Ду ҷашне, ки пайванди ногусастанӣ доранд

№140 (4402) 16.11.2021

ЭкспонатОсорхонаи миллии Тоҷикис­тон муассисаи давлатии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон буда, дар ҳифзи осори таърихии миллати тоҷик саҳми бузург дорад. Нигораҳои он таърихи кишвару миллат­ро аз даврони қадимтарин то ба ҳол дар бар гирифта, бинандагонро бо саҳифаҳои пурпечутоби рӯзгори гузаш­тагон ошно месозанд. Дар арафаи ҷашнҳои бузурги Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва 29-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ба омодагии кормандони он ба ин санаҳои таърихӣ шинос шудем.

Моро сардори шуъбаи таърихи нав ва навтарини осорхона, номзади илмҳои таърих Фирдавси Абдулҳамид истиқбол намуд.

- Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 29 — умин солгарди оғози Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии ҷумҳурӣ дар сарнавишти миллат ва барои ҳар сокини кишвар ҳамчун санаҳои бузургу тақдирсози таърихӣ муҳиму арзишманд маҳсуб меёбанд, — изҳор дошт  ӯ. — Ин ду ҷашн пайванди хеле қавӣ низ доранд.  Маҳз Иҷлосияи таърихӣ боис шуд, ки барои хотима бахшидани ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ ва истиқрори сулҳу оромӣ дар мамлакат мардуми кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвари давлат интихоб намуд ва ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  низ ба вуҷуд омад. Аз ин рӯ, роҳбарияти Осорхонаи миллӣ низ тасмим гирифтааст, рӯзи 16 ноябр бахшида ба ин ду санаи муҳими таърихӣ чорабинӣ доир намояд.

Дар толор нахустин мусавварае, ки ба назар мерасад, лаҳзаи таърихии ба нишони эҳтирому арҷгузорӣ бӯсидани Парчами давлатӣ аз ҷониби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Тавре маълум аст, сабаби баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шудани кишвар, бесуботиву нооромиҳо, куштору қатлу ғорат ва хатари аз байн рафтани давлату миллат буд. Ба рӯзномаи иҷлосия 23 масъала ворид гардида буд, ки қабули рамзҳои давлатӣ — Нишон ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, авфи умумӣ ва ба эътидол овардани вазъияти ҷамъиятию сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муҳимтаринҳо маҳсуб меёфтанд.

Бо сабаби он ки намояндагони халқ дар марҳилаи аввал муваққатан аз тарзи идоракунии президентӣ даст кашиданро зарур шумориданд, 19 ноябри соли 1992  бо аксари овозҳо раиси вилояти Кӯлоб Эмомалӣ ­Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

- Аз он иҷлосияи тақдирсоз нигораҳои пурарзиш дар осорхона маҳфузанд. Нахустин парчами дар иҷлосия муаррифигардида ҳоло дар  гӯшаи махсуси доимоамалкунандаи толори даврони Истиқлолияти давлатӣ ба намоиш гузошта шудааст. Маҳз ҳамон парчамро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигарон  ҳамчун рамзи давлатдорӣ бӯсида ва сари таъзим фуруд оварданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳатто ба сифати матои парчам низ таваҷҷуҳ кардаанд, — гуфт Фирдавси Абдулҳамид.

 - Аз толори Қасри Арбоб ва ҷараёни иҷлосия низ нигораҳо дорем. Масалан, курсие, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он ҳамчун вакил ва ба ҳайси номзад ба Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишастаанд.

 Аз нигораҳо марбут ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тонанд Фирдавси Абдулҳамид ду ашё — қалам ва кӯзаро муаррифӣ намуд. Дар навиштаҷоти болои қалам омадааст: «Бо ин қалам 11 декабри соли 1996 дар маҳаллаи Хусдеҳи вилояти Тахори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти Иттиҳоди мухолифини тоҷик ва  намояндаи СММ оид ба гуфтушуниди байни тоҷикон  Г. Д. Меррем санадро дар бораи таъсис додани Комиссияи оштии миллӣ ба мувофиқа расонда, зери Протокол дар бораи эълон намудани оташбаси пурра ва ба эътидол овардани вазъияти ҳарбӣ — сиёсӣ дар минтақаи муқовимат имзо гузоштанд…».

Қиссаи кӯза низ ҷолиб аст. Тавре Фирдавси Абдулҳамид изҳор намуд, бо мақсади таҳкими ваҳдати миллӣ моҳи июли соли 1999 «Корвони сулҳу ваҳдат дар шоҳроҳи Ваҳдат» ташкил шуда, аз 240 аъзо иборат будааст. Дар он олимону адибони варзидаи тоҷик, аз қабили академик Муҳаммадҷон Шакурӣ, профессор Расул Ҳодизода шомил будаанд. Корвон аз Қулма ва Мурғоби Бадахшон то шаҳри Исфараи вилояти Суғд сафар намуд. Зимни вохӯриҳо бо сокинони  минтақаҳо дар мавзӯъҳои дӯстию хештаншиносӣ суҳбатҳо доир мешуд. Нуктаи муҳим он аст, ки аҳли корвон аз ҳама минтақаҳои Тоҷикистон кам — кам хок ҷамъ карда, ҳунармандони Исфара аз он хок кӯзаи мунаққаш сохтаанд. Кӯза ба таври рамзӣ «Кӯзаи Ваҳдат» номгузорӣ шуда, дар ҳузури иштирокдорони Анҷумани чоруми тоҷикони ҷаҳон дар шаҳри Душанбе ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супорида шуд. Сарвари давлат бо самимият онро бӯсида, чунин изҳор намуданд: «Ин хок нест, зар аст! Зеро ки тамоми хоки Тоҷикис­тон зар аст!»

Оре, таърих гувоҳ аст, ки баъзан ашё ва ҷузъиёти хурдтарин низ дар назди таърихи миллату кишварҳо аҳамияти бузург касб менамоянд. Бидуни шубҳа, кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон инро хуб медонанд ва мекӯшанд таърихи миллату кишварро бо ҷузъиёти хурдтарин барои наслҳои оянда ҳифз намоянд.

Н. НИЗОМӢ,

 «Садои мардум»