Дилшод Раҳимӣ: «Бояд бештар ба мушкилоти ҳунармандон расидагӣ намоем»

№70 (3864) 07.06.2018

2018-01-22tourism-pngЭълон гардидани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» боиси зоҳир шудани таваҷҷуҳи бештар ба эҳё ва рушди соҳа гардид. Садҳо ҳунарманд аз ин иқдоми Сарвари давлат рӯҳу неруи тоза гирифта, фаъолиятро густариш медиҳанд. Дар ин робита бо муовини директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, номзади илми филология Дилшод Раҳимӣ суҳбат доштем.

- Дар Тоҷикистон кадом навъи ҳунарҳои анъанавӣ мавҷуданд?

- Дар «Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ», ки аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи илмӣ — тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ таҳия шудааст, 75 навъи ҳунарҳои суннатӣ ба қайд гирифта шудаанд. Мо касбҳои муосир ва универсалӣ, яъне дар ҷаҳон паҳншударо ба ҳисоб нагирифтем. Чунончӣ, ронандагӣ, тармимгари мошинҳо, оташнишонӣ, таъмиргари хонаҳо, устои радиову телевизион ва амсоли инҳо.

- Мутахассисони пажӯҳишгоҳ мунтазам ба шаҳру ноҳияҳои кишвар сафар карда, бо фаъолияти ҳунармандон шинос мешаванд. Бигӯед, ки онҳо чӣ мушкилот доранд?

- Давоми чор — панҷ соли охир бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони пажӯҳишгоҳ дар шаҳру ноҳияҳо чанд экспедитсияи мардумшиносию фарҳангшиносӣ анҷом доданд, ки натиҷаҳои он хеле назаррас мебошад. Зимни сафарҳо коршиносон бо ҳунармандон вохӯрда, аз мушкилоти онҳо низ бохабар мегарданд. Яке аз мушкилоти ҷиддие, ки ба рушди ҳунармандӣ халал мерасонид, пардохти андоз аз маҳсулоти ҳунармандӣ буд, ки бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон бартараф шуд.

Масъалаи дигар фароҳам овардани шароити мусоид барои фурӯши маҳсули ҳунармандон мебошад. Ҳунар ҳаст, ҳунарманд фаъолият дорад, маҳсулот истеҳсол мешавад, аммо бозор то андозае фаъол нест. Маҳсулот аз истеҳсолкунанда ба истеъмолкунанда ба таври бояду шояд намерасад. Дар ин ҷо миёнравҳое лозиманд, ки маҳсулотро ба нуқтаҳои зарурӣ интиқол диҳанд.

184730_1845821781239_3013791_nДастрасӣ ба ашёи хом мушкили дигари баъзе аз ҳунармандон мебошад. Моҳи март мо дар шаҳри Хуҷанд ба омӯзиши истеҳсоли адрасу атлас машғул будем ва шоҳид гаштем, ки бисёр адрасбофон аз нарасидани ришта ё калобаи ресмони бофандагӣ шикоят мекарданд. Дар робита ба адрасбофӣ қайд кардан лозим аст, ки ҳунари абрбандӣ асосан, дар шаҳри Хуҷанд ва атрофи он рушд кардааст. Дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар ҳунармандоне, ки абрбандӣ мекунанд, ангуштшуморанд. Адрасбофони ҷануби кишвар калобаҳои абрбандиро бештар аз шимоли ҷумҳурӣ дастрас мекунанд. Бояд ҳунари абрбандии калобаҳоро дар дигар навоҳии кишвар рушд дод, то ки адрасбофон бе ашёи хом намонанд.

Мушкили дигар набудани шароит барои таълиму тадрис мебошад. Соли гузашта дар ноҳияи Панҷ ҳангоми экспедитсияи мардумшиносӣ бо ҳунарманди куҳансол Маҳмуд Ҷӯраев ҳамсуҳбат шудем. Ӯ аслан зодаи Шаҳрисабзи Ҷумҳурии Ӯзбекистон буда, аз соли 1960 — ум сокини ин ноҳия шудааст. Дар ноҳия ягона созтарошест, ки тору рубоб, дутор, доира ва най месозад. 83 — сола буда, аммо шогирд надорад. Ӯ афсӯс мехӯрд, ки барои омӯзонидани ҳунараш ба шогирдон устохона ва шароити мувофиқ надорад.

Ҳамин мушкилро дар шаҳраки Данғара заргар Саидқул Ашӯров дошт. Бояд мақомоти маҳаллӣ ба ин ҳунармандон шароити мусоидро барои фаъолият ва тарбия кардани шогирдон муҳайё намоянд.

- Истеҳсоли маҳсулот зиёд мешавад, вале сифати он чӣ тавр аст?

- Ҳоло дар масъалаи истеҳсоли маснуоти ҳунармандӣ тағйироти миқдорӣ авҷ гирифта истодааст. На ҳама маҳсулоти ҳунармандон сифати олӣ доранд. Барои мисол, он нақшу нигоре, ки дар сӯзанию куртаҳои чакан ва тоқиҳои гулдӯзӣ ҳунармандон тасвир мекунанд, хеле сода ва аз асл дур аст. Агар ба тоқиҳои чакани 40-50 соли пеш назар кунед, дар онҳо нақшҳо мазмунҳоро ифода карда метавонанд. Масалан, нақшҳои офтоб, шуълаи оташ ё офтоб, анор, бодомак, гули хор ва ғайра. Аммо дар баъзе аз тоқиҳои ҳозира танҳо як нақши гул батакрор дӯхта мешавад. Инчунин, дар тоқиҳо ҳар гуна навиштаҷотро низ ворид мекунанд, масалан, «Кӯлоб – 2700», «Ҳисор – 3000», «Тоҷикистон» ва ғайра. Бояд пеши роҳи ин равиши номатлубро гирифт.

- Кадом ҳунарҳои мардумӣ имрӯз аз байн рафтаанд ва ё аз байн рафтан ба онҳо таҳдид дорад?

- Дар шароити имрӯза, ки илму технология рушд кардааст, на ҳама ҳунар бо шакли техникии истеҳсолоти пешрафта рақобат карда метавонад. Дар қадим тоҷикон касбу ҳунари зиёд доштаанд, ки қисми зиёди он ба рақобати технологияи муосир тоб наоварда, аз байн рафтанд. Собунпазӣ, коғазгарӣ, рангрезӣ, шишагарӣ, шамърезӣ, сӯзангарӣ, оҳакпазӣ, мехчагарӣ, рехтагарӣ ва амсоли инҳо. Имрӯзҳо баъзе аз касбу ҳунарҳои суннатӣ дар ҳоли фаромӯшшавӣ қарор доранд ва ҳунармандони ками ин соҳаҳо боқӣ мондаанд. Барои мисол, кошинпазӣ, чармгарӣ, шонасозӣ, читгарӣ, чакмандӯзӣ, мӯзадӯзӣ, телпакдӯзӣ, гулбандӣ, алочабофӣ, карнайсозӣ, миниётурнигорӣ, рағзабофӣ ва ғайра аз ҳамон ҷумлаанд.

- Дар як ҷамъомаде, ки ба наздикӣ дар пажӯҳишгоҳ баргузор гардид, истилоҳоти ҳунармандиро низ ба миён гузоштед.

- Истилоҳоти марбут ба ҳунарҳоро бояд олимону коршиносон баррасӣ карда, ба мардум шакли дурусташро пешниҳод кунанд. Ҳунари қуроқдӯзӣ дар кишвар паҳн шудааст. Калимаи «қуроқ» баромади туркӣ дорад, онро дар баъзе ноҳияҳо «қуроғ», «қурама», «қарама» низ мегӯянд. Аммо муодилҳои тоҷикии он низ мавҷуд ва роиҷ аст. Дар Зарафшон истилоҳи «малофадӯзӣ», Рашт – «гулбурӣ», «буришдӯзӣ», Ҳисор – «порадӯзӣ», Бадахшон — «таркдӯзӣ» ва дар ҷануби кишвар вожаи «қаламрезгӣ» низ ба қайд гирифта шудаанд. Бобати истилоҳи «йирмадӯзӣ» ҳаминро гуфтан бамаврид аст, ки синоними тоҷикии он «даравшдӯзӣ» ном дорад.

Номи ҳунари дигар, ки ба бофтани ҷӯробу ҷемпер, рӯмоли пашмин, дастпӯшаку кӯлоҳ марбут аст, то ҳол муайян нашудааст. Манзур ҳамон ҳунари бо сим бофтани ин маҳсулот аст. То ҳол истилоҳоти кешбофӣ, симбофӣ, ҷӯроббофӣ, тӯрбофиро мардумшиносон дар мақолаҳои худ қайд кардаанд. Ин ҳунарро ҷӯроб­бофӣ гуфта намешавад, зеро бо сим дигар маҳсулот низ бофта мешавад. Калимаи «кешбофӣ» шакли тағйирёфтаи «кашидабофӣ» мебошад, ки нисбатан ба ин ҳунар мувофиқ аст.

- Назари шумо нисбат ба чорабиниҳое, ки бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» доир мегарданд чӣ гуна аст?

- Чорабиниҳо зиёданд. Ҳар ҳафта дар Боғи Ирам ва боғу майдонҳои дигари пойтахт намоишу озмун ва фестивалҳо баргузор мешаванд, ки яке аз омилҳои ҷалби сайёҳон ва рушди ҳунарҳои мардумӣ мебошанд. Илова бар ин, бояд таҷлили ҷашнҳои миллиро ба сатҳи ҷаҳонӣ барорем, то сайёҳон барои тамошои ҷашни Наврӯз ё Меҳргон ба Тоҷикистон оянд. Ду сол қабл дар шаҳри Хуҷанд намоиши «Корвони Наврӯз»-ро баргузор карданд, ки хеле ҷолиб буд ва баҳои баланд ҳам гирифт.

Хулоса, дар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бояд бештар ба мушкилоти ҳунармандон расидагӣ кунем, то ҳунарҳои мардумӣ рушд ёбанду сайёҳон зиёдтар ҷалб шаванд.

 Мусоҳиб

Бурҳониддин КАРИМЗОДА,