16 октябр – Рӯзи кинои тоҷик

«Дидор» ба хотираи Бахтиёр Худойназаров

№129 - 130 (3609-3610) 15.10.2016

tt002bБахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 16 — 20 октябри соли 2016 дар шаҳри Душанбе Синамобазми VII байналмилалии «Дидор» баргузор мегардад.

Дар он дӯстон ва ҳамкасбон аз режиссёри шуҳратманди тоҷик Бахтиёр Худойназаров (рӯҳаш шод бод) ёд карда, филмҳои таҳиякардаашро ба намоиш мегузоранд.

Солҳои ҳаштодуми асри гузашта ба кинои тоҷик як зумра ҷавонон — Сафарбек Солеҳов, Сафар Ҳақдодов, Фарҳод Абдуллоев, Толиб ва Оқил Ҳамидовҳо, Бахтиёр Худойназаров, Аҳмад Бақоев, Зокир Боқиев, Ҳалима Ҳасанова, Орзу­мурод Шарифов, Восеъ Мӯсо, Павел Турсунов, Георгий Дзалаев, Алишер Нигматов, Ҷамшед Усмонов, А. Абрамов, Ҷамшед Мансуров ва дигарҳо бо идея, пешниҳодҳои нав, услуб ва нигоҳи тоза ворид шуданд. Қисме аз ин ҷавонон ба режиссёрон ва операторони соҳибтаҷриба ёвар ва шогирд шуда, асрори касбро омӯхтанд. Қисми дигар дар Донишкадаи давлатии умумииттифоқии кинематографияи Москва шомил шуданд.

Албатта, дар оғози кор аксари ин эҷодкорон аз назарҳо дур буданд, вале оҳиста-оҳиста аз истеъдоди нуҳуфтаашон дарак доданд.

Оғози соли 1983 буд. Ҷавоне хоксорона корҳои нав, сенарияи ба тозагӣ эҷодшудаашро пешниҳод кард. Рӯи ҷузвдонаш «Бахтиёр Худойназаров» навишта шуда буд. Ӯ чанд муддат чун журналист дар радио ва телевизион ва киностудияи «Тоҷикфилм» ба ҳайси ёрдамчии режиссёр кор кард. Соли 1983 ба шаҳри Москва рафта, ба факултети режиссёрии Институти давлатии умумииттифоқии кинематографияи Москва ба номи С.А. Герасимов дохил шуд ва дар гурӯҳи режиссёри маъруф Игор Таланкин сабақ гирифт. Соли 1989 онро хатм кард ва бо орзую ҳавасҳои зиёд ба Тоҷикистон баргашт.

Аввалин офаридаҳои шогирдонааш филмҳои бадеиву мустанади кӯтоҳмет­ражи «Шӯхҳо» (1986), «Шикори сагона» (1987), «Бовар кун ё не» (1988) буданд. Аммо худи ӯ аз ин корҳои анҷомдодааш чандон қаноатманд набуд. Мехост филм­ҳое офарад, ки дар пояи кинои собиқ Шӯравӣ қарор гиранд ва чунин ҳам шуд.

Ҳайати эҷодии ҷавонони киногурӯҳ иборат аз муаллифони сенария — Леонид Маҳкамов (хурдӣ), Бахтиёр Худойназаров, режиссёр Бахтиёр Худойназаров, оператор Георгий Дзалаев, рассом Неъмат Ҷӯраев, оҳангсоз Аҳмад Бақоев соли 1991 филми ҳунариеро бо номи «Братан» офариданд, ки обрӯи кинои тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардошта, дар давоми як сол чор Гран-приро соҳиб шуд. Чунин комёбӣ дар ин синну сол ба ягон режиссёри кино муяссар нашудааст.

Мутаассифона, ба ин комёбӣ айёме дастёб гардид, ки Иттифоқи абарқуд­рати советӣ аз байн рафта, қисме аз ҷумҳуриҳои бародар гирифтори кашмакашҳои сиёсӣ буданд. Аз ин сабаб дастовардҳои филми нави тоҷикӣ «Братан» нодида монд.

Бояд гуфт, ки режиссёри ҷавон дар хориҷи кишвар қадрдонӣ шуду дар ватанаш не. Иттифоқи киносозони Тоҷикистон ӯро бо як филмаш дар 26-солагӣ ба узвият пазируфту халос.

Бахтиёр аз пош хӯрдани давлати абарқудрати советӣ хеле ғам мехӯрд. Ӯ худро насли даврони хушбахти Иттифоқи Советӣ ҳисобида, дар яке аз суҳбатҳояш гуфта буд:

«Агар ҳақиқатро гӯям, ман ба маънои томаш инсони даврони советӣ ҳастам. Он табаддулоте, ки бо Ватанам – СССР рух дод, ман қабул карда натавонистам. Аз ин хусус, бо Эмир Кустуритский суҳбатҳо доштам. Ӯ низ аз барҳамхӯрии Югославия хеле ҷабр дида, гоҳ дар Париж ва баъзан дар Сербия умр ба сар мебурд. Ман бошам, дар Берлин ва Москва зиндагӣ дорам.

Бисёриҳо мегӯянд, ки дар замони Иттифоқи Советӣ ҳама чиз бад буд, ҳама якдигарро бад медиданд. Вале ман чун рассом, эҷодкор инро надидам ва ҳис накардам.

Душанбеи азизам шаҳри интернатсионалӣ буд. Мо ба КПСС диққат ва аҳамият намедодем. Роҳбарони ин ҳизб ба тарзи худ кору зиндагӣ доштанду мо ба тарзи худ».

Бахтиёр Худойназаров он қадар филм­ҳои зиёди ҳунарӣ таҳия накардааст, аммо аксари офаридаҳояш дар бонуфузтарин киноҷашнвораву киноозмунҳо иштирок карда, сазовори Гран-при ё ҷоизаи аввал гардидаанд.

Масалан, филми нахустинаш «Братан» («Додаракам») «Тоҷикфилм», ба Ҷоизаи асосии Кинофестивали умумииттифоқии филмҳои телевизонӣ дар Саратов (соли 1991), чор Гран-при ва Ҷоизаи ФИПРЕССИ-и Кинофестивали байналхалқии шаҳри Мангейме (Германия, соли 1991), Ҷоизаи асосии Кинофестивали байналхалқии Берлин (Германия, 1991), Гран-прии Кинофес­тивали байналхалқии Турин «Барои беҳтарин филм» (Франсия, 1991), Гран-прии Кинофестивали байналмилалии Нанте (Франсия, 1992), Ҷоизаи Президенти Маркази кино ва телевизион барои кӯдакон ва наврасон дар Кинофестивали «Дебют» (1992), Ҷоизаи асосии Кинофестивали байналмилалии Фриборг (Швейсария, 1992) ва Ҷоизаи асосии Кинофестивали байналхалқии Роттердам (Нидерланд, 1992) сарфароз гардидааст. Ин миқдор Гран- при, ҷоизаҳои асосию бонуфузро он айём дар собиқ Иттифоқи Советӣ ва умуман, миёни киносозони ҷаҳон, аз режиссёрҳои ҷавони кино касе сазовор нагардида буд.

Ҳама дар ҳайрат буданд, ки як ҷавони 26-солаи тоҷик барои филми аввалинаш ин қадар ҷоизаҳои баланд­ро соҳиб шудааст. Филми ҳунарии «Братан»-и Бахтиёр Худойназаров дар ҷоизагирӣ рекорди ҷаҳонӣ ­гузошт ва шаъну шарафи кинои тоҷикро аз доираи Осиёи Марказӣ ба Аврупо баровард.

Баъди ин қадар шуҳрату комёбиҳо режиссёри ҷавон нақшаву ниятҳои нав ба навро дар дил мепарварид, барои банаворгирии филм­ҳои наваш омодагӣ медид, аммо дар ҷумҳурӣ бархӯрдҳои сиёсӣ оғоз ва оқибат алангаи ҷанг баланд шуд.

Дигар имкон намонд, ки дар шаҳри Душанбе кору эҷод кунад. Бо вуҷуди нооромиҳои кишвар, киноширкати «Ввысь»-ро таъсис дод, ки дар он аз таҷрибаи киноиндустрияи ҷаҳонӣ ҳангоми таҳияи филмҳо, дарёфти маблағ ва кор бо кинопрокат истифода намуд. Азбаски шаҳри Душанбе дар вазъияти фавқулода қарор дошт, коргоҳи асосии киноширкати «Ввысь» дар шаҳри Москва ҷой гирифт. Дар солҳои мушкили 1993-1997 Бахтиёр Худойназаров тавассути киноширкати навтаъсисаш дар шаҳри Москва ва гирду атрофи он барои ҳамдиёрон ҷойи корӣ муҳайё намуд. Бештари ҷавонони эҷодкор, ки дар шаҳри Душанбе бекор монда буданд, бо кумаки ӯ соҳиби кор шуданд ё дар киногурӯҳаш кор мекарданд. Маҳз ҳамин киноширкат буд, ки соли 1993 Бахтиёр Худойназаров филми ҳунарии «Қош ба қош»-ро дар ҳамкорӣ бо киноширкати «Санрайс» (Швейтсария) ва «Тоҷикфилм» дар шаҳри Душанбе ба навор гирифт. Замоне ки дигарон дар ғами ҷон ва дарёфти қути лоямут буданд, ҳайати киногурӯҳи «Қош ба қош» — режиссёр Б. Худойназаров, оператор Георгий Дзалаев, рассом Неъмат Ҷӯраев, оҳангсоз Аҳмад Бақоев ва дигарон боз як шоҳасари кинои тоҷикро офариданд.

Филми дуюми Бахтиёр Худойназаров «Қош ба қош» дар Кинофестивали байналхалқии Венетсия Ҷоизаи «Шери нуқрагин» (1993), Ҷоиза барои «Беҳтарин филм» дар барномаи «Новое кино» дар Кинофестивали 11 байналхалқии Санкт — Петербургро (1993) сазовор гардид.

Филми ҳунарии «Падари маҳтобӣ» (истеҳсоли Россия — Германия — Швейт­сария, соли 1999) худи ҳамон сол сазовори Гран — прии Кинофестивали се континент дар Нант, Ҷоиза «Барои ҳалли масъалаҳо бо бадеият» дар Кинофестивали байналхалқии Токио (соли 1999), Ҷоизаи асосии «Садбарги заррин»-и Кинофестивали «Кинотавр» дар Сочи (2000), дипломҳои махсуси ҳакамони Кинофестивали байналхалқии «Листопад» дар шаҳри Минск – «Барои поэтика ва гармонияи филм» ва «Барои чашмбандии кино» (2000), Ҷоизаи Киноакадемияи Федератсияи Россия — «Нико — 2000» — «Барои беҳтарин кори режиссёрӣ» ва номинатсия барои «Беҳтарин филми сол» (2001) гардид.

Солҳои охири ҳаёт Бахтиёр Худойназаров дар шаҳрҳои Москва ва Берлин кору зиндагӣ мекард. Минбаъд ӯ филмҳои ҳунарии «Шик» (истеҳсоли Россия- Франсия), «Танкер Танго» (Мосфилм, соли 2006), «Набераи Гагарин» (Россия, 2007), «Силоҳ» (Россия, силсилафилм, 2008) ва «Дар интизори баҳр» (Россия, 2011)-ро таҳия кард.

Ӯ дар аксар филмҳои таҳиякарда ҳамдиёрон Раҳмондӯсти Қурбониён, Раҷаб Ҳусейнов, Шералӣ Абдулқайсов, Ато Муҳаммадҷонов, Фирӯз Сабзалиев ва дигаронро даъват карда, ба навор гирифт.

Вақте ки барои банаворгирии филми ҳунарии «Падари маҳтобӣ» ҷойи хушманзараи наворгирӣ дар табиат лозим мешавад, режиссёр аз Москва омада, дар шаҳри Қайроққум (ҳоло шаҳри Гулистон), дар лаби Баҳри тоҷик шаҳраки зебое бунёд мекунад, ки ҳанӯз ҳам побарҷост.

Агар филмҳои ҳунарии Бахтиёр Худойназаровро тамошо кунем, мебинем, ки беҳтарин актёрҳои Россия ва хориҷи кишвар, аз қабили Николай Фоменко, Александр Панин, Чулпан Хаматова, Ингибора Дапкунайте, Николай Чиндяйкин, Елена Дробышева, А. Яценко, А. Смолянинов, Паолина Эспарза Галбеч, Мориц Бияйбтрой, Мероб Кинидзе, Р. Рухадзе ва дигарҳо дар онҳо нақш бозидаанд..

Филмҳои минбаъдаи режиссёр низ соҳиби ҷоиза ва дипломҳои кинофестивалҳои бонуфуз гардидаанд. Масалан, филми ҳунарии «Шик» сазовори Гран-прии Кинофестивали «Кинотавр» дар шаҳри Сочи (2003), силсилафилми «Танкер Танго» дар номинатсияи «Беҳтарин филми бадеӣ – телевизионӣ» барои Ҷоизаи «Уқоби тиллоӣ» (2009), филми ҳунарӣ — телевизионии «Гетераҳои майор Соколов» — Ҷоиза барои «Беҳтарин коркарди режиссёрӣ» дар Форуми XV байналхалқии телевизионӣ ва кинои «Вместе» дар шаҳри Ялта (2014), дар номинатсияи «Беҳтарин филми телевизионӣ» барои «Ҷоизаи «Уқоби тиллоӣ» (2015)», дар номинатсияи «Беҳтарин силсилафилми телевизионӣ, иборат аз 24 қисм, барои Ҷоизаи касбии Ассотсиатсияи продюссерҳои кино ва телевизион дар соҳаи кинои телевизионӣ  гардида буданд.

Филми ҳунарии телевизионии «Гетераҳои майор Соколов» филми охирини банаворгирифтаи Бахтиёр Худойназаров аст. Соли 2014 филми ҳунарии телевизионии «Гетераҳои майор Соколов»-ро ба навор гирифт. Ҳеҷ кас намедонист, ки аз ҳаёти ӯ як соли дигар мондааст. Танҳо худаш медонист, ки бемориаш хеле ҷиддӣ аст. 20 октябри соли 2014 духтурон пас аз муоина бемориашро муайян карданд: саратони ҷигар! Бахтиёр бо ин беморӣ шаш моҳ мубориза бурд, аммо…

21 апрели соли 2015, даҳ рӯз пеш аз зодрӯзаш (29 май) Бахтиёр Худойназаров дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Берлин аз дунё гузашт. Ҷасадашро дар қабристони русии «Тегел»-и шаҳри Берлин ба хок супориданд.

Он лаҳзаҳо суруди хайрбоди «Гиря мекунам» аз филми ҳунарии «Братан» гӯё дар фазо танинандоз шуд. Сарояндаи суруд, ба гумонам, дар фироқи Бахтиёр мегирист…

 Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»