Ёдгориҳои таърихӣ- мероси аҷдодӣ

Дурнамои офаридаҳои таърихию фарҳангии тоҷикон

№56-57 (3202-3203) 30.05.2014

P1010492Ҳар як халқи ҷаҳон дар давраҳои муайяни таърихӣ бо дастовардҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангии хеш дар тамаддуни умумибашарӣ саҳмгузорӣ  намудааст ва халқи тоҷик ҳамчун яке аз халқҳои куҳанбунёди Осиёи Марказӣ дар ин ҷода ҳиссаи арзанда ва мақоми хоссаи худро дорост.

Вобаста ба вазъи ҳифзу нигоҳдошти мероси ниёгон бо сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Азизов суҳбат оростем.

- Сароғоз мехостам атрофи нақшаҳои вазорат дар соли равон чанд сухан мегуфтед?

-Ҳамасола барои амалисозии нақшаҳо кӯшиши зиёд карда мешавад. Имсол Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангӣ иқдоми муҳим — дубора эҳё намудани «Ҷамъияти ҳифзи ёдгориҳои таъриху маданият»-ро амалӣ намуд, ки аз соли 1965 фаъолият мекард. Дар натиҷаи парокандашавии Иттиҳоди Шӯравӣ ва дигаргуншавии сохторҳои маъмуриву сиёсӣ ҷамъияти мазкур тақрибан аз байн рафт. Намояндагии ҷамъият дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вуҷуд дошт ва дар амри ҳифзу ёдгориҳои фарҳангӣ чашму гӯшу забони Ҳукумати вақт ҳисоб мешуд.

-Ҳадафи дубора рӯ овардан ба ҷамъият дар чист?

-Ин ҷамъият алҳол барои мо ниҳоят зарур аст, зеро Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун мақоми ваколатдори ҳифзи ёдгориҳо ва татбиқгари сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин соҳа, теъдоди зарурии  кормандонро надорад, ки тавонанд дар тамоми ҷумҳурӣ мавзеъҳои таърихиро назорат баранд. Тавре маълум аст, бесарусомониҳои солҳои 90-ум ба пешрафти фарҳангии кишвар, бахусус мероси фарҳангӣ низ халали ҷиддӣ расонид. Баъзе бо ном «дӯстон»-и диёр бо баҳонаи дастгирию кумаки беғаразона сарватҳои зиёди фарҳангиро ба яғмо бурданд. Ашхоси дигари «худӣ» ҳудудҳои ёдгориҳоро тасарруф намуда, заминҳои онҳоро барои кишт ё сохтмони иншоот истифода намуданд.

 -Алҳол дар ҷумҳурӣ чанд ёдгории таърихӣ ба қайд гирифта шудааст?

-Ҳоло дар қайди шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии вазорат  ҷамъ 2020 ёдгорӣ вуҷуд дорад ва аз ин миқдор 1368 ёдгории бостонӣ мебошад. Ҳоло чанд ёдгории нав низ кашф шудааст, ки метавон онро ба ин рӯйхат ворид кард. Таваҷҷуҳи хориҷиён низ ба ёдгориҳои таърихии кишвар кам нест. Онҳо хоҳиши зиёд доранд, ки тавассути Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома дарёфт намуда, дар ҳудуди кишвар таҳқиқоти археологиро густариш диҳанд, зеро мардуми тоҷик  дар кӯҳистони кӯчак тамаддуну фарҳангҳое офаридааст, ки қисми зиёди онҳо дар арсаи ҷаҳонӣ маъруф ҳастанд.

 -Дар ҷодаи тармиму барқарорсозии ёдгориҳои таърихӣ чӣ гуна иқдомот роҳандозӣ шудааст?

-Агар таърихи 70- солаи Иттиҳоди Шӯравиро ба назар гирем, тармими ёдгориҳо аз солҳои 80-ум шурӯъ ва то кунун 26 ёдгории таърихӣ қисман барқарор шудааст. Илова бар ин, дар муддати сенздаҳ соли охир бо сарфи 25 миллион сомонӣ 36 ёдгорӣ тармиму барқарор гардид. Дар ин самт, мо тибқи «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020», ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, корҳои тармимиро идома дода истодаем. Соли гузашта, дар доираи ин барнома 834 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардид ва соли ҷорӣ бошад, 2 миллиону 60 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст. Ба барнома мероси таърихию фарҳангии 25 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ, ки аҳамияти муҳими таърихӣ ва илмию фарҳангӣ доранд, ворид гардиданд. Ин маънои онро надорад, ки дигар ёдгориҳо дар канор мондаанд. Нисбат ба онҳо низ барнома ва ояндабиниҳою нақшаҳо ҳам дар сатҳи маҳаллӣ ва ҳам дар сатҳи ҷумҳуриявӣ мадди назар аст.

- Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд маротиба барои тармим ва барқароркунии Қалъаи Вамари ноҳияи Рӯшон маблағи кофӣ ҷудо кард, вале то ҳол симои пештараи ин қалъа барқарор нашудааст…

-Мо якбора симои таърихии ин қалъаро барқарор карда наметавонем, зеро ин кор нозукиҳои худро дорад. Алҳол корҳои таъмиру консерватсионӣ идома дорад. Яъне, ҷойҳои вайрону харобшудаашро мустаҳкам менамоем, ки мардум дигар сангҳои онро бурда натавонанд. Масалан, аз нисф зиёди сангҳои чандин қалъаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро мардум бурда, фермаву хона сохтанд, ки дар натиҷа аз қалъа ному нишоне намондааст. Дар наздикии ин қалъа ба мардум қитъаҳои замин ҷудо гардида буд. Аз ин рӯ, одамон ба осонӣ сангҳои чунин мавзеъҳои таърихиро гирифта, иншоот сохтанд. Бахусус Қалъаи ноҳияи Роштқалъа куллан аз байн рафтааст. Бинобар ин, дар чунин мавзеъҳои таърихӣ шахсони масъулро барои нигоҳубин  ҷой додем. Ҳамасола мо метавонем дар он ҷо барои тармими ёдгориҳо аз 85 то 90 ҳазор сомонӣ ҷудо намоем, зеро маблағгузорӣ хеле кам аст. Ба назар бояд гирифт, ки Қалъаи Вамар дар миёнаи қарни XIX ва ибтидои асри XX иншооти мудофиавӣ буд. Дар ибтидои қарни XX қалъа қароргоҳи дастаи сарҳадбонони Россияи муқими Бадахшон буд. Аз рӯйи маълумоти таҳқиқоти соли 2007 анҷом гирифта, аз 20 то 50 дарсади қалъа маҳфуз мондааст.

-Оё ҳолатҳое ҳастанд, ки дар дигар минтақаҳо нисбат ба ёдгориҳои таърихӣ муносибати хунукназарона карда бошанд?

-Дар пайи таҳқиқоте, ки соли 2005 гузаронида шуд, маълум гардид, ки дар водии Ҳисор ҳудуди 36 ёдгорӣ нест шудааст. Чунин муносибати хунукназарона нисбат ба ёдгориҳо аз ҷониби сокинони Зарафшону Хатлону Бадахшон ва дигар мавзеъҳо низ ба назар расид, ки дар маҷмӯъ шуморашонро агар ҳисоб намоем, аз сад зиёд аст. Пас аз замони шӯравӣ шумораи аҳолии кишвар беш аз ду миллон нафар зиёд шуд ва тақсими заминҳои корам ба аҳолӣ сурат гирифт. Аз ин вазъ истифода намуда, баъзе ашхоси бонуфуз ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳо талаб намуданд, ки аз мавзеъҳои наздик ба ёдгориҳои таърихӣ барои тақсими замин иҷозат диҳанд, вале онҳо инро ба назар намегиранд, ки баъзе аз заминҳои ёдгорӣ дар кишвар то сад гектар масоҳат доранд. Масалан, се-чор сол қабл дар ноҳияи Ҷиликӯл раиси хоҷагӣ як қалъаи асри II пеш аз мелодро, ки ҳудуди 60 садякро ташкил мекард, бо қарори раиси ноҳия ба хешу ақрабояш тақсим карда буд. Аз ин ҳодиса огоҳ ёфтем ва якҷоя бо мақомоти дахлдор тавассути техника як қисми онро ҳамвор карда, ин амалро пешгирӣ намудем. Ҳамчунин соли 2000-ум барои Қалъаи Ҳисор сертификат таҳия кардем, вале соли 2008-ум 66 садяки онро  масъулини ноҳия сертификат намуда, ба нафари дигар доданд, ки онро метавон танҳо ба воситаи суд ҳал кард.

-То таҷлили 3000 — солагии Ҳисор муҳлати кам мондааст. Кори таъмиру таҷдиди ин қалъаи машҳур дар кадом сатҳ аст?

-То ибтидои асри XX ин мавзеи таърихӣ, ки ҳоло Қалъаи Ҳисор мегӯянд, аслан шаҳр буд. Замони шӯравӣ нисфи мардум ба Душанбе, қисми дигар ба ноҳияҳои атроф кӯч бастанд ва ин шаҳре, ки дар асри дувоздаҳ 17 гектар заминро ташкил медод, тақрибан аз байн рафт. Дар ҳоли боқӣ мондан, симои зоҳирии ин шаҳр боз ҳам зебо мешуд.

Тавре маълум аст, соли 2015 бо Қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3000-солагии Ҳисор таҷлил мешавад. Дар ин самт аз рӯйи ҳашт лоиҳа ёдгориҳои таърихии қалъа қисман тармим мешавад ва чунин барқарорнамоӣ ҳамагӣ  ду фоизи масоҳати умумиро дар бар мегирад. Имкони гузаронидани корҳои тадқиқотии археологӣ дар масоҳати 16 гектари боқимондаи ин мамнӯъгоҳ низ вуҷуд дорад, ки бояд марҳила ба марҳила сурат гирад. Бо вуҷуди баҳсу мунозираҳо дар мавриди барқарорнамоии ёдгориҳои таърихии Қалъаи Ҳисор, ҳоло корҳои тармимӣ қисман дар Қасри ҳоким, дохили қалъа, растаи ҳунармандону косибон дар асри X- XII, девори 80  -метраи аз хишти пухта, майдони Наврӯзгоҳ (амфитеатр), чашмаи таърихӣ ва дарвозаҳо идома дорад.

-Аз замони соҳибистиқлолии кишвар чанд ёдгории таърихии кишвар вориди рӯйхати ЮНЕСКО гардид ва кадом ёдгориҳо дар навбат аст?

-Дар замони соҳибистиқлолии кишвар ёдгории 5500 -солаи Саразм вориди рӯйхати ЮНЕСКО шудааст. Ҳоло аз ҷониби кормандони шуъба барои ҷоизаи «Ёдгориҳои Осиёи Марказӣ дар Шоҳроҳи Абрешим» ҳашт ёдгории нодири кишвар пешниҳод гардида, санаду ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои ворид намудани онҳо ба Феҳристи умумиҷаҳонии фарҳангии ЮНЕСКО таҳия шудаанд. Шаҳраки Панҷакенти қадим, шаҳраки Бунҷикати қадим, Қалъаи Ҳисор, дайри буддоии Аҷинатеппа, мадрасаи Хоҷа Машҳад, шаҳраки Тахти Сангин, шаҳри Ҳулбук ва Қалъаи Ямчун аз ҳамон ҷумлаанд.

-Дар заминаи ҳифзу нигаҳдории ёдгориҳо ҳоло чӣ мушкилӣ вуҷуд дорад?

-Яке аз мушкилиҳои аслии мо дар набудани Корхонаи истеҳсоли маводи таърихӣ аст. Масалан, ҳанӯз ҳам баъзе плиткаҳоро аз Ҷумҳурии Исломии Эрон меорем ва онро бо андозаи таърихӣ ороиш медиҳем, то шакли таърихӣ гирад. Дар ҳоли мавҷуд будани чунин корхона истеҳсоли хиштҳои таърихӣ дар дохили кишвар фароҳам меояд. Онро Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои худ алоҳида наметавонад бунёд намояд. Дар ҳоли рафъ шудани ин масъала 90 фоизи мушкилиҳо дар самти таъмиру тармими ёдгориҳои таърихӣ роҳи ҳаллашонро пайдо менамоянд.

Хайруллои АБДУВАҲҲОБ, «Садои мардум»