Дурахши тозаи фарҳанги сулҳофарӣ

№78 (3715) 01.07.2017

Чанде пеш дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти унвони «Дурахши тозаи фарҳанги сулҳофарии Пешвои миллат дар шароити ҷаҳонишавӣ»  конференсияи илмӣ баргузор гардид.

Дар он директори пажӯҳишгоҳ, номзади илмҳои педагогӣ Шариф Комилзода дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар ташаккули фарҳанги сулҳофарии тоҷикон»,  олимон Абубакр Зубайдов, Дилшод Раҳимов ва Абдулмумин Қутбиддинов перомуни мавзӯъҳои «Сулҳу ваҳдат омили рушди устувори фарҳанги миллӣ», «Тавсифи ваҳдату дӯстӣ ва ватанпарастӣ дар намунаҳои фолклори тоҷик», «Ҷавонон – неруи тавонои ваҳдатофар» маърӯза карданд.  Сипас, иштирокчиён мубодилаи афкор намуда, дар фарҷом  аз намоишгоҳи китоб таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ – дастоварди бузурги даврони истиқлол» дидан намуданд.

 Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»