Девор аз нам хам шавад

№ 12.05.2015

ва ё шоҳбайтҳои фаромӯшшудаи мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ оид ба  нигоҳдории иншоот

Бояд таъкид кард, ки замони зиндагии адиб ва мутафаккири бузурги тоҷику форс мавлоно  Абдураҳмони Ҷомӣ сохтмони масҷиду мадрасаю қасрҳо,  корвонсаройҳо, ҳавзҳо, бозорҳо ва ободонии кӯчаю хиёбонҳо беш аз пеш вусъат ёфта буд. Хусусан дар ду пойтахти давлати темурӣ -шаҳрҳои Самарқанд ва Ҳирот, ки он давра марказҳои тамаддун ба шумор мерафтанд, сохтмон ва меъморӣ ба авҷи худ расида буд. Дар бисёр шаҳрҳои дигар ҳам давоми асри XV иморатҳои зебову боҳашамат сохта шуда буданд.

Манбаъҳои хаттӣ шаҳодат медиҳанд, ки аз қасрҳои сершумори онвақтаи Осиёи Миёна танҳо як қисми пештоқи Оқсарои Шаҳрисабз, ки бо амри амир Темур сохта шуда буд, маҳфуз мондааст, ки аз истеъдод ва маҳорати сохтмончиён, меъморон ва ороишгарони он давра  гувоҳӣ медиҳад.

Дар он замон биноҳои меъмории шаҳрвандӣ ба миқёси васеъ анҷом меёфтанд. Масалан, дар Самарқанд яке аз хиёбонҳо ба бозорҷои обод табдил дода шуда буд. Ҳамин гуна бозор дар Ҳирот низ сохта шуда буд, ки аз санъати баланди шаҳрсозии  он давра дарак медиҳад.

Хусусияти он айём ин буд, ки биноҳо бо гунбазҳо сохта мешуданд. Меъморон бо усули нав гунбазсозиро на фақат дар биноҳои мураббаъ,  балки  дарозрӯя низ амалӣ менамуданд.

Бояд хотирнишон кард, ки бунёди иншооти исломӣ, аз ҷумла мадраса, масҷид ва мақбара бо манора низ хеле  ривоҷу равнақ ёфта буд. Биноҳои то замони мо расида аз  комёбиҳои муҳандисӣ, лоиҳакашию биносозӣ ва ороишгарии меъморони асри XV шаҳодат медиҳанд.

Дар ибтидои асри XV тамоми  хонаҳоро асосан бо нақшу нигор ороиш медоданд ва баъдан деворҳои биноҳоро бештар аз хишт мечиданд,  ки ин эътимоднокӣ ва ба зилзила тобоварии онҳоро меафзуд.

Ҳашаматписандӣ дар бинокорӣ ва меъмории он замон беш аз ҳама дар масҷиди Бибихонум, ки солҳои 1399-1404 дар шаҳри Самарқанд  сохта шудааст, мушоҳида мешавад.

Мақбараҳои асри XV аз нигоҳи меъморӣ гуногун ва басо таваҷҷуҳангезанд.  Мақбараи на чандон калон, вале аз ҷиҳати ороиш хеле зебои Шоҳи Зинда, мақбараҳои Рухобод, қутби Чаҳордаҳум, Гӯри  Мир аз муҳимтарини ёдгориҳои давраи темурӣ ба шумор мераванд.

Яке аз ёдгориҳои Улуғбек мадрасаи ӯст, ки дар Регистони шаҳри Самарқанд бунёд гардидааст. Дар чор тарафи ҳавлии даруни чорравоқа қатори манзилҳои дуошёна, дар гӯшаҳои он чор манораи мавзун ва дар даромадгоҳи асосиаш  пештоқи боҳашамате сохта шуда буд. Мутаассифона, ин асари боҳашамат пурра то замони мо нарасидааст. Бояд зикр кард, ки дар дигар шаҳрҳо низ биноҳои бомашон бо гунбаз пӯшонидашуда бунёд шуда буданд. Масалан, дар асри XV  дар шаҳри Кӯлоб мақбараи шоири бузурги тоҷику форс Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ сохта шуда буд, ки   бинои он бо ду гунбаз пӯшонида шудааст, аз зиёратхона ва гӯрхона  иборат буда, деворҳои он аз хишти пухта  бо сифати баланд чида шудааст.

Инчунии истифодаи гунбаз дар мақбараи Ҳазрати Юсуф дар шаҳри Ваҳдат амалӣ шудааст, ки ёдгории меъмории беназир дар Осиёи Миёна ба шумор меравад.

Аз бинокориҳои асри XV дар   шаҳри Ҳирот хусусан маҷмааи иморати Мусалло, ки аз масҷид, мадраса ва мақбара иборат мебошад,  шоёни таҳсин аст. Ҳоло аз ин ёдгории меъморӣ қисмати хеле кам боқӣ мондааст. Манораҳои сеҷузъа ва мақбараи хеле ҷолиби Гавҳаршод, ки яке аз гӯшаҳои мадрасаро ишғол намуда, қисми таркибии он ба шумор меравад, аз ҳашамат ва азамати он шаҳодат медиҳад.

Мутаассифона, то замони мо сохтмонҳои асосӣ, аз ҷумла биноҳои истиқоматии дар шаҳру деҳаҳои он давра бунёдшуда боқӣ намондаанд. Аз миниатюраҳои ба дастрасидаи давраи  темуриҳо баъзе тасаввуротҳо пайдо кардан мумкин, ки хонаҳои истиқоматии ашрофиён асосан дуошёна бо тирезаю панҷараҳо ва айвонҳои овезон, бомҳои ҳамвор бо сутунҳои муҳофизатшаванда ва бо шароити мусоид барои  зист ва  истироҳати онҳо бо сифати баланд бунёд шуда буданд.

Дар он замон зимни бунёди биноҳо маводи анъанавии сохтмонӣ -  хишти хом, похса, каркаси похсагӣ, истифода бурда мешуд. Чӯб дар иншооти муҷассамавӣ барои алоқа ҳамчун тадбири зиддизилзила ба кор бурда мешуд. Хишти пухтаро асосан дар сохтмони иншооти муҷассамавӣ  истифода мебурданд, ки онҳо бисёр мустаҳкам мешуданд.

Манбаъҳои хаттӣ тасдиқ менамоянд, ки дар давоми асри XV сохтмон ва меъморӣ дар авҷи худ расида буд. Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ мафҳуми сохтмон, шаҳрдорӣ, истифодабарӣ ва нигоҳдории биною иншоотро хуб дарк карда, ба ояндагон, дар панду ҳикматҳояш минҷумла чунин  муроҷиат намудааст:

Девор чу суст шуд зи як нам,

Аз як-ду нами дигар шавад хам.

Гар рӯ нанамоядаш зи меъмор.

Пуштайвонӣ шавад нагунсор,

Оташ бинишон зи остона.

Нобурда алам ба сақфи хона,

Чун шуъла ба сақфи хона гирад.

Сад ҳила агар кунӣ нашояд.

Зикр намудан бамаврид аст, ки шоҳбайтҳои дар боло зикргардидаи  ин абармарди бузург, айни ҳол умуман фаромӯш шудаанд  ва аз ҷониби ягон муассисаи илмию таълимӣ, ташкилоту ширкатҳои сохтмонӣ, истифодабарандагон ва идораҳои масъул оид ба нигоҳубини биною иншоот, соҳаи меъморӣ ва сохтмонӣ, инчунин аз ҷониби мақомоти шаҳрсозӣ ва шаҳрдорӣ мавриди амал қарор дода нашудаанд.

Аз интишори ин шоҳбайтҳо  бештар аз 500 сол гузашта бошад ҳам, моҳияти онҳо гум нашуда, баръакс  бештар шудааст.

Сафармуҳаммад ЮСУФҶОНОВ, узви вобастаи Академияи байналмилалии меъмории кишварҳои Шарқ