Аз рӯзгори одамони наҷиб

Эй Худо, Исмоили нав офаридӣ дар Аҷам

№33 (3513) 08.03.2016

Дар ту, диёрам, асли баҳор аст,

Ҳар чор фаслат, фасли баҳор аст.

 Эй Тоҷикистон, ҳастӣ гулистон,

 Ҳастӣ гулистон, эй Тоҷикистон.

ГУЛОМ ЧУМАЕВИн ду байт аз шеъре иқтибос гардида, ки имрӯзҳо аз ҷумлаи сурудҳои писандидатарин маҳсуб мешавад. Хусусан, дар иҷрои овозхонҳои маҳбубу мумтоз Амриддини Кабир ва Ҳабибулло Бекзода хеле дилнишину ширадор садо медиҳад.

Ин сурудро овозхонҳои дигар низ замзама мекунанд, аммо дар иҷрои ҳунармандони номбурда шунидани он лаззати дигар дорад. Ба тавсифи шуҳрати ин таронаи дилпазир ҳоҷат нест, зеро мухлисонаш хеле зиёданд ва аён аст, ки аз қаъри дил баромада, ба дилҳо маскан гирифтааст. Аммо на ҳама мухлисон медонанд, ки ин шеъри ватанпарваронаву дилнишин маҳсули килки шакарини кист?

Он ба қалами шодравон Ғулом Ҷовид  (Ҷумъаев), собиқ котиби якуми Кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи Нуробод (собиқ Комсомолобод)  тааллуқ дорад ва аз ӯ як китоби ашъор низ боқӣ мондааст.

Шодравон Ғулом Ҷумъаев воқеан ҳам роҳбари оқилу кордон буд. Вақте ӯ аз вазифаи котиби якуми Кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи Қалъаи Хумб (ҳоло Дарвоз) ба вазифаи котиби якуми Кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи Комсомолобод (ҳоло Нуробод) гузаронида шуд, дар вохӯрии аввалин бо сокинони ноҳия халқро ба корнамоиҳо даъват намуд.

Ӯ овозаҳоеро, ки гӯё ноҳия вайрон мешавад, рад кард ва фаҳмонд: баръакс, ин диёр ободтару шукуфотар мегардад. Мақсад аз ин даъват дар он буд, ки чандин сол боз бо сабаби дар минтақаи зериобмонии НБО «Роғун» қарор доштанаш роҳбарияти Иттиҳоди Шӯравӣ дар маркази ноҳия  сохтмонро манъ намуда буд. Ғулом Ҷумъаев ҳар чӣ, ки дар вохӯрии аввалин гуфт, амалӣ намуд. Чанд иншоот бунёд кард, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро боло бурд. Дар ҳама соҳа пешравиҳо ба даст омаданд. Аммо ду корнамоии ӯ фаромӯшнопазир аст.

Дар замони роҳбариаш ноҳия аввалин ва охирин бор дар таърихи мавҷудияташ ғолиби мусобиқаи сотсиалистии умумииттифоқӣ  дониста шуда, бо дипломи КМ КПСС, Президиуми Шӯрои Олӣ, Совети Вазирони СССР, Иттифоқи  касабаи умумииттифоқ ва КМ ВЛКСМ сарфароз гардонида шуд.

Ин комёбии беназирро раиси вақти Комиҷроияи шӯрои депутатҳои халқи ноҳия Валӣ Табар, ки дар ин пирӯзӣ саҳми ӯ низ калон аст, чунин ёдоварӣ мекунад:

- Соли 1983 буд.  Роҳбари ноҳия Ғулом Ҷумъаев маро вазифадор намуд, ки барои иштирок дар мусобиқаи умумииттифоқӣ ҳуҷҷатҳоро омода созам. Супоришро иҷро намудам.

Баъди санҷиши саҳеҳи роҳбари аввал онҳоро пешниҳод намудем ва дар миқёси Иттиҳоди Шӯравӣ ғолиби мусобиқа гардидем. Дастовардҳо воқеан ҳам рӯҳбахш буданд. Мо ба давлат 2500 тонна шир, 960 тонна гӯшт, 55 тонна асал, 50 тонна чормағз, 115 тонна пилла, 45 ҳазор дона тухм, 6000 тонна картошка, 2500 тонна мева, 80 тонна пашм, 120 тонна сабзавот супоридем. Саршумори чорво низ хеле афзун шуд.

Комёбии дигар он буд, ки дар Фестивал — озмуни «Бӯстон» санъаткорони ноҳия дар минтақаи Рашт ҷойи аввалро ишғол намуданд. Бадеҳаи «Бозубанд» ва саҳнаи «Ашагулон», ки маҳсули ҳамин фестивал-озмун буданд, ба барномаи ансамбли ҷумҳуриявии «Ганҷина» дохил шуда, дар чандин озмуни байналмилалӣ сазовори мукофот гардид. Бояд ёдовар шуд, ки сарвари ноҳия Ғулом Ҷумъаев барои иштироки  санъатдӯстони ноҳия ба ин озмун роҳбару маслиҳатгар буд.

Ғулом Ҷумъаев аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон меболиду шукр мекард, ки миллат дар шахси Эмомалӣ Раҳмон Пешвои оқилу хирадманд дорад, ки Тоҷикистонро ба Ваҳдатистон мубаддал месозад ва ин байт аз шеърест, ки шодравон Ғулом Ҷамъаев дар ситоиши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд:

Эй Худо, Исмоили нав офаридӣ дар Аҷам,

Ҳамчу ӯ як оқили нав офаридӣ, дар Аҷам.

Воқеан  ҳам, истиқлолияти кишвар ба ӯ болу пари эҷодӣ бахшида буд. Чунонки ишора шуд, аз файзи истиқлол китоби ашъораш аз чоп баромад, ки рӯзи ба дасташ расидани онро рӯзи беҳтарини ҳаёти хеш мешуморид. Ғулом Ҷовид (Ҷумъаев) солҳои охири ҳаёташ директори хоҷагии «Чилдара» буд ва ҳамин айём дар як рӯзи баҳорӣ дилаш аз тапидан монд.

Аз бойгонии идораи рӯзномаи «Нури Нуробод» ду сурати ӯро пайдо намудем. Яке сурати алоҳидаи ӯ буд, ки бо дастхат ба сармуҳаррир (2 марти соли 1984) ҳадя шудааст ва дигаре бо ҳамроҳии котиби дуюми Кумитаи ҳизби коммунисти ноҳия В.П. Смородинов ва муаллифи ин сатрҳо.

Сурати дуюм дар рӯзи ҳашари калон, замони бунёди канал дар ағбаи Хартизи деҳоти «Самсолиқ» (ҳоло Сафедчашма) аксбардорӣ шудааст.

Канали Хартиз, ки бо ташаббус ва талошҳои Ғулом Ҷумъаев бунёд гардид, бисёр заминҳои бекорхобидаро обшор кард ва ба рушди соҳаи картошкапарварӣ мусоидат намуд. Бисёриҳо аз бунёди ин канал ёдоварӣ карда, мегӯянд, ки лоиҳаи канали мазкурро  худи Ғулом Ҷумъаев кашида буд.

Боре Кумитаи марказӣ ӯро барои санҷиши рафти иҷрои шартҳои мусобиқа ба РСС Озарбойҷон фиристод. Пас аз чанде ба воситаи барномаи иттилоотии «Время»-и телевизиони ИҶШС (СССР) мусоҳибаи ӯро пахш карданд. Дар байни пахтазор истода, бурду бохти деҳқонони озариро таҳлил менамуд, гумон мекардед, ки солҳои сол ба пахтакорӣ машғул бошад.

Баъди бозгашташ аз ӯ пурсидам, ки шумо чанд сол ба пахтакорӣ машғул будед? Хандид ва гуфт, ки агар ақли солим бошад, дар ҳама соҳа сиёҳро аз сафед фарқ кардан мумкин аст.

Дар шоҳмотбозӣ маҳорати баланд дошт ва ин ҳунари худро низ баҳри рушди ноҳия истифода мебурд. Бо меҳмонони аз марказ омада бо шарт бозӣ мекард: — Агар ман бохтам, марҳамат, шартатро бигӯ. Агар бурдам, аз фонди вазорат ба ноҳия кумак мерасонӣ. Чанд техникаи соҳаи кишоварзӣ самараи ҳамин бурдҳои Ғулом Ҷумъаев мебошанд.

Ғулом Ҷумъаев як фидоӣ дар ҷодаи хизмат ба халқу Ватан буд. Ин сарсупурдагии ӯ вақти аз вазифаи роҳбари аввали ноҳия ба дигар вазифа гузаронда шуданаш бармало аён шуд. Шахсе, ки дар ду ноҳия солҳои тӯлонӣ  роҳбари аввал буд, дар ягон ҷой хона надошт. Мувофиқи муқаррароти вақт ӯ бояд баробари аз вазифа рафтан хонаро месупорид, зеро он хизматӣ буд. Ин масъаларо роҳбари нави ноҳия А. П. Говорков, ки шогирди содиқи Ғулом Ҷумъаев буд, оқилона ҳал намуд. Ӯро сардори хоҷагии «Чилдара» таъин кард ва дар ҳамон ҷо хона дод.

Халқ дӯсташ медошт. Дар ҳозиру ғоибаш корҳои неки ӯро ситоиш мекарданд. Шодравон Ғулом Ҷумъаев эҳтироми халқро арҷ мегузошт. Чун шеърашро мехонданд ё таъриф мекарданд, хурсанд мешуд ва рӯҳу илҳоми тоза мегирифт.

Ҷумъа Қувватшоир