Дониш андар дил чароғи равшан аст…

№105 (4055) 31.08.2019

Рӯзҳо: рӯзи шодӣ, ғам, висол, ҷудоӣ, равшан, сиёҳ… Аммо дар ин миён рӯзе ҳаст, ки ба маҷоз  сарнавишти ҳама рӯзро муайян месозад, лаҳзаҳоро, дақиқаҳоро, соатҳоро пурнуртар мегардонад. Ба ибораи дигар, олами ҳастиро нуру зиё мебахшад. Манзур «Рӯзи дониш» аст.

Одам-уш-шуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ фармудааст:

Дониш андар дил чароғи равшан аст,

В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

Дониш, андеша, биниш, ҳикмат, хирад, доноӣ, шинохт, илм, фарҳанг, фазл маърифат аст. Дониш муқобилмаънои ҷаҳлу нодонист. Ҳар ҷомеае, ки ин сифатҳоро дорост, инкишоф меёбад. Дар миёни дигар миллату тамаддунҳо мавқеъ пайдо месозад. Аз ин ҷост, ки:

Тавоно бувад ҳар кӣ доно бувад,

Ба дониш дили пир барно бувад.

Ҳар сол 1 сентябр дар ҷумҳурӣ «Рӯзи дониш» таҷлил мегардад. Дар он на танҳо устодону донишҷӯёни макотиби таҳсилоти ҳамагониву олӣ, балки мардуми Тоҷикистон фаъолона ширкат меварзанд. Хусусан, ба ин рӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд. Ин ба он маъност, ки Сарвари давлат чӣ будани дониш, аҳамияту муҳимияти онро барои ҳар фарди ҷумҳурӣ беш аз дигарон дарк  кардаанд.

Дар ҳар ҷаласаву вохӯрӣ Пешвои миллат омӯхтани илму донишро таъкид карда, онро асоси рушду пешрафти кишвар медонанд. Масалан, зимни суханронӣ бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт таъкид карданд: «Моро зарур аст, ки маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва зеҳниву ақлонии мардум, дар навбати аввал наврасону ҷавононро, мунтазам баланд бардорем ва донишу ҷаҳонбинии дунявии онҳоро тавсеа бахшем.Зеро дар оянда маҳз наврасону ҷавонон масъулияти давлатдориро ба уҳда мегиранд ва мо бояд онҳоро аз ҳоло барои иҷрои ин рисолати бузург омода созем. Ба ҷавонони мо зарур аст, ки пойбанди расму оинҳои хурофотӣ нашаванд, балки аз дастовардҳои муосири илму техникаи ҷаҳон огоҳии бештар пайдо кунанд, диду назар ва ҷаҳонбинии худро вусъат бахшанд, бо донишҳои замонавӣ мусаллаҳ гарданд ва ҳамқадами шоистаи замон бошанд».

Барои ин бо сарварии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомҳои созанда амалӣ гардид. Ин, пеш аз ҳама, ба ғамхории хос фаро гирифтани соҳаи маорифи ҷумҳурӣ аён мегардад. Таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳама зинаи таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияи муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини соҳаҳои илму маориф мебошад. Аз ин рӯ, масъулин ба соҳаҳои илму маориф эътибори аввалиндараҷа дода, ислоҳотро дар ҳама зинаи таҳсилот бомаром идома медиҳанд ва мушкилоти мавҷударо давра ба давра бартараф карда истодаанд. Фароҳам овардани шароити хуби таҳсил дар макотиби таҳсилоти ҳамагониву олӣ асоси ин иқдомот аст. Ҳар сол дар ҷумҳурӣ зиёда аз 200  мактаб ба истифода дода мешавад. Вазорати маориф ва илми кишвар тасмим гирифтааст, ки то ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ 1050 муассисаи таҳсилоти ҳамагониро мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳад.

Бегуфтугӯ, дар кишвар як навъ ҳаракати босуръати бедории зеҳнӣ, худшиносии фардиву миллӣ ва инсону ҷаҳоншинохтӣ ба вуҷуд омадааст ва дар саргаҳи ин ҳаракат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Далелҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки Ҳукумати мамлакат ислоҳоти низоми ҳамаи зинаи таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ намуда, ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳад. Суханони Пешвои миллат – «Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем.» далели ин гуфтаҳост.

Мардуми тоҷик дорои хиради азалӣ буда, аз қадимулайём парчамбардори илму дониш аст. Носири Хусрав, Абӯалӣ ибни Сино, Форобӣ, Мавлоно, Ҷомӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ ва ҳазорон нафари дигар чун офтоб роҳи илму маърифатро равшанӣ бахшидаанд ва мероси гаронбаҳо ба ҷо гузоштаанд. Бояд мисли ниёкон машъалбардори илму дониш бошем.

Таҷлили «Рӯзи дониш» ҳушдор медиҳад, ки танҳо илму маърифат ба қуллаи мурод мерасонад.

Ворис, «Садои мардум»