Нигаронӣ

«Дар зиндоно об шавам»

№5 (3642) 18.01.2017

ҷилави ҳарзасароёни китобқимобро кӣ мекашад?

Сӣ-чил сол  пеш на дар ҳар оила магнитофон буд. Имрӯз ба шарофати пешрафти илму техника дар ҳар хонадон таҷҳизоти DVD ва СД, инчунин телефонҳои сабту пахшкунандаи овоз мавҷуд аст. Мошине нест, ки радиову магнитофон надошта бошад. Ҳар субҳ зимни ба кор омадан дар микроавтобусҳо баъзе ронандагони ҷавон радио ё магнитофонро мувофиқи табъи худ баланд мекунанд. Агар садои рэпхоне баланд шавад, дарҳол аз ронанда хоҳиш мекунам, ки ё садои радиоро паст кунад ё умуман хомӯш намояд, зеро аксари сурудҳои интихобкардаи ронандаҳо мақоли ҳазломези «шунавед, тоқат кунед»-ро ба ёд меорад.

Чанде пеш дар яке аз чунин «барномаҳо» ҷавоне бо овози хирросӣ  месуруд:

… Аз садоят шод шавам,

Дар зиндоно об шавам…

Ростӣ, пеш аз пахшшавии ин ҳарзасароӣ номи студияи сабти овоз низ эълон шуд, вале ба он аҳамият надодам. Вагарна, ба сарвари студия мегуфтам, ки на ҳар қофиябандии бемантиқ шеър ё суруд аст.

Сарояндаи дигари ҷавоне, ки ба фикрам, маънии рӯд ва дарёро сарфаҳм намеравад, чунин  ҳарзасароӣ мекард:

Хаёли хоми ту бас ба дилам зад,

Нигоҳи қаҳри ту (?) бас ба дилам зад.

Даме ором бош, эй рӯди дарё (?)

Ҳама рашкои ту бас ба дилам зад.

Чунин суханони бемантиқро шунида, мақоли «деҳ куҷову дарахтон куҷо» ба ёд меояд. Дар ҳарзасароӣ аз ин ҳофиза  Мино (Мадина) низ ақиб монданӣ нест. Ӯ «сӯхтаю пухта» ба шунаванда чунин дарди дил мекунад:

Ишқи аввал ногаҳон меомадай,

Бехотир дар дилакут медромадай.

Ай ману  ай ту намепурсидай,

Ошиқ ай ҳичи наметарсидай…

Хуб дар хотир дорем, ки дар даврони шӯравӣ Назокат Мамедова, Зайнаб Хонларова, Лайло Шарифова, Раҳима Шалоэр, Рена Ғолибова бо вуҷуди тоҷик набуданашон бо лаҳни тоҷикӣ месуруданд. Вале лаҳни Мино тоҷикӣ нест. Шахси ношинос таронаҳояшро шунавад, гумон мекунад, ки ягон ғайритоҷик суруда истодааст.

Озода Аҳатова бошад, ҳам месарояду ҳам мусиқӣ менавозад. Бовар намекунед? Пас гӯш андозед:

Доира медиҳад садо, бумбака бумбак,

Ошиқона диҳадо (?) бумбака  бумбак…

… Ооо хурраму сармаст

Бумбака, бумбака, бумбака, бумбак.

Бака бака  бум-бум, бумбака бумбак.

Манижаи Сабо ҳам дар «маънифаҳмӣ» аз ҳампешагонаш монданӣ надорад:

Эй вой, эй вой, эй вой, ку ҳаму Ҳотами Той?

Ку ҳаму бачаҳаке дадаҷонуш боша бой?

Ҳамеша гул биёра, нозакома бардора,

Гапакома бигира, ёри дигар нагира, оҳҳ!

Бача боша  бой-бой, дар дилакуш мешам ҷой,

Боша агар очаҷон, мегирум ай дилу ҷон…

Чандест, ки дар шабакаи «Баҳористон» озмуни телевизионии «Парвин» намоиш дода мешавад. Доварони озмун шоира Меҳринисо, сарояндаи маъруф Фурқати Саид ва дигарон ба ҳаваскорони наврас тавсия медиҳанд, ки бештар китоб хонанд, шеърҳои пурмазмун азёд кунанд, барои такмили маҳорат аз устод таълим бигиранд. Маслиҳатҳои ишон бамаврид аст. Имрӯз, вақте мусоҳибаҳои баъзе «ситорагон»-ро дар ҳафтаномаҳо мехонем, аз устод ёде намекунанд. Маълум аст, ки шиори онҳо «шеъри худам, оҳанги худам, худам месароям» аст. Дар натиҷа, чунин ҳунарпешагони бе устод дур рафта наметавонанд. Шоир дар ин хусус фармудааст:

Гуле, ки тарбият  аз дасти боғбон нагирифт,

Агар ба чашмаи хуршед сар кашад, худрӯст.

Аз ин рӯ, хуб мешуд, ки масъулони Вазорати фарҳангу Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳунарпешагони ғалатсарову китобқимобро огоҳ намоянд, ки сурудҳои бомаъниву бомантиқ интихоб кунанд. Ҳамчунин, студияҳои овозро ҳушдор диҳанд, ки ҳар гуна ҳарзасароиро сабт нанамоянд. Зимни пешниҳоди суруд барои сабт ҳатман муаллифи шеъру оҳангро ёдовар шаванд. Дар шабакаҳои  радиоӣ низ назоратро дар ин самт пурзӯр бояд кард. Агар раванди фачсароӣ пешгирӣ нашавад, ҳунармандони асил рӯҳафтода шуда, ғалатгуфторӣ оммавӣ мегардад.

С. Наҷмиддинзода, «Садои мардум»