Донишномае, ки туҳфаи арзандаи наврӯзист

№32 - 33 (3982 - 3983) 28.03.2019

IMG_20190319_072652Бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик чанде пеш дар Вазорати фарҳанг муаррифии китоби нав – «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» (Душанбе, ЭМТ, 2018, ҷилди 3, 800 саҳ.) доир гардид.

Ба арафаи Наврӯз рост омадани муаррифии донишнома басо рамзӣ буд, зеро ҷилди сеюми китоб аз ин силсила «Наврӯз» ном дорад. Тавре дар сарсухани китоб навиштаанд: «Ҷилди навбатии «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» мавсум ба «Наврӯз ва ҷашнҳои дигар» (ҷилди сеюм), ки шояд дар миқёси ҷаҳон донишномаи мукаммали ягона дар ин мавзӯъ бошад, беҳтарин дастоварди даврони истиқлол бахшида ба ин ҷашнҳои куҳанбунёди мардуми ориёитабор маҳсуб мешавад».

Тавре сармуҳаррири Муассисаи давлатии «Энсиклопедияи миллии тоҷик», номзади илми таърих Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ қайд кард, ҳангоми таҳияи донишнома ба ягон кишвари дигар пайравӣ накарданд. Ҳатто чунин китоби мукаммал дар дигар давлатҳо таҳия ва чоп нашудааст. Ин китоб аз ҷониби  олимони тоҷик ва кормандони илмии Сарредаксияи илмии ЭМТ омода шуда, дар ин раванд 700 маъхази илмӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ  ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода аз ташаббусу дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати ба Иди байналмилалӣ табдил ёфтани Наврӯз ёдовар шуда, доир ба моҳияти он муфассал сухан ронд.

Сипас, вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода, ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Маҳмадов, доктори илми филология, профессор Равшан Раҳмонӣ, директори Институти  забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакӣ Носирҷон Салимов, доктори илмҳои таърих Аскаралӣ Раҷабов нисбат ба «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» фикру андеша баён ва онро туҳфаи  арзандаи наврӯзӣ арзёбӣ карданд.

Т. Фаррухпай, «Садои мардум»