Дастури хирад

№6 (3956) 15.01.2019

 Илҳом аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Он ҳомии ҷонфидои миллат,

Он Раҳбари олии муқаддас.

Дод аз сари нав Паёми худро,

Бо лаҳни накӯву ҳарфи дилрас.

 

Меҳри Ватану Ливои миллат,

Паймони шараф шуд аз забонаш.

Ободиву марзу буми кишвар,

Дастури хирад шуда Паёмаш.

 

Деҳотӣ шавад ба зиндагонӣ,

Пирӯз ба зинаи камолот.

Ӯ соли наву камоли навро

Бахшид ба файзу рушди деҳот.

 

Бар модари мо намуда таъкид,

То ҳомии ин Ватан бизояд.

Дар қалбу равони кӯдаконаш,

Ӯ қувваи Рустамӣ физояд.

 

То ваҳдату сулҳи ин Ватанро,

Бо қимати ҷон шавад муҳофиз.

Ин Модару ҳикмати Ватанро

Ҳаргиз накунад қиёси ҳар чиз.

 

Аҳсан ба равони Раҳбари мо,

Ӯ нуру зиё ба мо биёрад.

Ҳам донаи меҳри синаашро

Дар мазраи ҷони мо бикорад.

 

Ҳар донаи меҳри ӯ, ки сабзад,

Гулбор расида то Бадахшон.

Доман зада чун биҳишти анбар,

Аз Суғду Ҳисору Рашту Хатлон.

 

Эй Раҳбари Олии муаззам,

Фарзанди туем абармаромем.

Савганд ба Модару ба Меҳан,

Дар доираи ҳамин Паёмем.

 

Ҷалолиддин Нуров