Соли 2018 - «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Дастуру супоришҳои Пешвои миллат боис ба пешрафту шукуфоӣ мегарданд,

№126 (3920) 18.10.2018

- мегӯяд муовини раиси ноҳияи Спитамен Дилрабо Раҳимӣ

ыыыДар Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Спитамен даъвати панҷум, ки чанде пеш доир шуд, ҳолати иҷрои «Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 — 2020» баррасӣ шуд. Дар робита ба ин хабарнигорамон бо муовини раиси ноҳия Дилрабо Раҳимӣ ҳамсуҳбат шуда, ба чанд суол посух гирифт.

- Ноҳияи Спитамен аз қадим дар шоҳроҳи «Абрешим» қарор дошта, соҳиби таърихи куҳан ва дорои ёдгориҳои таърихист, ки ҳанӯз солҳои 50-уми асри XX аз тарафи олимон омӯхта шуда, мавриди кофтуковҳои археологӣ қарор гирифтаанд ва ёдгориҳои таърихии «Қалъаи Ширин» ва «Сафедтеппа» аз ҷумлаи онҳо ба ҳисоб мераванд, — гуфт Дилрабо Раҳимӣ.

Ғайр аз ин, дар ноҳия ёдгории таърихии «Лангар-Ато» мавҷуд аст, ки мансуб ба асри XV буда, дар дохили ҷумҳурӣ ва берун аз он шинохта шуда, зиёда аз ду сол аст чун муассисаи давлатӣ фаъолият дорад. Аз ҳисоби маб­лағҳои воридгардидаи он як қатор корҳои ободонӣ дар ноҳия ба анҷом расонида шуд. Аз ҷумла, 800 метр роҳи ёдгории таърихӣ таҷдид гардида, сохтмони истгоҳ барои нақлиёт бо растаи дӯконҳо ва чойхонаю меҳмонхона дар зиёратгоҳ ба нақша гирифта шуд, ки ҳуҷҷатгузории онҳо идома дорад.

Дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби сайёҳони ҷумҳуриҳои ҳамсоя ва дохилӣ 62670 сомонӣ ба суратҳисоби «Лангар – Ато» ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. Дар давраи зикршуда, зиёратгоҳро зиёда аз 11 ҳазор нафар сайёҳ тамошо кардаанд, ки аз ин 2 ҳазор нафараш аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон мебошанд.

Дар баробари ин, соли ҷорӣ ба хотири ҷалби ҳар чӣ бештари сайёҳон ва меҳмонони хориҷӣ боғи марказӣ боз ҳам ободу зебо гардонида шуд. Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Аширмат Назарови ноҳия дар озмуни ҷумҳуриявии «Гулзори маърифат», ки ба муносибати «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид, соҳиби дипломи дараҷаи 3 ва Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ шуд.

Барои муаррифии таърихи ноҳия дар назди бахши фарҳанг осорхонаи «Курушкада» фаъолият менамояд, ки дорои зиёда аз 1790 экспонат ва ашёи нодир мебошад. Онро то 1 сентябри соли 2018 зиёда аз 5 ҳазор нафар дидан намудаанд.

- Дар бобати ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ ва ба сайру сайёҳат бурдани шаҳрвандон ба хориҷи ноҳияву кишвар саҳми ширкатҳои хусусӣ калон аст. Оё намояндагони онҳо дар Спитамен фаъолият мекунанд?

- Бале, имрӯз дар ноҳия филиали Ширкати сайёҳии «Суғдиён-Помир-тур» фаъолият намуда, дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ барои гирифтани раводид ба сафари Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба 33 нафар шаҳрванд ёрии амалӣ расонидааст. Вале ин, албатта, моро қаноатманд карда наметавонад. Зарур аст, ки фаъолияти филиали ширкати мазкур боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ монда шуда, дар самти ҷалби сайёҳон, муаррифии шоистаи ёдгориҳои таърихӣ, ҷойҳои сайругашт ва тамошобоб тақвият бахшида шавад, ки яке аз ҳадафҳои асосии Барномаи рушди сайёҳӣ дар ноҳия аз ҳамин иборат мебошад.

Воқеан, зимни таҳлили раванди иҷрои «Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020» дар ноҳия маълум гардид, ки дар баъзе аз самтҳои фаъолият, махсусан аз ҷониби ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, баҳри татбиқи саривақтӣ саҳлангорӣ ба назар мерасад ва барои аз байн бурдани онҳо бояд чораҳои иловагӣ амалӣ карда шаванд.

- Дар амалӣ намудани нақша — чорабиниҳо оид ба татбиқи «Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои солҳои 2018-2020» мушаххасан кадом корҳо ба сомон расонида шуданд?

- Ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои барнома, дар арафаи таҷлили ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, дар шоҳроҳи Хуҷанд — Душанбе, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти «Тағояк», аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Ғайрат Пираков ошхонаи замонавии «Дӯстӣ» ба маблағи 180 ҳазор сомонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Аз ҷониби бахшҳои фарҳанг, кор бо занон ва оила, иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин ҷамоатҳои шаҳраку деҳот озмун байни ҳунармандон оид ба истеҳсоли маҳсулоти сайёҳӣ ва армуғони беҳтарин ба сайёҳон бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардида, ғолибони он 15 сентябри соли равон дар Боғи фарҳангӣ – фароғатии ба номи Хоҷа Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд аз рӯйи 15 номинатсия иштирок намуданд.

Инчунин, айни ҳол «Феҳристи ҳунармандони ноҳия» таҳия гардида, ба он 126 нафар аз рӯйи 36 намуди ҳунарҳои мардумӣ ворид карда шуданд.

Дар арафаи таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ дар Ҷамоати шаҳраки «Навкат» меҳмонхона, ошхона ва маркази хизматрасонии «Судайс» аз ҷониби соҳибкор Мирзорақиб Зарифов ба маблағи 500 ҳазор сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд.

Бо мақсади ҳавасманд намудани соҳибмулкони меҳмонхонаҳо айни ҳол озмуни «Меҳмонхонаи беҳтарин» баргузор гардида истодааст, ки дар арафаи таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҷамъбаст мегардад.

Ҳамчунин, аз тарафи бахши фарҳанг дар ҳамкорӣ бо бахши меъморӣ ва шаҳрсозӣ харитаи сайёҳии ноҳия таҳия ва аз тарафи ҷамоатҳои деҳоти «Истиқлол», «Сарбанд», «Тағояк» ва «Куруш» бо ишораҳои сарироҳӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва анг­лисӣ дар даромадгоҳҳои ҷамоатҳои зикргардида ва сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки дар Ҷамоати деҳоти «Сарбанд» ва Ҷамоати деҳоти «Куруш» мавҷуд мебошанд, насб карда шуд.

Гузашта аз ин, барои тайёр кардани раҳнамои сайёҳӣ ва видеоролик дар шабакаи интернетӣ ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ бо маҷаллаи «Раҳнамои кишвар» шартномаи ҳамкорӣ баста шуд.

Аз тарафи бахши ҷавонон ва варзиш ва шуъбаи маориф дар ду давр (аз 20 июн то 1 июл ва аз 1 июл то 8 июли соли ҷорӣ) бо иштироки 130 нафар ҷавон дар ноҳияи Шаҳристон саёҳати экологӣ ташкил гардид.

Ғайр аз ин, ба 15 нафар ҷавон барои иштирок дар сайри таърихию фарҳангӣ ва экологӣ ба шаҳрҳои Панҷакент ва Душанбе роҳхат дода шуд. Ҳамчунин, зиёда аз 6375 нафар хонандаи муассисаҳои таълимӣ ба мавзеъҳои таърихии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Шаҳристон ва Айнӣ саёҳат намуданд.

Аз тарафи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фестивалҳои минтақавии «Марҳамат ба Хатлон», «Марҳабо ба Суғди бостонӣ», «Хайрамақдам ба водии Рашт» ва «Пайғому салом аз Боми ҷаҳон» ташкил карда шуд, ки се нафар фаъол аз ноҳия дар онҳо иштирок намуданд.

Дар охир бояд гуфт, ки ҳар як иқдоми созанда ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат, боиси пешрафту шукуфоии Ватан мегардад. Бо дарки масъулият ва амри виҷдон тамоми саъю кӯшишро баҳри иҷрои саривақтию босифати онҳо равона месозем.

Суҳбаторо Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»