Эй хушо Наврӯзу оини баҳор

№39 (3833) 29.03.2018

Наврӯз ягона ҷашнест, ки бо амри табиат ба миён омада, фарҳангҳо, динҳо ва мардуми гуногуннажодро ба ҳам пайваста, чун рамзи рафоқат, равшанӣ, баробарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳу дӯстӣ шинохта шудааст. Тибқи хусусият ва муҳимият Наврӯз дар байни одамони синну сол ва табақаҳои гуногун тухми эҳтирому якдигарфаҳмӣ ва таҳаммулпазириро мекорад. Ба дигар маънӣ, Наврӯз  майдони муколамаи байнифарҳангӣ ва баҳамоии инсон ва табиат аст.

Наврӯз ҷашни оммавии халқу миллатҳои гуногун ба ҳисоб рафта, мардум­ро ба ҳам мепайвандад. Байни мардум бо мурури замон риштаи бародарӣ пайдо мегардад. Маҳз ин падида шахсро водор месозад, ки гуногунии фарҳангӣ, умумияти мардуми гуногуннажод ва ягонагии эҷодиёти инсон ва табиатро эътироф намояд.

Таҷлили Наврӯз маросими бошукӯҳ ва беҳамтоест, ки аз қаъри асрҳо ба мо расидааст. Он рамзи ғалабаи равшанӣ бар торикӣ, гармӣ бар сардӣ, некӣ бар бадӣ, тозагиву покизагӣ бар фасодӣ ва инсонпарварӣ бар золимӣ мебошад. Наврӯз рамзи бедоршавии табиат, гулгулшукуфӣ, ҷавонии ҷаҳон ва башарият аст. Идест, ки ба мардум аз эҳёи табиат, зиндашавии он соли нав мужда медиҳад.

Наврӯз куҳантарин идест, ки бо вуҷуди таърихи 5000-сола доштан, ҷавону дилкаш ва диққатҷалбкунанда мондааст, зеро таҷассумгар ва гирдоварандаи суннатҳо ва арзишҳои миллист, ки дар сарзамини тоҷикон бо рангу тобиши аслӣ боқӣ монда, аз насл ба насл расидааст.

Хушбахтона, тайи 27 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои  миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои зиёд барои эҳё ва таҷдиди Наврӯз ба анҷом расонида шуд. Аз ҷумла, соли 2009 аввалин маротиба аз ҷониби коршиносони тоҷик масъалаи ба рӯйхати ҷашнҳои умумиҷаҳонии СММ ворид гардидани Иди Наврӯз пешниҳод шуд. Сипас, бо талоши Президенти кишвар ва сарони чанде аз давлатҳои ҳавзаи Наврӯз,  19 феврали соли 2010, тибқи Қатъномаи Маҷмаи умумии СММ, Наврӯз ҳамчун Иди байналмилалии умумибашарӣ эълон гардид ва Тоҷикистон ба рӯйхати давлатҳои ташаббускори он дар СММ сабти ном шуд.

30 сентябри соли 2009 бо ташаббуси давлатҳои аъзои Конвенсияи байналмилалӣ «Оид ба ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангӣ», дар баробари 76 объекти фарҳангӣ «Наврӯз» ба Рӯйхати мероси ғайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО номнавис шуд ва дар ин робита қатъномаи махсус қабул гардид. Ҳамчунин, соли 2010  Конвенсияи зикргардида аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶумҳурииТоҷикистон ба тасвиб расид.

Маҳз, ҳамин конвенсияву қатъномаҳо шароит фароҳам оварданд, ки Наврӯзи Аҷам баъди ҳазорсолаҳо, на танҳо дар дохили давлатҳои алоҳида, балки дар дунё ҳамчун иди замонавӣ ва тоза бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил гардад.

Соли 2015 Рӯйхати мероси ғайримоддии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати кишвар тартиб дода, ба рӯйхати пешакии ЮНЕСКО барои баррасиҳои минбаъда  пешниҳод карда шуд.

Сохтмони «Наврӯзгоҳ»-и барҳавои Тоҷикистон ҳамчун майдони махсус ба истифода дода шуд, ки нишонаи таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати кишвар ва арҷгузорӣ ба ин иди аҷдодист.

«Кохи Наврӯз» дар Осиё ва ҳатто дар дунё ҳамчун намунаи санъати шоҳкории олӣ аз суннатҳои кандакорӣ, санъати чӯбтарошӣ ва оинабандӣ эътироф гардида, аз мероси бою ғании тоҷикон дарак медиҳад ва намунаи олии арҷгузорӣ ба суннатҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардуми тоҷик дониста мешавад.

Замони муосир замони ҷаҳонишавӣ аст ва дар ин асри пуртазод ҳимоя аз суннатҳои аҷдодӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати Давлат ва Ҳукумати кишвар ва аз ҷониби дигар, арҷгузорӣ ба суннатҳои миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб меравад.

Маҳз ҳамин расму оин, маросим ва анъанаҳои махсуси наврӯзӣ, ки аз насл ба насл то ба имрӯз расидаанд, рӯз то рӯз таваҷҷуҳи ҳукуматҳо ва қишрҳои гуногуни ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб намуда, Наврӯз ва ҳикмату фалсафаи онро ба мавзӯи таҳқиқии марказҳои илмии ҷаҳон табдил додааст.

Аз ин рӯ, муҳаққиқони тоҷикро мебояд, ки дар бораи тобишҳо, рамзу розҳо, паёмҳо ва рукну оинҳои Наврӯз, ки дар кишвар ҳукмфармоянд, бо забонҳои гуногун асар офарида, онро бо оину суннатҳо дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд.

Дар айни ҳол эълон гардидани соли 2018 ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз тарафи Пешвои миллат василаи хубе барои эҳё ва рушди анъанаву ҳунарҳои қадимаи мардумӣ буда, имконияти олии муаррифии урфу одат ва анъанаҳои асили мардуми тоҷик ба ҷаҳониён мебошад.

Шаҳлои Рустам