо ба вуҷуд омадааст. Акнун онҳо танҳо коргар нестанд, балки корофарин низ мебошанд.

Бо вуҷуди ин, боз ҳам дар гӯш вожаҳои оҷиза, муштипар, пошикаста, паршикаста садо медиҳанд. Ҳанӯз ҳам касоне ин мафҳумҳоро нисбат ба занон истифода мебаранд. Ҳанӯз ҳам нафароне пайдо мешаванд, ки мехоҳанд бо зан чун бо мол муносибат намоянд. Бинобар ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сароҳатан таъкид кардаанд: «Мо дар асри бисту якум – замони пешрафти илму техника ва дастовардҳои бесобиқаи ақли инсонӣ зиндагӣ дорем. Аз ин лиҳоз, бояд аз эҳсосоти хушунатомез ва тафаккури ақибмондаи хурофотӣ озод бошем, шаъну шараф ва ҳайсияти занону духтаронро эҳтиёт ва эҳтиром кунем, ба онҳо, яъне, бонувону духтарон, бо назари нек ва бо иззату ҳурмат муносибат намоем».

Мутаассифона, то ҳол афкори хурофотӣ нисбат ба зан дар миёни ҷомеа вуҷуд дорад. Он мисли заҳрпечак аст, ки ба ҳар чизе расид, монеаи рушд мегардад. Дар маҷмӯъ, шинохти ҳувияти зан, ҷойгоҳ ва манзалати ӯ ба ақлу идроки аҳли ҷомеа сахт вобастагӣ дорад.

Дилафрӯз РУСТАМОВА, номзади илмҳои филология, устоди ДМТ